ВАЗИР МАРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД!

17.08.2023.  1 рӯз пеш аз иди касбии табибон бо духтарам Ҳадя ва дӯстонам нависандаи хушбаён Абдурофеъ Рабизода, профессор Шоҳзамон Раҳмон ва мухбири суратгири дар нафақа буда Тӯхтамурод Рӯзиев дар ошёнаи дуюми барҳавои чойхонаи овозадори «Роҳат» суҳбаткунон, хӯроки чошт тановул доштем. Пас аз лаҳзае адиб Абдурофеъ Рабиев хушбошӣ карда, ба манзили истиқоматиаш рафт. Дере нагузашта намедонам бо чӣ иллате саломатии ман рӯ ба таназзул оварда, баданамро арақи сард пахш кард ва ман беҳуш шудам. Ҳангоме, ки чашм кушодам болои сарам табибон – нозанинони бадахшониро дидам, ки бо лаҳни ширин ва муомилаи ғамхорона набзу фишори хунамро санҷида, чанд дору нӯшонда, пас аз беҳтар шудани ҳолати руҳиям хушбошӣ карда рафтанд. Онҳо ба машинаи «ёрии таъҷилӣ» нишаста рафтанд. Чӣ мегӯед, ки пас аз даҳ дақиқаи тарки табибон ҳолати саломатии ман боз ба куллӣ бад шуда, болои фарш афтидам.

Хуллас, пас аз 1 соат тамоман ба худ омадам ва болои сарам дӯстонам Шоҳзамон Раҳмон ва Тӯхтамурод Рӯзиевро дида, пурсидам, ки ба ман чӣ ҳодиса рӯй дод.

– Фишори хунат якбора афтид ва агар вазири тандурустӣ он ҷо намебуд кайҳо ҷон ба ҷаббор месупоридӣ. Бо даъвати саривақтии вазири муҳтарам, ки 2 маротиба машинаи «ёрии таъҷилӣ» омад ва бахтат баландӣ карда, ту аз марг раҳо ёфтӣ, – гуфт Тӯхтамурод. – Дафъаи охир вазири муҳтарам қотеъона супориш дод, ки туро ба қабулгоҳи «Шаҳраки тиббӣ» баранд ва аз муоина гузаронанд. Ҳамин нуктаро дӯсти дигарам профессор Шоҳзамон Раҳмон низ такрор кард ва афзуд, ки нақлу ривоятҳо дар бораи поквиҷдонӣ ва инсондӯстии вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозодаро бо чашми сар дидем.

Умратон дароз бод, муҳтарам Вазир!

Зариф Ғулом,

адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube