ДӮСТҚЛӢ Ё ДӮСТӢ?

Абдуҷаббор Ғафуров, сокини деҳаи Дӯстқлии н.Ховалинг бо идора тамос гирифта (тел: 918596726), гуфт, ки сокинон мехоҳанд номи деҳа иваз шавад.

– Деҳаи мо Дӯстқлӣ ном дорад ва маълум нест, ки номи ӯзбекист ё муғулӣ. Солҳои охир номи 100-ҳо деҳа иваз шуданд, аммо номи деҳаи мо монд. Мо – сокинон борҳо ба ҳукумати ноҳия ва вилоят барои тағйири ном кардани деҳаамон бо ариза муроҷиат кардаем, аммо масъулин хомӯшанд. Мо пешниҳод дорем, ки номи деҳаи мо аз Дӯстқлӣ ба Дӯстӣ иваз карда шавад, ки ҳам тоҷикист ва ҳам зебо, вале чаро дар ин масъала моро вакилону мансабдорони маҳаллӣ дастгирӣ намекунанд, нофаҳмост?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube