ҲИСОБОТ-2023

1 гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон…

 

Пролог

08.09.08-08.09.23. СССР ягона газета, на танҳо дар кишвар, ки дар тамомии ҷаҳон ва дар ҳама давру замонҳост, ки ҳамасола, рӯзи таъсисаш ба хонандаи сарсупурда ва ҳамешагии худ ҲИСОБОТ медиҳад. Ба вежа имрӯз, ки мо 15-солагиро пур кардаву ба 16, ба синни балоғат қадам мениҳем. Ва медонед чаро? Не, аввал ин ки мо муваззафем ба бародарони ҳамандешаи худ, аъзои Ихвон ал СССР, ки ҳар ҳафта 3 сомонӣ харҷ кардаву газетаро харидаву моро мехонанд, рапорт диҳем, нони худро ҳалол кунем ва ана баъдаҳу чизе, ки фикр кардӣ, хонанда, оре, аккурат, Мо Метавонем!

Дар ин 15 сол, баробар ба 5479 рӯз, 782 ҳафта, 131496 соат, 7 млн 889 760 дақиқа, 473 млн 385 600 сония/таппиши дил, мо аккурат 780 бор нашр шудаем. Чаро 728 шумора неву 780, яъне на баробар бар ҳафтаи моҳҳо? Зеро 2 ҳафтаро солшуморӣ «хӯрдааст», зеро таври маълум бархе солҳо 365 рӯзанду баъзе 366 рӯз ва 2 бор рӯзи панҷшанбе, рӯзи нашр, дар тули ин 15 сол, ба ҷашни Наврӯз рост омада, нашарот дар таътил буданд. Аммо таври маълум мо пасон ин рӯзҳоро ҷуброн кардаем. Хонандаи ҳамешагии мо, ки теъдодашон хеле бузург асту тӯли ин ҳама солҳо ба мо содиқ мондаанд, ин моҷароро нек дар хотир доранд. Мо метавонем!

Дар ин 15 сол СССР 775 сармақола навиштаву дар ин гирудорҳои сиёсӣ ва глобалполитикизатсияи ҷаҳонфарогир аз манофеи Миллат, Ватан ва Давлати Тоҷикон бо имзои худ пуштигирӣ кардааст, коре, ки дар дигар расонаҳо, ҳатто расмӣ, кам мушоҳида мешуду мешавад! Танҳо мо 4 бор саҳифаи 2 ё худ мавзеъи сармақола, ба таъбири ҳунарманди мардумии саршинос-раҳматии Убайдулло Раҷабов «передовица»-ро бар дигар муаллифон вогузор намудем. Зеро матлаби ишон хонданитар аз навиштаҳои сардабир буданд. Мо метавонем!

Дар ин 15 сол Ҷамилабону бо раъси коргарони СССР-Умари Шерхон, А. Собир, И. Маҳмудҷонов, Н. Қосимзода, О. Достиева, Б.Сайфулло, Сафват Бурҳонов, Раҷаби Мирзо, Х. Фозилов, А. Иброҳим, С. Фаррухшоев,  Ш. Амин, А. Сангов, Сайёд Ғаффор, Шоираи Раҳимҷон, Ш. Давлатов, Ситораву Исмоил, Шуҳрат, Нурулло, Ориф, Шокир Наим…Раҳими Ашроф, Аслиддин Достиев, Одинашо Муродов, Бахтиёр Сафаров, Шарифи Мисайзод, Меҳрубон Салимшоев, Иқбол Тешаев, Меҳрӯзиддин Болтаевва 30 хабарнигори мардумии СССР, 127 муаллифи доимӣ ва 3120 муаллифи лаҳзавӣ дар хидмати хонандаи худ буданд, ки ҳалолашон бод. Мо Метавонем!

Дар ин 15 сол мо аккурат 780 матлаби таърихӣ ва ҳамин миқдор мақолаи таҳлилӣ дар саҳафоти тағйирнопазири худ, дар саҳифаҳои 3-4 нашр кардем. Дар ин самт махсусан хизмати шоистаи Ҷамила Ҳусейнова, Омирона Достиева, Баҳодур Уроқов, Аслиддин Достиев, Нуриддин Қосимзода ва Беҳрӯзи Сайфуллоро бояд таъкид кард, ки доди сухан доданд. Меҳрубон Салимшоеви камназирро дар ин самт устод Умари Шерхон иваз кард, ки фикр мекунам бар сифати саҳифа афзуд. Гузаштагонро Худо биомурзад, ки воқеан ҳам дар хидмати ту, хонандаи ин сутур қарор доштанд. Пасмондагонро дуо бикун, ки дар паноҳи Иззату Икромаш бошанд. Мо Метавонем!

Дар ин 15 сол 3093 нафар меҳмони газетаи мардумӣ шуда (бархе, ки такроран буданд, мо ҳисоб накардем), ҳудуди 400 проблемаи ҷамъиятиву маишӣ ва сотсиалиро матраҳ сохтанд. Мо усулан мушкили хонаводагӣ, фардӣ ва индивидиро кам нашр мекунем. Меҳмонхонаи мо барои афродест, ки дарди ҷамъиятро мегӯянд. Ва тибқи таҳлилҳо аксарияти мавзуъҳои бардоштаи меҳмонони мо матраҳ ва баррасӣ шудаву ҳаллу фасл гаштаанд.

Дар ин 15 сол 17160 нафар ба гӯшаи «СССР гӯш мекунад!» занг заданд ва мо 5070 зангро садогир, ҳуруфчинӣ ва нашр кардем. Ин зангҳо низ усулан ба мушкили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва давлатсозӣ тааллуқ доштанд.

Дар ин 15 сол СССР 9360 СМС-паёмаки шуморо филтр кардаву арзандатарини онҳоро аз миёни 14040 паёмак интихоб, нашр ва пешкаши хонанда намуд.

Дар ин 15 сол мо 1560 сурат-носталжи ва аниқ…дотҳои дар редаксия ва миёни адабпарвардагон рухдодаро ба риштаи тасвир кашидем, ки фикр мекунам, лаззат ҳам бурдӣ, хонандаи гиром. Мо Метавонем!

Дар ин 15 сол саҳафоти 8,9,10,11, 12 табиист, ки тағйир меёфтанд. Вале 7 саҳифаи мо, чун «сеткаи журналистикаи професионалии СССР-шуравӣ» бе тағйир мерафт, ки муяссари ЯГОН газетаи дигар нашудааст (бошад мисол оред ва мо нашр мекунем)! Мо метавонем!

Дар ин 15 сол ҳудуди 2730 матлаби таърихии бахшида ба солҳои 1920-30, ба масале даврони босмачигарӣ, дар саҳ-13 нашр ва мушкили он даврон матраҳ шудааст. Баҳсҳои тундтари хонандагони мо маҳз дар ҳамин саҳифа печида, анқариб бо занозании лафзӣ хатм мешуданд. Вале мисли варзишкороне, ки аз майдон раванд, ғолибу мағлуб дасти ҳамдигариро мефишоранд, муаллифони муаддаби мо низ, баъди ҳар баҳс, бо ҳам унс мегирифтанду дӯст мешуданд. Миссияи СССР низ таблиғи дӯстиву рафоқат миёни Тоҷикон аст. Мо метавонем!

Дар ин 15 сол 3120 маротиба аз аҳли ҳунар, фарҳанг, кинову театр ва удабо ёд карда, осори шуарои клоссики адабиёти советиро кам-камак, вале пайваста нашр сохтем, то ба олами фаромӯшӣ нараванд. Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Миршакар, А. Сафар, Қ. Киром, Лоиқ, Бозор, Қаноат, Гулназар, Н, Қосим, Гулрухсор, Хосият, Фарзона, Гурез Сафар, А. Зевар, Шуҳрат Шоҳ, Д. Сафар, О. Раҳмон, И. Зарифӣ…пайваста меҳмони мо буданд.

Дар ин 15 сол мо беш аз 613 маротиба таронаву гуфтумонҳои артисти халқии СССР Ҳошим Гадоро чоп кардем. Аз мо дида, танҳо 1 кас бештар дар ин маҳдудаи даврӣ чизе нашр кардааст. Ҳамоно Ҳошим Гадо, ки теъдоди осораш марзи 650 китобро убур кард!!! Офаринаш бод. Ҳар нафаре 1 бор газета нашр кардаст, медонад, ки чопи китоб 1001 баробар заҳматталабтар аст. Бар Ҳошим танҳо бояд қарс заду аҳсант фиристод. Брависсимо, устод!!! Мо Метавонем!

Дар ин 15 сол дар саҳафоти ГМ (газетаи мардумӣ) мо 5460 мақолаи муаллифони доимӣ ва хабарнигорони мардумӣ (ХМ)-ро нашр кардем, ки билкулл барои ҳаллу фасли проблеми гуногуни соҳоти зиндагонӣ бахшида шудаанд.
Дар ин 15 сол, дар «Саҳифаи Раисон», ки масъули билоивазаш Ҷамилаи Мақсуд аст, 3900 маротиба раисону вазирону масъулини ҳукумату вазорату кумитаҳои калидӣ мавриди танқиду сарзаниш ва баъди ислоҳи вазъ ситоиш қарор гирифтанд…

               Эпилог

Ва баъди ин ҳама кӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон озодии сухан нест? Ҳаст! Вале дар чорчӯбаи қонуну қавоиди ҶТ. Ва ҳар касе бовар надорад, марҳамат, бастаҳои газетаи СССР дар ихтиёраш. Варақ занад ва бо чашми сар бубинад, ки… Мо Метавонем!

Ва ин ҳама дар пасманзари дастгириву пуштигирии хонандагони азизи мо, ки якоякатонро СССР дӯст медорад ва иззат иқрор аст. Ҳар яки шумо дар алоҳидагӣ МО мешавед ва он гаҳ пас Мо Метавонем!

Ҳамонгуна, ки Шарифи Мисайзод замоне гуфта буд:

«Мо»-и ӯ садҳо ҳазорон «Ман» бувад,

Орӯву дарди ғами Меҳан бувад.

Мерасад бар доди «Мо»-ву «Ман» яқин,

З-он, ки ёри «Мо»-ву ёри «Ман» бувад!!!

Ва бо такя бар ҳамаи хонандагони худ, СССР бо забони Озар мегӯяд:

Сутун бар Боми Миллат қомати мост,

Ва медонӣ, чаро? Мо Метавонем!!!

Ва аз ҳама охир:

…Чида нашуд бе мадади дӯстон,

1 гули мақсуд дар ин бӯстон…, ки номаш СССР аст.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube