Турсунзода –равзанаи дӯстӣ

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо!!! 

Шаҳри Турсунзода на танҳо яке аз шаҳрҳои калони саноатии мамлакат, балки равзана ва ё даричаи дӯстиву рафоқат низ ба шумор меравад, зеро маҳз мардуми ин шаҳр аксарияти меҳмонони хориҷии моро тариқи марзи байналмилалӣ қабул намуда, аз меҳмонони олиқадри кишвар низ пайваста мизбонӣ мекунанд. Мухбирони газетаи СССР тасмим гирифтанд ин ҳафта ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, дар бораи рушду пешрафти ин шаҳр 1  гузориши вежа омода намоянд.

Бояд гуфт, ки охирин маротиба мо 7 сол пеш меҳмони ин шаҳр шуда будем ва бо гузашти ин ҳама вақт шаҳри Турсунзодаро, ки ба маротиб тағйири мусбӣ  кардааст, нашинохтем.

Маҳал ба маҳал

20.11.2025. Соат бо вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Акрамзода Парвиз Акрам, раиси шаҳри Турсунзодаро дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дарёфтем. Раис бо ҷамъи муовинон ва масъулони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр омодаи сафар ба яке аз ҷамоатҳои дурдаст – Работ барои ошноӣ бо объектҳои ҷашнии бунёдшаванда ва ҳаёти сокинон омодагӣ мегирифтанд.

Мо ҳам нияти пайвастан ба ин гурӯҳро кардему Парвиз Акрамзода ҳам бо хушнудӣ қабул намуданд. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки раиси шаҳр ҳафтаи аввал нест, ки аз деҳаҳову ҷамоатҳо боздид ба амал оварда, бо шароити зисти мардум ошно шудаву арзу пешниҳод гӯш намуда, бо рафти корҳои ободонӣ дар маҳал шиносоӣ мекунад. 

Воқеан ҳам ҳамин усул – маҳал ба маҳал ва ё деҳа ба деҳаву масҷид ба масҷид, ки айни замон дар тамомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади суҳбат бо аҳолӣ роҳандозӣ шудааст, беҳтарин кор аст, зеро бо ин васила раисону масъулон назди мардум рафта, эътимоду боварии сокинон ба ҳукуматҳо меафзояд.

 Афзалият – мактабҳои нав дар деҳот

Нахуст мо роҳ пеш гирифтем сӯи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов.

Он ҷо қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода сурат гирифта, пас аз мулоқот бо мардум раис аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаби № 21 ошно шуданд. Бояд гуфт, ки бинои нави мактаб аз ҷониби МИҲД ш.Турсунзода ва шахсони эҳсонкору мардуми ҳамин маҳал, алалхусус хоҷагидорону муҳоҷирони корӣ бунёд шуда истодааст. Бинои худи ҷамоат низ таъмиру азнавсозӣ гашта, барои қабули аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ин ҷамоат номи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҷӯра Раҳмонов – Ҷӯра Саркори шинохтаи советиро дорад, ки дар борааш соли 1970 филми бадеӣ ба навор гирифта буданд. Писарони Ҷӯра Саркори машҳур дар қайди ҳаёт буда, мо шумораи баъдӣ ҳатман дар бораи шодравон ва зиндагиномааш муфассал хоҳем гуфт. Мо Метавонем!

 Дар идомаи сафар раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва ҳайати корӣ, ки мухбирони газетаи СССР низ шомил буданд, аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Работ шинос шуданд.

Роҳбарияти шаҳр нахуст ба деҳаи Ширкент ташриф оварда, ба корҳои сохтмонии бинои нави МТМУ №94, ки тибқи лоиҳа аз 16 синфхона иборат аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

 Дар деҳаи Қипчоқи ҷамоати деҳоти Работ раиси шаҳри Турсунзода бо сокинон аз наздик ҳамсӯҳбат шуда, вобаста ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таълиму тарбияи насли нав дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ва расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар мулоқот карданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони деҳаи Қипчоқ ба корҳои ободонӣ даст зада, роҳи деҳаашонро бетонпуш намуда истодаанд.

 Дар деҳаи Хайробод бошад сокинон ба сохтмони 4 синфхона ва 1 утоқи омӯзгорон шурӯъ карданд. Айни замон бо ҷалби устоҳои маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Дар деҳаи Деҳвак сохтмони 12 синфхона, дар деҳаи Ҳуснобод 12 синфхона ва 2 утоқи омӯзгорон бо дастгирии МИҲД шаҳри Турсунзода бунёд гардидааст, ки бо тамоми шароити муосири таълимӣ баҳри насли наврас ба истифода дода шудааст.

 Дар идома аз бинои наву замонавии МСД Ҳуснобод, бинои нави таълимгоҳи деҳаи Асбоб иборат аз 24 синфхона ва бинои нави муассисаи таълимии деҳаи Олимобод боздид ба амал овардем. Парвиз Акрамзода зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти гуногун бо сокинон оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, бахусус эҳтироми парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ сӯҳбат намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як шахси худогоҳу хештаншинос бояд пеш аз ҳама Ватани худро сидқан дӯст дорад ва муқаддасоти онро ҳифз ва эҳтиром намояд.

Беш аз 800 синфхонаи нав дар 5 сол

Лозим ба таъкид аст, ки дар зарфи 5 соли охир дар шаҳри Турсунзода беш аз 800 мактабу синфхонаҳои нави иловагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тавре Лайло Абдуллозода, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода таъкид медорад, айни замон дар шаҳр ягон мактаби садамавӣ нест ва шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 154 адад мерасад. Аз ин теъдод 93 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Шахсан маро 1 падида хеле хуш омад – дар майдони сохтмони яке аз мактабҳои деҳот соҳибхонае омада гуфт, ки розӣ аст нисфи замини ҳавлияшро барои бунёди майдончаи варзишии мактаб диҳад. Соҳибкори дигаре наздики 2 га замини шахсиро барои сохтмони мактаб додааст.

Дар назди мактаби навсохт сокинон ҷамъ шуда, дар бораи гузаронидани хатти гармии муттамарказ маслиҳат мекарданд. Чанд нафар соҳибкор аз пойтахт закоти худро барои сохтмони мактаби нав дар деҳаи дурдаст додаанд – марҳамат мактаби нав тайёр!

 Яъне мардум дарк кардаанд, ки тариқи ҳашарҳои мардумӣ, эҳсону хайр ва ободкорӣ метавон дар паҳлӯи ҳукумату давлат истода, баҳри ояндаи кӯдакони хеш саҳмгузор буд. Шояд ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2024 – 2025 омори дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар дар байни хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Турсунзода 91,8%-ро ташкил намуд.

459 иншооти ҷашнӣ

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.

 Тавре дар суҳбат бо Парвиз Акрамзода маълум гашт, дар давоми солҳои 2022-2024 ва нуҳмоҳи соли 2025 дар шаҳр 366 иншоот ба маблағи 426,4 млн. сомонӣ ба истифода дода шуда, дар 93 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, айни замон бо маром идома доранд.

Роҳ ва сохтмон

Дар мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Турсунзода низ роҳсозиву таъмири роҳҳо, хосса байнидеҳавӣ бо маром идома доранд. Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 282,2 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 22,8 км аҳамияти байналмилалӣ ва 5,9 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад.

– Дар соли 2025 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва мардум зиёда аз 40 км роҳ мумфарш ва бетонпӯшкунии роҳҳо ба нақша гирифта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 70,2 км роҳҳо, аз ҷумла 49,2 км мумфаршкунӣ ба маблағи 23 млн. 271ҳазор сомонӣ ва 21 км бетонпӯшкунӣ ба маблағи 3 млн. 582 ҳазор сомонӣ ба анҷом расондашуда, корҳо дар ин самт идома доранд. таъкид дошт зимни суҳбат Парвиз Акрамзода.

 Ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, масалан ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки роҳҳои деҳаҳои дурдасти наздимарзӣ, ки дар фасли зимистон сокинонаш ҳатто то ба маркази ҷамоат, ҳоло шаҳр он тараф истад, фаромада наметавонистанд, соҳиби роҳи ҳамвору мумфаршу бетонпӯш гарданд.

 Дар баробари таъмири роҳҳо сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна низ дар шаҳри Турсунзода вусъат доранд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2025 дар шаҳр ба маблағи 322, 3 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, 62641,4 м квадратӣ сохтмони манзили истиқоматӣ ва иншооти таъиноташон гуногун ташкил шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7361 метри квадратӣ зиёд аст.

Сармоягузорӣ

Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар шаҳри Турсунзода сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 25,9 млн доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки аз онҳо сармоягузории ғайримустақими хориҷӣ ба маблағи 16,51 млн. доллари ИМА ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи 9,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 аз 539 лоиҳа иборат буда, маблағи 1 млрд.139 млн. 425 ҳазор сомониро дар бар гирифта, иҷрои Барнома давоми солҳои 2020-2024 ва 9 моҳи соли равон ба маблағи 1 млрд.122 млн. сомониро ташкил намуд.

 Деҳаҳо обод мешаванд!

Ба пойтахт хеле дер, аммо руҳбаланд баргаштам. Аз дидани ин ҳама ободкориҳо, хоса дар деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ хеле шод шудам. Воқеан ҳам мардум имрӯз ҳамқадами замонанду саъй мекунанд дар паҳлӯи Ҳукумати кишвар буда, баҳри ободии хонаву дар, кӯча, маҳал, деҳа ва шаҳру ноҳияи худ бикӯшанд, барои насли наврас шароити лозима фароҳам оранд, барои зиндагии шоиста талош кунанд.

Рӯзи дигар зимни омода намудани ин репортаж чашмам ба сомонаи МИҲД ш.Турсунзода афтод. Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бо ҳайати корӣ ин рӯз дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ қарор дошта, қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр баргузор гардид.

 Роҳбарияти шаҳр бо сокинони деҳаҳои Батош, Даҳбед, Маданият, Чуянчӣ, Имоми Аъзам, Зарнисор, Юлдош Ашуров, деҳаи дурдасти Наврӯз ва якчанд маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз наздик ҳамсӯҳбат шуданд. Сокинони деҳот иброз доштанд, ки бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушду пешрафти диёри хеш саҳми арзанда гузошта, як қатор иқдомҳои бунёдкоронаро рӯи даст гирифтаанд.

 Аз он ҷумла дар деҳаи Батош 1 муассисаи томактабии замонавӣ иборат аз 3 ошёна барои 200 кӯдак, дар деҳаи Меҳробод 1 маркази саломатии деҳавии замонавӣ, дар деҳаи Имоми Аъзам 1 толори варзишӣ ва 1 чойхона барои сокинон, дар деҳаи Зарнисор 1 адад толори варзишии замонавӣ, дар деҳаи Юлдош Ашуров бинои нави муассисаи таълимии №44 бунёд гардидааст, ки дар қисме аз онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

 Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе – Турсунзода – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube