01.09.2023. Дар рӯзи аввали соли хониш дар деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мактаби №23 пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 – деҳаи Ғиҷовак, ҷамоати деҳоти Пушинг соли 1989 дар масоҳати 23418 м2, аз он ҷумла зери сохтмон 2376м2 барои 640 ҷойи нишаст дар 1 баст сохта, ба истифода дода шуда буд. Муассиса аз 2 толор ва ошхона иборат буда, масоҳати зали маҷлисгоҳ 150 м2 барои 120 ҷойи нишаст, масоҳати зали варзишӣ 200 м2, масоҳати ошхонаи муассиса 250 м2 барои 60 ҷойи нишастро дар бар мегирад.

Дар 33 сол муассисаи мазкур ягон маротиба аз таъмири асосӣ бароварда нашуда, болопӯши он бетонӣ буда, солҳои охир обгузарон шуда, ошёнаи дуюми муассиса дар натиҷаи боришоти зиёд корношоям гардида, пурра таъмирталаб гардид. Ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва шабакаи гармидиҳии муассиса даҳсолаҳо инҷониб фаъолият надошт.
Имсол бо дастгирии МИҲД ноҳияи Данғара ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманди деҳа, алалхусус Шоҳрух Саидзода, яке аз ҷавонмардони босаховати кишвар муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Маблағи умумии таъмири муассисаи мазкур зиёда аз 9,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар 2 баст пешбини гардидааст. Мактаб аз 25 синфхона, 4 кабинети фаннӣ (компютер, физика, химия, биология), лаборатория- 4 адад, ҳуҷраи табиб, муҳосибот, бойгонӣ, маъмурият, утоқи сарпешоҳанг, хонаи омӯзгорон, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой иборат мебошанд. Синфхонаи компютерӣ бо 20 адад компютер, кабинетҳои фаннӣ бо 2 адад тахтаи электронӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд.
Дар саҳни муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, баскетбол омода гардида, гармидиҳии муассисаи таълимии мазкур пурра барқарор карда шуда, дар он буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имконияти тамоми ҳуҷраҳоро бо ангишт гарм нигоҳ медорад, насб карда шудааст.
СССР
