МАЙДАКОРРУПСИЯ – АЛАФИ АҶИРИҚ

Дуруд СССР! Майдакоррупсия чун алафи аҷириқ беор аст. Барои нест кардани ин алаф онро бо бел аз замин пок метарошӣ. Вале дар муддати кӯтоҳ боз сар бароварда, ба ҳолати аввала бармегардад. Барои коҳиш додани ин заминро чуқуртар шудгор кардан лозим, на рӯякӣ. Ҳамин тавр пеши роҳи майдакоррупсияро, ки дар аввал назарногир аст, гирифта натавонем,  он ба коррупсияи бузург табдил ёфта, сӯзандузд ба говдузд табдил меёбад.

Сарчашмаи ҳамаи коррупсияҳои калонҳаҷм аз майдакаррупсияҳои назарногир оғоз мешавад. Таҳлилу мушоҳидаҳои охир пурра собит сохтанд, ки ба хотири ришва ситондан кулли қонуншиканиҳою зиёдаравиҳо рӯйпуш карда мешаванд. Банда ба иззати нафси касе мушаххас расиданӣ нестам, фақат ба хотири озодандешӣ нуқтаи назари инфиродии хешро инҷо иброз доштам.

Кишваре, ки дар он фасод чун алафи аҷириқ сахт реша давондааст, дар он ҷо имону инсоф, раҳму шафқат бо ном вуҷуд дораду халос. Аз ошкор кардани ҳақиқат онҳое метарсанд, ки фасодкоранд. Ин нишони бемор будани ҷомеа аст ва ҷомеа ба сӯи табоҳ меравад. Мақомотҳои дахлдор чӣ қадаре муборизаи беамон баранд ҳам, вале боз ҳамон қадар сафи коррупсия зиёд шудан дорад.

Майдакоррупсия ҳамчун шуғли муқаррарии ҳамарӯзаи ҷомеа анъанаву одат шуда мондааст. Порахӯру порадеҳ ба лаб кулӯх молида, хапу хомӯш мегарданд, гӯё ҳама корҳо хуб аст. Атрофиён донанд ҳам бепарво.

Майдакоррупсия ҳатто кӯдакону наврасонро низ сироят кардааст, ки бе пора ба гапи падару модари худ гӯш намедиҳанд ва ба кору бори онҳо ройгон ёрӣ намерасонанад. Мисол: набера барои кӯмак расондан ба бобои худ ҳар рӯз аз ӯ 1 сомонӣ талаб мекардааст. Мутаасифона, ин маризӣ тамоми паҳлуҳои ҷомеаро сироят намуда, рушду нумӯъ ёфта, боиси ташвишу нигарониҳо гардидааст. Чаро чунин аст?

Таваралӣ Авсақолов,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube