Панди беғараз – илму амал

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтарин иқдому ташаббус буда, нишонаи эътибору эҳтироми хоса ба китобу китобхонӣ мебошад. Озмуни мазкур дар дили пиру ҷавон меҳри китобхониро аз нав бедор намуд.

Ҳама медонад, ки сухану ҷумлаи кӯтоҳ таъсирноку ҳадафрас мешавад. Ба шоҳасарҳои бузургони миллат таваҷҷӯҳ кунед «Тоҷикон», «Шоҳнома», «Гулистон», «Ёддоштҳо» ва амсоли инҳо аз 1 калима иборат буда, дар худ 1 ҷаҳон маънӣ доранд.

 Шиори Тоҷикони бостонӣ Пиндори нек, Гуфтори нек, Рафтори нек ҳамагӣ аз 6 калима иборат асту таърихи беш аз 3000 сола дорад. Дар зарфи 30 аср чун панди беғараз, аҳамияти фалсафӣ-тарбиявӣ ва гуманистии худро гум накардааст.

Дар номгузории 2 озмун калимаи фурӯғ ҳам дар таркиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳам дар дохили «Илм – фурӯғи маърифат» омада, ба калимаи калидӣ (меҳвар) табдил ёфтааст. Ҳангоми ёдрасии номи озмун аксарият ба иштибоҳ роҳ дода, онҳоро дарҳаму барҳам мекунанд, гӯё, ки 1 озмун бошад. Ҳол он ки озмуни аввал хусусияти гуманитарӣ дораду озмуни дуюм ҷанбаи техникӣ.

Русҳо нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯянд: сӯҳбату сабқати лирикҳо ва физикҳо. Мақсадамонро бо таҳлилу таблитсаи математикӣ мефаҳмонем (нигаред ба ҷадвал):

Таблитсаи математикии фурӯғ

 

Номи пурраи озмун Шумораи калимаҳо Калимаи ФУРӮҒ
Чанд бор

омад

Ҳиссаи фурӯғ Ҳиссаи дигар калимаҳо Фоизи фурӯғ
1 Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст 5

 

1

 

1/5

 

4/5

 

20%

 

2 Фурӯғи субҳи доноӣ…

(номи пештара)

3 1

 

1/3

 

2/3

 

33%
3 Илм – фурӯғи маърифат 3 1 1/3 2/3 33%

 

Чи хеле ки аз ҷадвали таҳлил мебинед, бо номи пештара муқоиса намоем, 33% таркиби 2 озмунро 1 калимаи фурӯғ ташкил медод. Баъди мукаммалшавӣ саҳми ин калима панҷяк ё 20% шуда бошад ҳам, лек ҳолати «перепутать» боқӣ мондааст. Баъзеҳо озмуни китобхонҳоро мухтасар «Фурӯғ…» меноманд, ҳатто роҳбарони муассисаҳои таълимиву адибони шинохта. Бо нияти нек ин таҳлилномаро таҳия кардему вариантҳои номи алтернативӣ (кӯтоҳи) 2 озмунро манзур менамоем:

Озмуни «Қаҳрамони китобхонӣ-2026»

Озмуни ҷумҳуриявии «Илму Амал»

Ба андешаи сирф инфиродии камина (шояд он хато бошад) номгузории озмунҳои маърифатӣ барои наврасону хонандагон бояд кутоҳу зебо, патриотӣ, ҷозибадор ва хотирмон бошанду бо минимум фалсафаю романтизм.

Умеду бовар дорем, ки то 31 декабр мақсаду мароми неки ин мақолаи мухбири СССР ба инобат гирифта мешавад.

Маннон Махсумов,

омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои

мардумии шаҳри Истаравшан 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube