Дастовардҳои “IRS” зиёданду  азм барои афзунтар намуданашон қавист

Солҳои қаблӣ роҳи Душанбе – Чаноқ, ки  358 километр масофа дорад,  6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Зеро  ин масир дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат махсусият, аз қабили дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, аз офатҳои табиӣ осебпазирии зиёд доштан, дар шафати дарёҳои шӯху тезоб ҷойгир гардидан ва ғайраро  дорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон  ҳангоми сафар  бо мушкилоти зиёд дучор гашта, ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд.  Барои мисол, роҳи ағбаи Анзоб ҳар сол тақрибан 5-6 моҳ баста мешуд. Бо вуҷуди ин мусофирон дар фасли зимистон ба хавфу хатар, ҳатто ба марг рӯ ба рӯ шаванд ҳам, аз ин ағба гузар мекарданд. Шоҳиди ҳол будем, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд.

Ба бахти мо, тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёдкорӣ дар сартосари кишвар вусъати тоза касб кард. Ҳамватанони мо таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро ба анҷом расониданд, ки тӯли садсолаҳо дар орзуяшон будем. Кӣ гумон мекард, ки дар як муддати кӯтоҳ, ба мушкилоти иқтисодӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигоҳ накарда, мо нақби Анзобро, ки баъдан ба пешниҳоди Сарвари давлат «Истиқлол» ном гирифт, ба истифода медиҳему мардум бемалол тамоми фасли сол аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб равуо карда, мушкилоташонро рафъ месозанд. Азнавсозии роҳи Душанбе – Чаноқ низ ҷузъе аз ин раванд аст.

Ҳоло  нигоҳдории роҳи мавриди назар аз ҷониби «IRS»  дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки баъд аз вогузор шудани нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммаи  ин ширкат ҳатто дар фасли зимистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт  дар ин масир барои муддати на чандон тӯлонӣ, он ҳам бо тавсияи сохторҳои зиддахл қатъ гардиду халос.  Шоҳидони ҳол, хоса насли калонсоли ноҳияҳои ҳамшафати роҳ эътироф мекунанд, ки бориши барф, тамафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ даҳсолаи охир дар ин  ҷода бесобиқа буда, агар ҷаҳду талош ва масъулиятшиносии кормандони «IRS»  намебуд, шояд моҳҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт имконнопазир боқӣ мемонд. Селу тармафароии солҳои  ахир дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок    санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш  сарбаландона аз он гузаштанд. Дар ин замина ронандагону мусофирон комилан мутмаин гардиданд, ки  кормандони ширкат вазифаи худро бо масъулиятшиносӣ иҷро карда истодаанд.

Дар маҷмуъ, босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ  аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок нигоҳбони боэътимод дорад. Масъулини соҳаи нақлиёт низ борҳо эътироф карданд, ки   бе  «IRS»  вазъи ин роҳ хеле бад мегашт. Аз ин бармеояд, ки Ширкат ҳамон тавре ки баъзеҳо мепиндоранд, танҳо ба «пулчинӣ» машғул набуда, ҷиҳати нигоҳдории вазъи хуби роҳи Душанбе – Чаноқ  ҷаҳду талош мекунанд. 

Дар баробари таъмири роҳ, бартарафсозии бетаъхири тармаҳо, коркардаи мунтазами роҳ бо маводи зиддилағзиш, бунёди инфрасохтор, инчунин, пешниҳоди иттилои саривақтӣ дар бораи ҳолати роҳ барои «IRS» самти афзалиятнок аст. Ширкат якҷо бо «Вавилон-Мобайл» хизматрасонии ройгони ирсоли паёмак «IRS-роҳи бехатар»-ро роҳандозӣ намуд. Бо пайваст шудан ба ин хизматрасонӣ, ба ҳар як истифодабарандаи алоқаи мобилӣ сари вақт тариқи паёмак дар бораи вазъи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак дар ҳолати ба амал омадани хавфи тармафароӣ, шароити номусоиди обу ҳаво барои ҳаракати нақлиёт ва ё баста будани роҳ бо маълумоти дақиқ оид ба қитъаи роҳ иттилоъ расонида мешавад. Иқдоми мазкур пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарӣ дар шароити кӯҳистон барои истифодабарандагон тариқи иттилоотонии саривақтии онҳо равона карда шудааст.

Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нав аст, мо баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоятҳо ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешавем. Ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, ширкат тамоми эроду  пешниҳодро муҳим мешуморад ва барои  баррасии он мунтазам саъю кӯшиш менамояд. Бо ин мақсад, ҳамчунин ҷиҳати дақиқтар муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. Дар ин замина, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии Ширкат гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали  Ширкат – 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, хоҳишу дархост ва эроди худро пешниҳод намояд, то ин ки дилпур бошад, ки дар робита ҳатман тадбирандешӣ мешавад.

Роҳ аз лиҳози моҳият барои дилхоҳ кишвар муҳим буда, маҳз чунин хусусият доштан манзалати онро дар ҳаёти инсонҳо хеле боло бурдааст.  Фаъолияти 16 солаи  «IRS»  собит намуд, ки, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбати хеле зиёд дошта, аҳдофи он, пеш аз ҳама, коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он аст.  Муҳим он аст, ки аҳли «IRS»  ба дастовардҳо қаноат накарда, азмашон барои афзун намудани онҳо бениҳоят қавӣ аст.

 Ҳоло ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сулҳу ваҳдати пойдор, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мушкилот, ин азобу шиканҷаҳо ва шабҳои сарди зимистонро дар таги ағба рӯз карданҳо аз миён бардошта шуданд. Имрӯз мардум бо дили пур ва бе ягон мушкилот саҳар аз Душанбе баромада ба шаҳри Хуҷанд ё дихоҳ нуқтаи роҳи Душанбе – Чаноқ мерасанду бегоҳ пас мегарданд. Зеро ин роҳ мисли кафи даст ҳамворанд. Моҳиятан имрӯз роҳҳои Тоҷикистон мушкилкушои мардуманд. Ва мардум шукрона мекунанд, ки ба ин рӯзҳо расиданд. Шукрона мекунанд, ки Сарвари оқилу дурандеш доранд. Шукрона мекунанд, ки осмони диёрашон софу беғубор аст. Бигзор доим чунин бошад.

Ҷамила Ҳусейнова,

 СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube