Ё қиссаи суд шудани Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар РСС Тоҷикистон
Бо маслиҳати роҳбарияти КГБ СССР, маро аз КГБ ш. Перми Федератсияи Россия ба Тоҷикистон даъват карданд. Ман аз тарафи худ ба ҳама шӯъбаҳою шахсони мутасаддии амнияту милиса супориш додам, ки ҳар чи маълумоте дар бораи ваҳҳобиҳо, ҷараёне, ки нав зуҳур мекарду хатарзо мегардид, дар ихтиёр доранд ба шӯъбаи 5 – ум унвонии ман равон кунанд. Қариб, ки 100 парванда-мавод ҷамъ шуд, ки баъди мутолиаю азназаргузаронӣ 30 ададашро интихоб намудам ва муддати 15 – 20 рӯз мавриди омӯзиш қарор додам.
Ба Москва ба Тимошенко, 1 мақоми баландпояи КГБ СССР телефонӣ расондам, ки ба ман ёрдами онҳо сахт зарур аст ва ҳатман шахсан бо 2 корманд, сардори шуъба ва опери калон ба Душанбе биояд. Омаданду маъқул карданд ва ҳуҷҷатҳоро дида, гуфтанд, ки кӯтоҳтар кардан лозим аст. Муҳлати анҷоми кор 10 рӯз буд. Аз лиҳози ҳуқуқӣ ҷараёни кор хеле мураккаб аст. Барои ҳар банд, баъди хондан, боздошту гузаронидани кофтуков қарор ва имзо қабул карда мешавад. Баъди омода шудан ба Прокуратураи вилояти Қурғонтеппа рафта, прокурорро дар ҷои кораш наёфтем. Ҷонишини якуми ӯ Тухта Хоҷаев моро қабул намуд. Бо айнак машғули хондани парванда, нохост сар боло карда, ба рӯи ман дурусттар назар намуд ва аз ҷо бархоста, бо чашмони ҳайратолуд “Давлат Назиров нестӣ? Магар маро нашинохтӣ. Ҳо, 14 нафар аз унсурҳои бегонаро дар вилояти Ленинобод ҳабс карда будӣ ку? Аз куҷо пайдо шудӣ?”, гуфта пурсид. Ҳамдигарро ба оғӯш кашидем. Гап сари он ки Тухта Хоҷаев як вақтҳо парвандаҳои тайёр мекардаи маро дар собиқ вилояти Ленинобод ба кор мебурд.
Гуфтам, ки бо зарурате аз Россия даъватам карданд. Тухта Хоҷаев ба Ҷамолов ном кормандаш таъкид намуд, ки ман ба ин шахс 100% боварӣ дорам ва ба зери ҳар саҳифаи маводаш нохонда, имзо мегузорам. Агар дар рафти кор зарурати боз ҳам илова кардани далеле ба миён омад, метавонад, баҳузур ҳуҷҷатҳоро тахт намояд ва оварда супорад. Ман бо муҳлати пешина имзо мегузорам.
Санксия барои ҳабс
Дар ниҳоят, санксия ё худ иҷозати дастгир ва ҳабс намудани Мулло Саид Абдуллоҳи Нуриро аз прокуратура гирифтем. Ӯро бурда дар зиндони СИЗО – и вилояти Қурӯгонтеппа шинондем. Якбора аз куҷое 300 нафар тарафдоронаш ҷамъ шуда, атрофи милисахонаро иҳота ва талаб карданд, ки дастгиршударо раҳо кунем. Ҳамкорон ба ман нигариста, гуфтанд, ки Шумо Қурғонтеппаро беҳтар медонед, чӣ кор кунем? Гуфтам, ки Абдуллои Нуриро ба хонааш ҷавоб диҳед!
Ба қавле, тактикаро дигар кардан лозим буд. Ба Москва занг задам ва 2 корманди ботаҷрибаро фиристоданд. Баъди 15 – 20 рӯзи тинҷ шудан, нақшаи бидуни ҳангомае ба даст афтондани Абдуллои Нуриро кашидем. Нақша ин шуд, ки Кумитаи партиявии н. Ёвон гӯё занг зада дар муайян намудани арзиши биное бо иштироки мутахассиси хубу боинсофи соҳа кӯмак мехостанд. Ба роҳбари идораи МБТИ рафиқ Набиев муроҷиат кардан лозим буд, ки Абдулло Нуриро, ки ба ҳайси инженер кор мекард, ба он ҷо фиристанд…
Ҳабси Нурӣ дар Ёвон
Саид Абдуллои Нурӣ ҳам аз чизе пай набурда, савори мошини шогирдаш, дар иҳотаи боз 3 нафар дигар ҷавонмардони машқдидаю обутобёфта, ки вазифаи муҳофизии Абдуллоро доштанд, аз шаҳри Қурғонтеппа сӯи Ёвон ба роҳ баромаданд. Дар роҳи калони мошингард, 300 метр пас, кормандони мо дар либоси милисагӣ меистоданд ва аз рӯи маслиҳат ҳуҷҷатҳои ронандаро дида, гӯё ҳамааш дуруст аст, иҷозати рафтан медоданд. Ва низ медиданд, ки аз пасаш шогирдонаш набошад. Ба ҳамин тартиб мо омадану аз кадом пост гузаштани Нуриро мефаҳмидем.
Баъди пости Қизил Қалъаро гузаштан, дар гардиши баромадан ба роҳи Ёвон лейтенанти калон Ҳ. Зарипов бо 5 нафар “милисаи дигар” мошини онҳоро манъ карданд. Аз мошин ҳар якеро даст паси пушт, бо 1 нафар милиса, бароварда, дар мошини дигар маҳкам карданд. Охирон худи Саид Абдуллоҳи Нуриро ба 1 мошини дигар бор карданду роҳи Душанберо пеш гирифтанд. Супориш додам, ки ҳамроҳони боздоштшудаи Абдуллои Нуриро соати 12 – и шаб ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд, то мардумро боз ҷамъ карда гирдиҳамоӣ накунанд. Ин соли 1986 буд ва дар он даврон бо баҳонаи бозсозӣ тамомии ҳизбу ҳаракатҳо бе мамониа гирдиҳамоиву тазоҳур мекарданд. Ман супориш додам, Абдуллоро бурда, дар СИЗО маҳкам кунанд ва алҳол номи маро дар пеши ӯ нагиранд, ки бинобар маро шинохтан шояд дилпурие пайдо кунад, ки осон халос мехӯрад.
Исломи сиёсӣ
Баъди ором шудани вазъ Султони Ҳамад, корманди амнияти ҷумҳуриро, ки ҳамон овон ба оппозитсия пайваста буд, ба утоқам даъват карда, супориш додам, ки рафта Нуриро бинад ва ба вохӯрии ман омодааш кунад ва расонад, ки ман аз Россия наомадаам. Ҳамкасбон дар аввал тахмин мезаданд, ки зӯри ман ба Абдуллои Нурӣ намерасад. Пешаш рафтам. Вақте маро дид, шинохту ба оғӯш кашид. Пурсид, ки ин ҷо чӣ кор мекунам? Гуфтам, ки барои дидори дӯстон, аз ҷумла ту омадааму боз фардо ба ш. Перми Россия парвоз мекунам.
Аз ӯ пурсидам, ки оё дар яке аз дараҳои ноҳияи Варзоб ташкил кардани анбори аслиҳа аз тарафи оппозитсия ҳақиқат дорад? Қасам болои қасам хӯрд, ки “асос надорад. Ҳоло муборизаи ғоявӣ рафта истодааст. Мо деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр рафта, ташвиқот мебарем ва мардумро ба тарафи худ ҷалб мекунем”.
Ба Абдуллои Нурӣ савол додам, ки ваъдахилофӣ кардед-ку? Шумо хоҳиш доштед, ки ба фаъолияти маҷсидҳо ҳукумат иҷзоат диҳад, шуд. Фақат пайи намозу ибодат мешавед?
Хандиду гуфт, ки ақидаҳо дигар шуданд. Акнун мо ба сиёсат гаравидем ва барои сари қудрат омадан мубориза мебарем. Яъне Исломро сиёсӣ кардем. Масъалаи силоҳ бошад, баъдан мешавад!
Баъдан Абдуллои Нурӣ ба муҳлати 3 сол бо моддаи бо туҳмату дурӯғ халадор намудани тартиботи ҷамъятӣ ва даъватҳои зиддиҳукуматӣ ба ҳабс гирифта шуд. Зимнан мо наметавонистем, ки бо дигар моддаҳо онҳоро суд кунем. Чунки маълум буд, бо “шарофат” – и роҳбарии Горбачёв ин моддаҳо бекор мешуданд. Ҳамин тариқ, Саид Абдулло Нурӣ 1, 5 сол дар маҳбаси Ёвон шишта, ба озодӣ баромад, чунки 6 моҳ дар Сизо аз озодӣ маҳрум будан, 1 сол ҳисобида мешуд.
Абдуллоҳи Нурӣ Президентро дӯст медошт!!!
Акнун нақле мекунам, ки то ҳол дар ҷое нагуфтаам. Солҳои 2004 ман ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ 1 нусхаи рӯзномаи “Щит” – ро фиристодам. Бо даъвати ӯ ба офиси ҲНИТ рафтам ва ӯ нақл кард, ки “дар ҲНИТ қариб, ки шахсони донишманду кордон ва қобили кори роҳбарӣ вуҷуд надоранд. Аксарият бо андаке огоҳӣ аз дини Ислом, онро ба ғаразҳои шахсии худ истифода мебаранд!”.
Дар бораи шахсияти Мулло Абдуллоҳи Нурӣ гуфта метавонам, ки дар муқоиса бо дигар исломгароён аз замин то осмон фарқ мекард. Ӯ дар ниҳояти кор дарк намуд, ки ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон дигар касе наметавонад, дар ин вазъияти душвор мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад ва роҳбариро ба даст гирад.
Аз забони худи Абдуллоҳи Нурӣ шунидам ва ҳеҷ иловае аз худ накардаам:
– 30 апрели соли 1997 вақте ҳамроҳ бо аҳли байтам дар Эрон қарор доштам, хабари суиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмонро дар Хуҷанд шунида, орому қарорро гум кардам, авзоям беҷо гардид. Беихтиёр ашк аз чашмонаш мешорид. Базӯр худро ба утоқи хоб гирифта, 3 рӯз ба худ наомадам. Он 3 рӯзро болои ҷойнамоз бо дуо дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон сипарӣ намудам. Баъд муҳофизон дарро тақ – тақ намуда, мужда расонданд, ки Президентамон Эмомалӣ Раҳмон сиҳату саломатанду фақат аз пояшон захмӣ шудаанд ва алҳол дар утоқи кории худ мебошанд.
Инро шунида, Нурӣ дар бонуфузтарин тарабхонаи Эрон барои 150 нафар ошӣ худоӣ ба хотири эмин мондани Эмомалӣ Раҳмон медиҳад…
Давлатхӯҷа Назиров,
Полковники мустаъфии КДАМ
Генерал-майор, профессор, академики АФР
