ФАРХОР: ИСТГОҲҲОИ НАВ БО МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ

Симои Фархор  ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рӯз то рӯз зебою диданӣ гашта истодааст. Биноҳои хуштарҳу замонавии серошёна, муассисаҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаи маориф ва илми ноҳия, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти зебою замонавӣ ба симои ноҳия ҳусни наву тоза мебахшанд. Мардуми заҳматкашаш бошад, дар якҷоягӣ бо соҳибкорони бонангу номуси маҳаллию ватанӣ баҳри боз ҳам шукуфо гаштани диёри хеш шарафмандона меҳнат карда, ноҳияро ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи Тоҷикистон табдил дода истодаанд.

Чанде қабл бо ташаббуси раиси ноҳия Зариф Назирӣ истгоҳҳои аз даврони шуравӣ мондаро бо тарзи наву замонавӣ сохта, дар шафаташон маркази хизматрасониро ҷой доданд, ки ба чашми бинанда хеле зебою дилкаш менамояд.

Боиси зикр аст, ки имрӯз дар ҳудуди ноҳия 5 тарабхона, 10 чойхона, 1 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 50 адад ёдгории таърихӣ, 11 маркази хизматрасонии бонкӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 осоишгоҳи  “Насими Фархор” ва дигар муассисаҳои  фарҳангиву маишӣ фаъолият намуда истодаанд.

Нуралӣ Ҳақназар,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube