Имонбасавдонагузошта

Имрӯзҳо бо одамони касбу соҳа, хислату рафторҳои гуногун рӯ ба рӯ гардидан, ба қавле ду карат ду шуда мондааст. На ҳама ба санҷишҳои ҳаёт тоб оварда, дар симмати инсонӣ боқӣ мемонад. Мутаассифона, бисёрҳо мебинем, ки дар либоси тақво, табиб, низомӣ ба хотири пули ҳаром имон фурӯхтаанд. Аз дурӯғ, фиреб кор мегиранд. Вале имрӯз ҳанӯз субҳ надамида, зани зебои бо чеҳраи ориёнаи аз симояш маълум, хаста аз гиру дорҳои зиндагӣ ва бармаҳал чеҳра рӯ ба пирӣ оварда, бо рафтораш табъамро болида сохт. Бале! Агар зиндагии  бемашаққат медошт, ҳаргиз равшанӣ надамида, кӯдакони дар хоби ширинашро танҳо гузошта, дар даву ғеҷ намегардид.

Аз гардиши маъруфи “Лучоб” савори мусофирбари № 54 шудам. З сомонӣ ба ронанда дароз кардаму гуфт, ки пули майда шудан пас, ҳатман бақияро мегардонам. Дар нисфи роҳ зане савор шуд. Нишастан баробар, ба ҷавони аз афташ пулчин, ки низ аз миёнаи роҳ ҳамроҳ шуда буд, рӯ оварда гуфт, ки дина дар мусофирбаре бо рақами мазкур сафар доштам. Азбаски пули майда надоштам, 20 сомона ба дасти ҷавони пулчинак дароз кардам ва ба  тасвири қиёфаи чеҳраи ҷавон пардохт. Фикр кардам, ки чун дар мисоли баъзе ба қавле “кондуктор” – ҳои беинсоф, ки махсус, барои фаромӯш намуда, бақия нагирифта рафтани мусофирон бо баҳонаи надоштани пули майда, ба мардумфиребӣ машғуланд, ин зан ҳам фиреб хӯрдааст. Аз давоми қисса фаҳмидам, ки баръакс. Ҷавони пулчинаки зан мегуфтагӣ аз иштибоҳ чӣ хеле карда, ки ба зан 30 сомонӣ бақия баргардонида будааст. Зан дар хона ин хатогиро фаҳмида, аз ҷавони ҳамроҳ хоҳиш мекард, ки рақами телефонашро ба он ҷавон диҳад, то тавонад, маблағро баргардонад. Дар ҳамин ҷо, ба манзил расидам ва бақияро аз рӯи инсоф низ нагирифта, фаромадам, зеро мусофирбар дар тамоми роҳи дароз ва  давраи ба осмон рафтани нархи сӯзишворӣ ҳамагӣ ду мусофир дошту халос.

Бар падару модари чунин духтареро тарбияткарда раҳмат фиристондаму шукр ба ҷо овардам, ки ҳанӯз мондаанд, онҳое, ки на худфурӯш шудаанду на имонфурӯш.

Устод Лоиқ Шералӣ, шоири дар даврони серу пурӣ ва арзонию фураймониҳо зиста, ва аз афташ, дар ҳамон замонҳо ҳам ёфт шудани тоифаи бевиҷдон, гӯё маҳз барои ҳамин рӯзҳо нигошта:

Дӯстон мушкилии давру замон мегузарад,

Зиндагӣ бо ҳама судею зиён мегузарад.

Нафурӯшед зи нодонӣ яке виҷдонро,

Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад.

Қиммати хеш бидонед, натарасед зи нарх,

Давраи қимматии нархи гарон мегузарад.

Пок монед, зи нопок наҷӯед тамаъ,

Бекӯлоҳӣ сар агар бошад амон, мегузарад.

Номи худ нек бимонед, нагардад то бад,

К– он чӣ мерос зи мо бар писарон мегузарад. 

Мирзо Нуралиев

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube