Б.ҒАФУРОВ: 8 МОҲ БЕ НАФАҚА…

Салом ба СССР-и азиз! Нахуст мо ҷамъи дӯстон мехоҳем аҳли эҷоди газетаи мардумиро бо рӯзи таваллуд – 09.09.08 табрик намоем. Ба кулли кормандони газета бурдборӣ ва комёбӣ орзумандем. Қаламатон ҳамеша сабз бод!

Дигар ин, ки мо наздики 800 нафар нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои бесаробонмонда, аксар сокинои ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов аз моҳи феврал инҷониб нафақаи худро аз шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия гирифта наметавонем. Гап сари он аст, ки раҳбарияти ин Агентӣ дар вилояти Суғд ва раиси шуъбаи он дар н.Б.Ғафуров Фурқат Аминов моҳи феврал бозҳисобии нафақаро гузаронида, моро огоҳ накарданд. Мегӯянд, ки ба воситаи матбуот ва ТВ дар ин бора эълон пахш кардаанд, вале мо мусафедону пирони барҷомонда аз ин бехабар мондем. Қаблан аз шуъбаи мазкур занг зада, огоҳ мекарданд, аммо ҳоло бо омадани раҳбарияти нав ин мукотибот аз байн рафтааст.

Тасаввур кунед, ки баъзе оилаҳои бесаробонмонда, ки рӯзгорашон маҳз бо пули нафақа мегузашт, аз моҳи феврал инҷониб онро гирифта наметавонанд. Агар ба шуъба равӣ, кормандонаш мегӯянд, ки ба шарте бозҳисобӣ мекунанд, ки 2 моҳи нафақаро ба онҳо бахшем…

Ман намедонам Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куҷо менигарад!?

Бобо Сангинов,

ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов,

н.Б.Ғафуров

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube