Боз 1 хабари дигар, ки чанд рӯзи охир баҳсбарангез аст, ин манъ шудани фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар шаҳри Душанбест, ки мардум аз он истиқбол кард.
Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ (ба истиснои воситаҳои инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда – моли ширкатҳо, идораву сохторҳо, аз он ҷумла бурда расондан – доставкаҳо ) дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсус муайяншуда, то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад.
Қарори мазкур бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми электросамокатҳо ва электроскутерҳо, коҳиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати муътадили нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қабул гардидааст.
Татбиқи ин тасмим то фароҳам овардани шароити зарурии инфрасохторӣ идома хоҳад ёфт. Яъне, то он замоне, ки барои ҳаракати чунин намуди нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт роҳрави махсус бунёд мегардад.
26-садамаи нақлиётӣ дар 9 моҳ
Тавре ба мухбири мо дар Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе иттилоъ доданд, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки ронандагони скутерҳо ва худравҳои барқӣ (самокат) 26 ҳолати садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи чунин қоидавайронкуниҳои дағалонаи ҳаракати роҳ, мутаассифона, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии рух додани чунин садамаҳо пеш аз ҳама беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳаракат бо суръати баланд, баромадан ба самти муқобил ва идора намудани скутер аз ҷониби наврасону ноболиғон ба шумор мераванд.
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
