ФАЙЗОБОД: ШОҲРОҲ ХАРОБ АСТ

Дар болотари деҳаи Хамисавраи ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» -и ноҳияи Файзобод шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир аст, ки ба воситаи ин шоҳроҳ рӯзе садҳо мошини пурбори вазнин, мошинҳои хурд ва таксиҳо рафтуомад мекунанд.

Ҳамин ки ронанда ба пастхамии шоҳроҳи деҳаи Хамисавра наздик мешавад, даст ба гиребон гирифта мегӯяд, эй Худо маро аз ин пастхамӣ ҳангоми гузаштан нигоҳ дор. Зеро байни шоҳроҳ қариб 1 метр фуру рафта, қисмати поёнию болоияш теппача шудааст. Агар ронанда ҳангоми гузаштан аз ҳамин шоҳроҳ эҳтиёт накунад, ба ҷарӣ сарозер рафта, садамаи нақлиётиро ба бор меорад.

Ин ҳолати валангоршудаи шоҳроҳ дар 2-ум километри байни деҳаи Мазори сурх то ҷамоати деҳоти «Чашмасор» ба амал омадааст. Рӯзҳои боронӣ дар шоҳроҳи валангор оби зиёд ҷамъ шуда, ба кӯли мурғобӣ мубаддал мегардад.

Магар 5-6 мошин сангу шағал рехта, роҳро тахту ҳамвор кардан мушкил аст?

С.Ҳоким, 

н. Файзобод 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube