ФИЛМИ ТОҶИКИРО КАЙ МЕБИНЕМ?

Шаби 11- уми моҳи май филмеро тариқи ТВ Синамо бахшида ба иди Ғалаба аз ҷониби филмофарони давлати ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон тамошо кардаму ба синамогаронаш аҳсан гуфтам. Чун филм таҳти сарпарастии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев наворбардорӣ шудааст, дар сатҳи олӣ манзури тамошобинон карда шуд. Воқеан филми хубу беҳтарин. Қаҳрамонҳояш ба образ чунон дода шуда буданд, ки гумон мекунӣ барои ҳамин нақш онҳо ба дунё омада бошанд. Медонам, ки барои ба чунин сатҳ гирифтани филм дастандаркорон заҳматҳои зиёде мекашанд.

Чанд андешаамро ба синамогарони тоҷик мерасонам. Ёд дорам, дар ҷамъомаде Пешвои миллат ба аҳли фарҳангу синамо муроҷиат карданд, ки 1 филми таърихӣ, 1 филме аз таърихи тоҷикон офаред, ман шахсан худам сарпарастӣ хоҳам кард. Аммо ку ҳамон филму ку ҳамон коргардони боқувват, ки ин ҳамаро амалӣ кунад?  Актёрҳои хуб зиёд дорем, аммо филми тамошобоб не. Масъулон бояд, барои гирифтани филми хубу таърихӣ бо ин синамогарон ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ монанд.

Усмони Ҳайдар, хонандаи доимии газетаи СССР аз н. Вахш

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube