ФЕЙСБУКПАРАСТОН

Мурғи анқоро медонед, ки чист? Оре, медонед. Вале надидаед, зеро онро касе надидааст. Вале мегӯянд, ки вуҷуд дорад. Миллионҳо одам тули 6000 соле, ки Инсоният бо ақл таҳким ёфт, думболаи анқо медавад. 6000 сол онро наёфтааст. Вале бовар дорад ҳаст, зимнан пайдош карданист…

Сарукоргирӣ бо Фейсбук-шабакаи иҷтимоӣ, ки зодаи тахайули хеле зебои ҷаноби Цуккерберги яҳудитабори амрикоист, давидани инсоният, пайи мурғи анқоро мемонад. Ба вежа соате, ки мақомоти мо низ пайи Фейсбук шудаанд. Олимон, профессорон, академикҳои мо фейсбукӣ гаштаанд. Шоирон, адибон, нависандагон, мунаққидон ва ҳатто давлатмардон Фейсбукшин гаштаанд. Ҳама пайи мурғем: мурғи анқо. Касе намедонад агар ин мурғро ба даст овард, бо он бояд чӣ кор кунад ва аслан ҳамин курица, птица Жар, мурғи анқо ба кадом дард мехӯрад?

Мо низ, мақомот, шаҳрвандон, зиёин, фанатҳо, мутаассибон, интеллигенсия, патриотон, антитеррористону ҳатто худи террористон намедонем, ки миссияи Фейсбук чист ва ба он дастрасӣ пайдо кардем, чун мурғи анқо, бо ӯ чӣ мекунем???

Ман ҳам намедонам. Вале мехоҳам назарамро ин ҷо корам, то агар дар долонҳои идеологӣ ҳуше ҳаст, пас гӯш диҳанд. Мо Метавонем!

 

Боби 1. Аноним

20.08.2024. Соат ба вақти Душанбе 08:17 дақиқа. Ҳамин субҳ, ки ба кор меомадам, шоҳиди суҳбате шудам. Бонуе бар дигарӣ нақл мекард, ки:

– Фалонӣ ёдат ҳаст? Ҳо, худи худаш. Соф бо хушдоманаш соз нагирифт, ки нагирифт. Ва чанде пеш, шабона хушдоманаш тилфони келинашро гирифта, зери чанд пости мамнуъ ЛАЙК гузоштааст. Бечора бо 3 кӯдак саргардон. Ҳар рӯз пурсупосу кашмакаш бо мақомот…

Агар ин қисса ҳақиқат бошад, дур нест, ки ин бечора маҳбасӣ ҳам шавад! Зеро лайк дар фейсбук маънои ҳукмро дорад ва инро ҳама медонад. Вале кам касоне медонанд, ки бо истифода аз маврид дилхоҳ нафарро метавон «подставит» кард. Ҳатто садоро тағйир мекунанд, чӣ расад ба 1 Лайк. Намунаи барҷастааш, Муъмин Аҳмадист. Корманди радиои Озодиро онгуна барномаашро тоб дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд, ки тамомии мухлисонаш фикр карданд, Муъмин онҳоро аз муфлисӣ наҷот медиҳад. Ҳол он ки ин фиреби назар, афера, 1 пирамида буду ҳар касе ворид шуд, пул бохт.

Ба ҳамин тартиб аферистон ҳатто чеҳраҳои сиёсиро ба бозӣ мекашанд. Ахиран ин чеҳраҳо маҷбур шуданд, баромад кардаву гӯянд, ки «эй мардум, ин фиреб аст ва мо чунину чунон нагуфтаем ва нахоҳем гуфт!». Вале ба кӣ мегӯй? Ҷамъияти Фейсбукпараст аллакай ба фиреб дода шуда буд.

 

Боби 2. Аҷали Араб

Шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вежа Фейсбук, ки ҳадафи аслияш барҳамрезии олами ислом аст (мо низ истисно нестем, хонанда!), дар соли 2010 тамомии давлатҳои қораи арабро барҳам шикаст! Ва ин Аҷали Араб бо номи гӯшнавози Баҳори Араб фарогир шуд.  Дар ТунисМиср ва Яман инқилобҳо сар заданд; ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Либия ва Сурия то ҳол идома доранд; шӯриши шаҳрвандӣ дар Баҳрайн; эътирозҳои оммавӣ дар АлҷазоирИроқУрдунМарокаш  ва Уммон аланга гирифт, ҳатто эътирозҳо дар Кувайт (сарватмандтарин кишвари олам!) Лубнон, МавританияАрабистони СаудӣСудон, Ҷибутӣ ва  Саҳрои Ғарбӣ сар заданд.

 

Боби 3. Вақте Цуккерберг механдид

Марк Эллиот Цуккерберг он даврон ҳамагӣ 26 сол дошт! Ва дар ин доду ситад, ки мусалмонҳои адамулхирад кишварҳои хешро барҳам мерехтанд, 184,8 миллиард доллар аз кисаву кассаҳои мо-мусалмонон кор кард!

Буҷаи пешрафтатарин давлати исломӣ низ шояд ин миқдор пул надошта бошад, ки 1 ҷавони боҳуши яҳудӣ кор кард. Ва ин дар мавриде буд, ки ин арабҳо кишварҳои хеле пешрафтаи худро, ба мисли Либия, бо сарварии бузургтарин араб-Муаммар Қаззофӣ, ки ишонро аз чанги Аврупо раҳонидаву сарватманд карда буд, маҳв карданд. Гуфтанист, ки маоши ҳадди ақал дар ин кишвар 3000 доллар буду ҳадди болояш «потолок» надошт! Ҳар навхонадор 60000 доллар мегирифту ба кӯдаки навтавлид 10000 доллар туҳфа мешуд. Акнун ин давлат дар коми ҷангу хунрезӣ қарор дораду мардумаш фавҷ-фавҷ ба дигар кишварҳо фирорист.

Аз моҳи майи соли 2012 инқилобҳо боиси сарнагунии 7 сарвари давлат шуданд:

  1. Президенти Тунис Зайнулобидин Бин Алӣ14 январи соли 2011 пас аз инқилоб дар Тунисба Арабистони Саудӣ гурехт.
  2. Дар Миср, президент Ҳуснӣ Муборакрӯзи 11 феврали соли 2011 пас аз 18 рӯзи эътирозҳои оммавӣ истеъфо дод ва ба муҳлати 30-солаи президентиаш хотима бахшид.
  3. Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣрӯзи 23 августи соли 2011 барканор ва 20 октябри соли 2011 дар зодгоҳаш вилояти Сирт,аввал таҷовуз, баъд кушта шуд.
  4. Президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳрӯзи 26 апрел истеъфо дод.
  5. Президенти Судон Умар ал-Баширэълом дошт, ки дар соли 2015 дубора интихоб намешавад.
  6. Сарвазири ИроқНурӣ ал-Моликӣистеъфо рафт.
  7. Президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи 27 феврали соли 2012 истеъфо дод.

 

 Боби 4. Баҳори хунрез

Инқилобу ошӯбу демократияи идорашаванда аз сӯи спонсорҳо подош ҳам гирифт. Фарзи мисол, Тавакул Карман аз Яман барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2011, ҳамчун раҳбари барҷастаи Баҳори Араб эълон гардид. Баҳоре, ки садҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва наздики 10 млн нафарро бехонаву дарбадар намуд! Гуфтанист, ки танҳо дар Либия дар тули 3 моҳ 10000 араб кушта шуд. Ҷанг дар ин кишвар то ҳанӯз, 14 сол аст, ки давом дорад ва ҳамарӯза мардуми бегуноҳ мемирад. Ягона сарваре, ки ба демократияи идорашавандаи Фейсбук сар нафуровард, Башор Асад гардид. Ӯ истеъфо нарафт, ҷанг кард ва давлаташро аз хатари маҳви комил раҳо бахшид. Дуруст аст, ки Сурия ҳоло ҳам ором нест. Вале дар ҳар сурат давлат тақсим нашуд ва аз чанги инқилоби Фейсбукӣ раҳид.

 

Боби 5. Чаро Хитойу Ҳинд не?

Воқеан ҳам дар ин 2 кишвар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле рушд кардаанд. Аммо чаро  инқилобу ҷанг нашуд? Зеро дар ин 2 давлати буддоӣ ва ғайриисломӣ аз соати аввал зимоми шабакаҳоро ба каф гирифтанд. Фарзи мисол, Пекин ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоиро назорат мекунад. Мисле, ки дар мо ҳоло ТАНҲО бо паспорт метавон симкорти телефони мобилӣ гирифт, дар ин кишвар низ танҳо бо шиноснома метавон соҳиби аккаунт ё саҳифаи шабакаи иҷтимоӣ шуд.

 

Боби 6. Чаро Аврупову Амрико не?

Хеле тааҷҷуббарангез менамояд албатта, вале дар ин 2 қора низ шабакаҳои интернетӣ зери контроли шадид қарор доранд. Демократияе, ки бар мо талқину ташвиқ мекунанд, барои онҳо корбаст нест. Дар наздиктарин фурсат саҳифаи шуморо мебанданд, агар аз ҳадди инсоф убур кардед. Мисол мехоҳед? Саҳифаи собиқ президенти ИМА, Доналд Трампро ман набастаам! Зимнан саҳифаҳои журналистони дигарандеш Карлсон Таккер ва дигарон масдуданд. Ҷулиан Ассанж бошад, барои бовараш ба демократия ва озодандешӣ даҳсолаҳо ҳабси хонагӣ буд ва ӯро ҷазои қатл ё ҳукми абад мунтазир аст. Ба 1 ҳарф, ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳазорхонаи гов беш нестанд, набояд эътимод кард.

 

Боби 7. Кӣ ФБ-ро ба расмият мешносад?

Дар бархе кишварҳо, масалан Россия, Фейсбук чун расона шинохта шудааст. Ва агар шумо фарзи мисол, 100-200 “подписчик” доред, барои ҳар ҳақорату туҳмату таҳқир шахсан дар назди қонун ҷавоб мегӯед. То дар Тоҷикистони азиз низ Фейсбукро ба расмият нашносем, овозаву дарвоза, таҳқиру душноми давлатмардону халқи оддӣ қатъ намегардад. Вале то даме, ки Фейсбук расман чун расона шинохта нашудааст, ягон мақомот ҳаққу ҳуқуқ надорад, маводи онро мавриди таҳлил, пажуҳиш ва тадқиқ қарор диҳад. Ҳоло дар бораи ифтитоҳи парвандаи маъмуриву ҷиноӣ чизе намегӯем!!!

Вале ба таҳқиқ, афроде, ки сари пулти интернет нишаставу бо шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вежа Фейсбук кор доранд, дарк накардаанд, ки тасмимоташон худ антиқонунист! Дар охир 1 суоламро дар ФБ бо комментҳои зернавишташ пешкаши хонанда мекунам, то донанду донем, ки на танҳо халқи оддӣ, ки чиновникҳои мо низ Фейсбукпараст шудаанд. Мо Метавонем!

 

 

Ба ҷои хулоса

1 суол ба мақомоти амниятӣ, қудратӣ ва ҳукуматӣ:
– ФБ расман ВАО
ҳаст ё не? Агар не, пас чаро аз матни сакалтуҳои ФБ корбарӣ ва ҳатто парванда мекушоянду тафтишот мебаранд???

Shirinyod Amonpour

Ин гапи дигар..

 

Haramgul Qodir

Расман ВАО шуда наметавонад, чунки дар Вазорати Адлия сабти ном нест ва як шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ аст.

 

Бахтиер Хоҷа

Несту…. Ҳаст… Не нест!…. Ё чум?

 

Каримджон Ёров

Вобаста ба шароиту макону маҳалу киву чӣ будани шахсе, ки ӯро ҷинояткор муаррифӣ мекунанд дар шабака ба фикрам.

 

Шахром Гуломализода

Дар асоси моддаи 140 КМҶ ҶТ, қисми 2, сархати 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад, новобаста ба ВАО дохил шудан ё нашуданаш.

– иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет;

 

Шаҳнози Ниёзбоқӣ

Беҳтарин савол!!!

 

Мирзо Кенджаев

ФБ расман на ба ВАО, балки ба шабакаҳои иҷтимоъӣ дохил мешавад.

 

Хуршеджон Буриев

ФБ ВАО ҳисоб намешавад. Фикратон дуруст. Аммо вале лекин…

 

Бо 1 ҳарф: Баҳори Араб агар ба мо дарси ибрат нашуд, тобистони шарқиву замистони осиёӣ ва ё тирамоҳи исломӣ моро дар пеш аст:

Муроди мо насиҳат буд, гуфтем:

Паноҳат бар Худо кардем, рафтем!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube