Салом СССР-и азиз. Шоиста Абдуназарзода, ин бонуи кордону болаёқат дар муддати кӯтоҳе, ки мудирияти маорифи шаҳри Бохтарро бар ӯҳда дорад, метавон гуфт, ки соҳаи маорифи шаҳр беҳбуд ёфт, ҷон гирифт. Чунки агар роҳбар нафари ботаҷриба ва серталошу ҳақҷӯ бошад, албатта дар соҳа дигаргунӣ ба вуҷуд меояд, пеш меравад.
Бону Шоиста ҳам аз рӯзе, ки ба вазифаи мазкур омад муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ранги дигар гирифт. Ҳамин аст, ки баҳри иҷрои фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити синфхонаҳои таълимӣ барои таҳсили соли 2024-2025 дар ҳама муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи ш.Бохтар хонандагони синфи 1-ум ҷалб гардидаанд. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ наврасонро ба муҳити муасисса ва раванди дарсҳо шинос карда истодаанд. Толибилмоне, ки нав ба синфи 1 қадам мегузоранд, бо шавқи беандоза ба мактаб омада, дар давраи шиносоӣ бо муҳити муасиссаҳо ошно мешаванд.
Литсейи тамоюли техникӣ ва муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳр дӯструяконро ба оғӯши худ кашида, онҳо ин давраро муваффақона паси сар мекунанд. Аз симои ҳар кӯдак аён аст, ки онҳо чӣ қадар ба мактаб меҳр доранд.
Маҳмадшарифи Абдулҳай,
ш. Бохтар