ФУТБОЛ: МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД…

Газетаи мардумии СССР боварии комил дорад, ки вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам  Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарият ва шахсони масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони доираи соҳибкории мамлакат дар пешрафт, муосиргардонӣ ва рушди футболи ватанӣ марҳилаи наву тозаро оғоз мебахшад.

 

Дидори судманд

Кайҳо боз чунин мулоқоти васеъи судманд бо ҷомеаи футболи ватанӣ доир нагардида буд ва аз ин рӯ, аксари роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ин паҳлӯи муҳими ҳаёти иҷтимоии мардум, яъне ФУТБОЛ бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир менамуданд. Нодида мегирифтанд, ки футбол яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, омили муҳими инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс мебошад.

Дар вохӯрии мазкур вазъи имрӯзаи футбол дар Ҷумҳурӣ аз ҷониби шахси рақами 1 дар футболи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, гузоришҳои раисони вилояти Хатлон (Саид Давлаталӣ) ва Суғд (Аҳмадзода Раҷаббой), масъулони дигар шаҳру ноҳияҳо дар бораи рушди соҳаи футбол дар минтақаҳои кишвар, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо шунида шуд.

Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳа, шунидани гузоришҳои масъулон оид ба муайян намудани мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо, инчунин бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди футбол дар Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки боварии комил дорем бечуну чаро иҷро шуда, ба рушду пешрафти футболи тоҷик вусъати нав мебахшанд.

 

Клубҳо пуштибони қавӣ дошта бошанд!

Тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ, бояд;

-Тамомии дастаҳои иштирокчии Лигаҳои футболи Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони вилоёт ва шаҳру ноҳияҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ҷиҳати рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, таъсиси дастаҳои нав ва таъмини онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, такмил додани инфрасохтори дастаҳо, мутобиқ гардонидани буҷаи дастаҳо ба талаботи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё чораву тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

-Бо мақсади ҷалби шумораи бештари мухлисон ба бозиҳо, ташкили фароғати мадании аҳолии кишвар, бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон дар Лигаи Олӣ шабона баргузор шаванд.

-Барои ин кор варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, Кӯлоб, Хатлон ва Фархор ҳатман бояд бо системаи рӯшноидиҳии замонавӣ таъмин шуда, дар варзишгоҳҳо табло ва ё намолавҳаи электронӣ насб карда шавад.

 

 Суғду Талко  ҷумбид: дигарон чӣ?

Айни замон, ба мо маълумоте мерасад, ки дар аксар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар Ширкати филизии тоҷик (ТАЛКО), Вазорати мудофиаи ҶТ ва раёсати вилояти Суғд роҳбарон, аллакай даст ба кор шудаву паи ислоҳи камбудӣ ва беҳтар гардонидани инфрасохтори дастаҳои худ ва иҷрои бевоситаи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ шудаанд. Зеро маҳз ҳамин ниҳодҳо аз ҷониби президенти ФФТ мавриди танқиди сахт қарор гирифта буданд. Масъулин кӯшиш доранд  дар наздиктарин фурсат камбудиро рафъ ва дастуру супоришҳоро иҷро кунанд. Аммо ҳанӯз ҳам якто-нимто раисони хоболуде ёфт мешаванд, ки то ҳол мавзуро дастбакор нашудаанд ва ё шуда ҳам бошанд, на ба он тавре ки лозим аст…

Мавзуъро пайгир мемонем ва таҳти назорати худ қарор медиҳем!  Мо Метавонем!!!

 

Нуралӣ Хоркашев,

корманди ФФТ,

Махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube