Фидокор

 Дадомат Азизов соли 1889 дар деҳаи Понғоз аз оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Камбағалӣ Азиз-амакро маҷбур кард, ки барои рӯзгузаронии аҳли оила ризқу рӯзӣ ҷустуҷӯ намояд. Бо ҳамин мақсад, бо писари ҷавони худ Дадомат ба шаҳри Қуқанд меравад. Дадомати ҷавон дар Қуқанд чун коргари кироя аз вазнинтарин кор рӯй намегардонад.

Шароити вазнини зиндагӣ чашми Дадоматро кушод, бо одамони озодихоҳу пешқадам наздик кард, вай оҳиста-оҳиста бовар ҳосил кард, ки сохти пӯсидаистодаи мутлақият имрӯз ё пагоҳ, албатта завол меёбад. Ва дар ҳақиқат, Револютсияи Октябри соли 1917 сохти кӯҳнаро сарнагун намуда, халқи меҳнаткаш соҳиби давлат шуд. Вале музаффариятҳои револютсияро аз душманон ҳимоя кардан лозим буд. Бо ин мақсад дар тамоми гӯшаю канори мамлакат отрядҳои ихтиёриён ташкил меёфтанд.

Дадомат Азизов бо ҳамроҳии ҳамдиёрони худ Нуриддин Аҳмадов ва Пӯлод Ниёзов ба отряди ихтиёриён, ки ба он командири шуҷоъ Кожилов сардорӣ мекард, дохил шуд. Отряди Кожилов то соли 1919 ба муқобили босмачиёни Мадаминбеку Эргаш ва дигарон ҷангида, то охири соли 1919 барои мубориза ба муқобили армияи гвардиячиёни сафеди Деникин ва Колчак равон мегардад ва дар ҳайати армияи якуми Туркистон дар ҷангҳои шиддатнок барои озод намудани Ашқобод, Қизил-Арвот, Красноводск фаъолона иштирок менамояд.

Ҳамдиёрони Дадомат, Нуриддин ва Пӯлод бо ҳамроҳии тамоми отряди ихтиёриён дар ҷангҳои зидди Азизхон, Ҷунайдхон барин хонҳои ба хурӯҷ омада ва генерали зархариди англисҳо Лазерев дар сафи пеш истода меҷангиданд. Дӯстон дар кишвари туркман ҷангида истода, дар орзӯи он буданд, ки сокинони диёри онҳо ҳам барои озодии худ ба мубориза хоҳанд хест ва дар он мубориза намояндагони дигар миллатҳо дасти ёрй дароз хоҳанд кард.

Августи соли 1920 Ҳокимияти ҷавони Советӣ мувофиқи xoҳиши Комитети муваққатии револютсионии Бухоро ба ёрии халқ меоянд. Дар қатори Армияи Сурхи ба ёрии шӯришчиён омада, дивизияи дуюм, ки командираш Коновалов буд, Дадомат Азизов ва рафиқонаш низ омаданд. Ин дивизия дар ҷангҳо барои сарнагун намудани амир Олимхон иштирок намуда, пас барои торумор кардани босмачиёни водии Фарғона сафарбар карда мешаванд.

Дар Қуқанд Дадомат Азизовро ба ихтиёри шӯъбаи махсус оид ба муборизаи зидди босмачиён гузаронида, дар қатори отряд ва ихтиёриён ба торумори Раҳмонқул – қӯрбошии Ошоба мефиристанд. Отряд ба Ошоба омада мерасад ва бо йигитҳои Раҳмонқул дар назди қабристони Ошоба зудухӯрди аввалин ба вуқӯъ меояд. Дастаи Раҳмонқул аз камшумории отряди ихтиёриён истифода бурда, онҳоро муҳосира мекунад. Отряд бо шарофати кордонию ҷасорати Д. Азизов аз муҳосира баромада, ба ҳуҷум мегузарад. Дадомат дар даст милтиқ гавваккашон аз паси девори қабристон ба қароргоҳи Раҳмонқул-қӯрбошӣ наздик мешавад. Ӯ дар назди худ мақсад гузошта буд, ки дастаи душманонро бе роҳбар монда, бо ҳамин дар байни онҳо парокандагӣ андозад.

Мутаассифона, Раҳмонқул дар байни отряд набуд. Дастаи Раҳмонқул дар Ошоба, гурӯҳи Ашурмат-қӯрбошӣ дар Понғоз аҳолии бечораро азоб медоданд. Ба хонаҳои онҳо зер карда даромада, чорвоҳоро кашида мегирифтанд, хонаҳоро оташ мезаданд. Косаи сабри мардум лабрез шуда буд. Бинобар он гурӯҳ-гурӯҳ ба отрядҳои Армияи Сурх ва ихтиёриён дохил мешуданд ва сафи муборизони озодиро торафт мустаҳкамтар мекарданд.

Дар ин задухӯрдҳои сахт ҷавони паҳлавонсимо, ҳамсафи наздики Дадомат Пӯлод Ниёзов ба дасти душман меафтад ва ваҳшёна қатл карда мешавад, ки ин қаҳру ғазаби ҳамаро меорад.

Моҳи ноябри соли 1922 Армияи Сурх ва ихтиёриён дастаҳои босмачиёнро торумор намуданд. Бо қарори Суди якҷояи трибунали ҳарбии РСФСР ва Ҷумҳурии Туркистон Раҳмонқул Розиқов ба қатл ҳукм карда шуда, ҳамсафони ӯ ба ҳабс гирифта мешавад.

Дадомат Азизов аз соли 1922 ба шӯъбаи ГПУ сардорӣ карда, барои мустаҳкам кардани музаффариятҳои Ҳокимияти Шӯравӣ монда нашуда мубориза мебурд. Дар ҳамон солҳо орзуи чандинсолаи ӯ ҷомаи амал мепӯшад. Ӯ ба сафи партияи болшевикӣ дохил мешавад.

Соли 1928. Тамоми мамлакат 10-солагии ташкил шудани Армияи Сурхро бо тантана қайд мекард. Ин рӯз барои Дадомат низ рӯзи хурсандии калон буд. Ӯро ҳам дар ин рӯз аз Комитети Иҷроияи Шӯрои Депутатҳои коргару деҳқон ва солдатҳои Хуҷанд, ҳам аз шӯъбаи ҳарбии Исфара бо Грамотаи Фахрӣ мукофотонида, самимона табрик карда буданд.

Баҳори соли 1931 дастаи ғоратгари Иброҳимбек меҳнати осоиштаи халқро вайрон карда, ба ҷумҳурии ҷавон ҳуҷум овард. Ба мулки Тоҷикистон дохил шудани босмачиёни Иброҳимбек боиси он гардид, ки душманони Ҳокимияти Шуравӣ дар қишлоқи Ошоба аз нав cap бароранд. Ба онҳо ҳамтабақи Раҳмонқул-қӯрбошӣ Бобохӯҷа сардорӣ мекард. Дарҳол, бо сардории Дадомат Азизов отряди ихтиёриён ташкил шуд ва ба муқобили Бобохӯҷа равона карда шуд.

Дар задухӯрдҳои аввалин Бобохӯҷа бо қисме аз йигитҳояш гурехта, ба ноҳияи Кушравотаи ҶШС Узбекистон рафт. Дадомат бо ҳамроҳии Армияи Сурхи ба ёрии аҳолӣ омада, дар назди кӯҳи Надок бо Бобохӯҷа рӯ ба рӯ омад ва қисми чорвои ноҳияро, ғоратгарон ҳамроҳи худ мебурданд, баргардонид. Бобохӯҷа роҳи гурезро пеш гирифт.

Зимистони соли 1932. Шамоли изғиринг сару рӯи касро лесида мерафт. Барф зери пои ихтиёриён ғиҷҷирос мезад. Отряди ихтиёриён бо сардории роҳбари ГПУ Дадомат Азизов ба Қизилбулоқ аз паси изи Бобохӯҷа равон буд. Баногоҳ аз тарафи рост тӯдаи Қизилбулоқ овози тир шунида шуд. Тири душман синаи марди миёнақади чорпахлӯи гандумгин, ки пешопеши он равон буду чашмони тези ӯ дар ҷустуҷӯи душман буд, сӯрох намуд. Марди далер аз болои аспи саманд афтод: «Рӯҳафтода нашав» муборизаро давом диҳед, қасоси маро ҳам гиред!…» – ин суханони охирини Дадомат Азизов буд.

Отряди ихтиёриён ба роҳбарии ҳамсафи Дадомат – Нуриддин Аҳмадов аз паси Бобохӯҷа афтода, ӯро шикаст медиҳанд. Ҳамин тавр, охирин дастаҳои босмачиён – душманони халқу миллат торумор ва маҳв карда мешаванд. Халқи меҳнатӣ бо тамоми қувва ба кори осоиштаи сохтмони сотсиалистӣ шурӯъ мекунанд. Аз ин вақт солҳо мегузаранд. Номи қаҳрамони халқ Дадомат Азизов аз лавҳаи хотираи ҳеҷ кас фаромӯш нахоҳад шуд.

Носир Назарзода,

профессори Академияи ВКД

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube