Дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 7 раиси ҳукумат иваз шуд ва ҳар кадомашон мувофиқи маҳорати ташкилотчигиашон дар ободонии ноҳия ҳисса гузоштанд. Вале ягон раиси ташаббускор пайдо нагардид, ки дар гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Байрақ ва Нишони давлатӣ хизмате карда бошад. 3 сол пеш собиқ раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода азм намуд, ки якчанд хонаҳои ба сохтани маҷмааҳои муқаддасоти миллӣ халал мерасондаро мекӯчонад ва майдонро барои сохтмон ва гулгаштҳо тайёр мекунад. Вале ӯ иваз гардиду кори сохтани маҷмааи муқаддасоти миллӣ ба таърих афтод.
Соли дуюм аст, ки раиси нави ҳукумати ноҳия Бахтиёр Шарифӣ мебошад. Ӯ аз ба кор сар карданаш худро шахси меҳнаткашу заҳматкаш нишон дода, аз ҳоли пиронсолон хабар гирифт, ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ диққат дод, чандин маротиба аксияи тозагии муҳити зистро гузаронд. Роҳҳои харобшудаи маркази ноҳияро бо истифодаи қувваи соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба дарозии зиёда аз 75 километр асфалтпӯш намуд. Дар мактабҳои ба синфхона эҳтиёҷ дошта, синфхонаҳои иловагӣ сохт.
Акнун мардуми меҳнаткаши ноҳия бо чунин раис умед доранд, ки ба мақсадашон мерасанд ва Парчам, Нишон ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия қад мекашад. Раиси нав метавонад-мӣ? Мебинем!
Зайнулобиддин Ҳусейнов,
н. Ёвон
