ФАРХОР: НОМҲОИ ТАЪРИХИРО БАРГАРДОНЕД!

Бо далелҳои бостоншиносу таърихшиносони хориҷ ва дохили кишварамон, яке аз сарзаминҳои қадимаи миллати Тоҷик, аз асрҳои II-I-пеш аз мелод, ин Фархорзамин аст. Ҳатто шоири классики бузургамон А. Рӯдакӣ дар васфаш шеър суруда, академик Б.Ғафуров бошад дар асари «Тоҷикон» дар 9-саҳифа аз ватани «Зардуштиён» маълумот додааст.

Баъди обхезиҳои вазнини асри 19 тоҷикони ин сарзамин ба Арабистону Эрон кӯч мебанданд. Ва ин сарзамини сepоб ватани кучманчиёни роҳгузари Осиёи Миёна то солҳои 1930 шуда мемонад. То давраи таъсисёбии ноҳияи Фархор дар соли 1930 ва то муҳоҷиршавии падарони мо дар  солҳои 1950-ум номҳои ин деҳаҳо Балуҷону Ҷанғатаған, Бар-Бар, Қалъаи Пушқоқ, шаҳри Ҳайбар, Чубек, Хитойи Сайёд, Кокули Ойхонум, Золи Зар будаанд. Ин номҳои деҳаҳои зебои қадима то имрӯз бо 2 садамаи нобахшидании таърихӣ дучор омадаанд – ҷойи ин номҳоро Каленин, Ленин, Красная Армия, Куйбешев гирифтанд.

Зарбаи дуюм дар давраи соҳибистиқлолият зада шуд. Соли 2013 Кумитаи забон ва истилоҳот ба ҷойи эҳё намудани ин номҳои зебо, гӯё қаҳрамонӣ кардa, ба деҳаҳои хурду калон ном наёфта, ҳатто барои дӯстии халқҳо гуфта, ба яке аз ҷамоатҳои калон ба ҷойи номи Малика Ойхоним, бо тантана «Хутан» ном гузошт. Аз ин лиҳоз, мо зиёитаборон ва куҳансолон аз ҳукумати вилояти Хатлон хоҳиш менамоем, ки номгузории деҳаҳо дар н.Фархор бо иштироки таърихшиносони куҳансол аз сари нав баррасӣ шавад, зеро аз қадима будани ин сарзамин нишоне намондааст.

Зайнулло Раҷабалиев,  

узви ИЖТ

бостоншиноси мардумӣ аз н.Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube