Шурӯъ аз ахири моҳи август ва аввали моҳи сентябр дар хоҷагиҳои деҳқонии пешқадами мамлакат мавсими нави пахтачинӣ оғоз ёфт. Ба ҳамин хотир ва шиносоии амиқ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раванди пахтасупорӣ ба корхонаҳои пахтатозакунӣ, ҳамзамон мушкилоти марди деҳқон дар ин шабу рӯз, бо супориши редаксия роҳ пеш гирифтем сӯйи ноҳияи дурдасти Қубодиёни бостон: ҳама ба пахтачинӣ!!! Ҳама бо СССР, ба саҳро…
Нархҳои номуайян
Бино ба иттилои Маъруф Раҳмонқулов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия дар ҳудуди ноҳия тибқи дурнамо 7,550 га кишти пунбадона гузаронида шуда, ҳосили пахта яъне истеҳсол бояд 17,660 тоннаро ташкил диҳад. Дар иқлими ин ноҳия пахтаҳои навъи “Мая», «Тоҷикистон» ва «Флеш» мусоид буда, кишти он хуб ба роҳ монда мешавад. Соли пор дар ноҳия нақшаи иҷроиши пахта 35 фоиз иҷро нагардида, сабабаш арзиши пасти он будааст.
– Имсол нархи 1 кг пахтаи хушсифат 6 сомону 50 дирамро ташкил медиҳад. Соли гузашта аз 12 сомони то 14 сомонӣ буд. Лекин имрӯз 6,50 то 7 сомонӣ асту лек ин рақам ҳам ҳоло дақиқ нашудааст, мегӯяд Маъруф Раҳмонқулов.
Қабулкунандаи пахта дар ин ноҳия асосан ҶДММ “Исмоили Сомонӣ” мебошад. Аз ин лиҳоз деҳқонон қисмати зиёди пахтаи ҷамъовардаи худро ба ин ширкати пахтақабулкунӣ месупоранд. Тавре дар суҳбат Мирзодавлат Сабурзода, раиси н.Қубодиён гуфт, аз 8 ҷамоати ноҳия 7 тоаш пахта кишту парвариш менамоянду дар пур кардани хирмани тиллои сафед саҳм мегузоранд.
– Заминҳои умумии корами ноҳия 12058 га дар бар мегирад. Тамоми хоҷагиҳои деҳқониҳои, ки бо заводу корхонаҳо шартнома доранд, ҳосили ҷамъовардаи худро ба онҳо мебаранду хариду фурушашон тариқи шартнома амалӣ мегардад. Вале хоҷагидорон аз он гиламанданд, ки дар сурати нарх ҳамин гуна паст боқӣ мондан, онҳо дигар тариқи шартнома бо онҳо корро ба роҳ нахоҳанд монд. Дар ноҳия бошад шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 3,100 адад наздик аст, – таъкид дошт раиси н.Қубодиён.
Хоҷагидор чӣ дард дорад?!
Ҳамроҳи раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода ва ҳайати корӣ ба хоҷагии деҳқонии Муҳиддин Эшмуминов, ки дар ноҳия яке аз хоҷагиҳои пешқадам маҳсуб меёбад, роҳ пеш гирифтем. Аз омаданамон хабардор набуданду беихтиёр аҳли ҷаамоатчигӣ ба пахтачинӣ машғул. Тавре роҳбари хоҷагӣ Э. Муҳиддин иттилоъ дод, хоҷагӣ дар ихтиёри худ 12 га замин дошта, имсол 7 га – ро пахтаи навъи “Флеш” кишт намудаанд. Хоҷагидор азм дорад, ки аз ҳар 1 га то 25 сентнер пахтаи хушсифати бозоргузар ба даст оварда, бо ин мақсад хароҷоти кардаашро рӯйпӯш намояд. Аммо оё бо ҳамин нархи паст харҷи кардаи деҳқон ҷуброн мешавад ё не, дар охири сол маълум хоҳад гашт. То ин дам чинакчиён 11 тонна пахта чинда, ба хоҷагидор супоридаанд.
Тавре зимни мушоҳида маълумамон гашт, ҳамарӯза аз ин хоҷагии деҳқонӣ то 1 тонна пахта дастрас ва сари ҳар 1 кило 1 сомонӣ пардохт мешавад. Мо бо худи пахтачинон сӯҳбат доштем ва онҳо илова намуданд, ки ҳамарӯза музди худро бе ягон камбудӣ дастрас мекунанду дар самти музди кор мушкиле надоранд. Локин мушкили асосӣ ин паст рафтани нарху навои пахта аст, ки хоҷагидоронро нигарон кардааст.
–Танҳо дар ҳолати ҳосилнокиро баланд бардоштан, метавонем фоидае ба даст орем, гуфт, М. Эшмуминов. Ба гуфтаи ӯ имсол барои пахтакорон соли хуб омад. Зеро боду ҳавои мусоид ҳам барои нашъунамои ҳосил нақши муҳим доштааст.
Заҳбурҳои пур – мушкили №1
Ин масъалаи торафт ҳалталаб ҳеҷ нест, ки ҳалли худро дар ин ноҳия ёбад. Чуноне маълумот ёфтем, дар ин хоҷагии деҳқонӣ наздик ба 8 км заҳбурҳоро бояд тоза кард. Вагарна ҳосили бо ранҷ киштаи марди деҳқон имкон дорад дар саҳро талаф ёбад. Барои кандани заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди хоҷагӣ техникаҳои гаронвазн бояд сафарбар карда шаванд. Лекин тавре Муҳиддин- ако қайд карданд, агар мо саривақт ин масъаларо ҳаллу фасл намоем ҳосили аз ин ҳам баланд моро интизор аст. Лекин барои ҳаммаи инро кандан фурсат надоштем.
Ҷамоатҳо чӣ андеша доранд?!
Барои муайян намудани ҳолати кор мо роҳ пеш гирифтем сӯйи ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлол. Раиси ҷамоат Саидова Дилрабо, ки зани бениҳоят кордон менамуд, моро пешвоз гирифта, ба суолҳои хабарнигори рӯзномаи мардумӣ посух гуфт. Раиси ҷамоат ҳам аз ин мушкилот огаҳӣ доштаасту бинобар гуфти ӯ имрӯзҳо онҳо бо Идораи беҳдошти замин ва обёрии Кофарниҳони поён ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Маркази ҳавза ноҳияи Шаҳритус асту он 3 ноҳия, яъне Қубодиён, Шаҳритус ва Н. Хусравро бо оби полезӣ БОЯД таъмин менамояд. Дар ноҳияи Қубодиён бошад, танҳо Ассотсиатсия фаъолият пеш мебараду аз ҷониби Идораи болозикр ба онҳо ягон таваҷҷӯҳ зоҳир намегардад. Худи ҳамин сол дар ҷамоат 1,300 га пахта кишт шуда, аз соли гузашта дида, имсол пахта ҳосили хуб дорад. Ба гуфти раиси ҷамоат соли гузашта нархи пахта гарон буду хоҷагидорон натавонистанд бо ҳар баҳонаи соҳибзаводон маблағҳои худро саривақт дастрас намоянд. Имсол ҳосилнокии хуб аст, аммо баъзе мушкилот пеши роҳи хоҷагидорон гаштааст.
Аслан хоҷагидорони ҷамоат бо «Хлоп-пункт»-и Қӯшачинор ва заводи Чирик ҳамкориро ба роҳ мондаанду корхонаи пахтақабулкунии аввалӣ маблағро дертар ба дасти деҳқон медодааст. Ин яке аз сабабҳои дилсардии деҳқонон шуда метавонад. Ба иқрори Д. Саидова давоми сол нархи дорувориҳои минералӣ нисбатан арзон шуда, пахта ҳам на он қадар қимат арзиш дорад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мушкилоти ин ҷамоат низ ҳамоно тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо боқӣ мемонаду ҳосилнокӣ ба ин сабаб паст мешавад. Солҳои пеш худи хоҷагиҳо азм гирифта, бо техника ва бо сузишвории худӣ ин масъаларо ҳал мекарданд. Лек бо ҳамроҳ шудани онҳо ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус кори онҳо гуё нотамом монд.
Заводҳо фиреб медиҳанд?
Давоми сафар мухбири рӯзномаи СССР роҳ пеш гирифт сӯйи бунгоҳи пахтақабулкунии Қуша-Чинор. Чуноне ки иттилоъ ёфтем нарху навои пахта дар ин бунгоҳ мисли “X” боқист. Маълум, ки барои қабули пахта ва маблағгузории он ба деҳқонон ҳануз ВАҚТ доштаанд. Бинобар сабаби наёфтани роҳбари завод мо бо корманди коргоҳ сӯҳбат намуда, хостем нархро аниқ намоем. Аммо ба гуфтаи онҳо нарх моҳи декабр муайян хоҳад шуд. Хоҷагидорону саҳмдорон шиква бар он доранд, ки чаро мо имрӯз пахта месупорему нарх баъд аниқ мешудааст?!
Пахтачинони номии ноҳия
Гулрафтор Юлдошева ҳамроҳи духтаронаш яке аз пахтачинони пешқадами ноҳия, ки дар 1 рӯз то 150 кг пахта мечинанд, ба шумор мераванд. Онҳо шукр аз он доранд, ки пули пахтаи чидаашонро ҳамарӯза хоҷагидор ба дасташон нақд медиҳад. Бо пули ба даст овардаашон камбудиҳои рузгорашонро сомон медиҳанд. Духтаронаш ҳанӯз муҳассилини мактабанд, аммо барои ёрӣ расонидан ба оила ба модарашон кӯмак мекунанд. Бояд қайд кард, ки рӯзҳои истироҳат хонандагон аз оилаҳои ҳудуди ҷамоатҳо ба пахтачинӣ мераванд.
Шахсан ёд дорам солҳои пеш ҳангоми таътил худи хонандагони мактабҳои миёна ва ҳатто донишҷӯёнро барои пахтачинӣ аз ҷониби муассисаву донишгоҳҳо сафарбар мекарданд. Аммо баъдан инкор манъ шуда, нагузоштанд хонандагон аз таҳсилу таътил дур монда, пахта чинанд. Кӯдакон дигар куҷо раванд? Бе кор назди телефону телевизору компутер мешиштанд!!! Имрӯз ба кадом хоҷагие назар накунӣ ҳатман наврасону кӯдакон ва ҷавонони мактабхонро во мехурӣ, ки пахта мечинанд. Ин хуб аст, ки дар оила кумакашон мерасанд…
Андешаи раис
Агар тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо 1 тарафи масъала бошад ба андешаи раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода нисбати дигар маҳсулот нархи пахта ин шабу рӯз хело паст фаромадааст:
– Харидорони пахтаи мо имрӯз хело зиёданд, аммо сабаби поин рафтани нарх, ки онро Биржаи Ливерпул муайян менамояду то ҳол муайян нашудааст, сабаби дилсардии деҳқон гашт. Ҳосил дар саҳро фаровон аст. Хоҷагидор талош дорад, барои беталаф ҷамъ овардани пахта ва саривақт пардохт намудани ҳаққи заҳмати чинакчиён чораҳои заруриро андешад ва хирмани тиллои сафеди ноҳияро пурбор намояд, афзуд раис.
СССР ҳам пахта чид!
Аз дидани ҳосили фаровони пахта ва бо шавқ чидани пахтачинон илҳоми мо ҳам омаду барои ёрӣ расондан ба хоҷагидор ним соат пахта чидем. Ва медонед чанд кило? Ҳаҷми ним маоши рӯзи кории СССР. Фикр мекунам шояд дар вақтҳои бекорӣ дар ин мавсим ба пахтачинӣ бароям?! Кори иловагӣ ва музди иловагӣ зарар надорад. Дар фикр мондаам. Барои имрӯз басанда аст. Муҳим ҳосил ҷамъ шаваду меҳнаткашон хурсанд. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
