ҚАНДИ СИЁҲ ВА АСАЛ

Мо ҳамарӯза дар ҳар оила аз қанду шакар истифода мебарем. Аммо тавре ҳамсояҳо мегӯянд хурдани аз меъёр зиёди қанди сафед ба саломатӣ зарар дорад. Боз дар бозорҳо имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки қанди сафед чунон сиёҳ аст, ки гуё аз хоктуда тайёр карда шуда бошад. Ба харидорони онҳо менигарию мебинӣ, ки ҳамаи онҳо мардуми одӣ ҳастанд. Пас аз истеъмол онҳо ба бемориҳои гуногун гирифтор нашаванд кӣ мешавад?  Вақти он аст, ки истеҳсоли шакари худии аълосифатро ба роҳ монем. Мо зид не, ки мардум асал хӯрад, ҷои шакар. Вале  дақиқан на ҳама оилаҳои мо ба харидани асал дастрасӣ доранд. Магар вақти он нест, ки истеҳсоли мини сехҳои шакар роҳандозӣ гарданд ва ҳамин гуна халтаҳои худсохти қанди сафед аз бозорҳо тавассути рейдҳои махсус аз байн бардошта шаванд. Ва ҳамин гуна соҳибкорон барои истеҳсоли қандҳои пастсифат, ки барои саломатии ҳамаи мо махсусан мардуми одӣ зарар дорад, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд?

Нусратуллои Хайриддин, сокини ш.Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube