ФУТБОЛИ РАШТ

Боби 1. Пешниҳоди генералӣ

Ҳанӯз дар нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2023 баргузор гашт, аъзои Комиҷроияи Федератсия, Сардори ШВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода пешниҳод намуд, ки ба рушду инкишофи футбол дар шаҳру навоҳии водии Рашт таваҷҷӯҳи вежа зоҳир карда шавад. Зеро чанд соли охир бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштани Раиси Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун, собиқ раиси ноҳияи Нуробод – Ҳасан Дӯстзода, Федератсияи мазкур, қариб, ки фаъолияташро қатъ карда, футбол дар ин минтақа дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Мусобиқа байни дастаҳои футболи ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун, ки ба он мақоми Лигаи дуюми Тоҷикистон дода шудааст, дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор карда намешуд. Новобаста, аз он ки газетаи мардумии СССР дар мавзуи мазкур чандин маротиба матлаб нашр намуда буд, мутаассуфона аз ҷониби дастандаркорони футболи минтақа барои эҳё ва рушду инкишофи ин паҳлӯи муҳими ҳаёти иҷтимоии мардум, хасе болои хасе гузошта нашуд, ки нашуд.

Мусаллам аст, ки пешниҳод генерал Ҳамидзода бесабаб ва бе ҳадаф набуд. Зеро аз 1 тараф баргузор шудани мусобиқаҳои футболӣ далели суботу оромӣ ва тинҷиву осудагии ҳаёти мардум дар минтақаи Рашт бошад, аз ҷониби дигар эҳё гардонидани мусобиқа ба дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав аз ҳисоби наврасону ҷавонони ин минтақа ва ҷалби онҳо ба ҳайати бошгоҳҳои футболи кишвар ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамин буд, ки аъзои Комиҷроияи ФФТ доир ба рушду инкишоф футбол дар минтақаи Рашт қарори дахлдор қабул намуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолат чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Боби 2. ФФТ чораандешӣ мекунад

Дар паи иҷрои бевоситаи қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, назорати иҷрои он ба зиммаи Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов гузошта шуд. Бо ибтикори Федератсия ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ таҳти раёсати Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов бо иштироки роҳбарони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор ҷаласаи корӣ баргузор гашта, дар он мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасии амиқу дақиқ қарор гирифт.

 Боби 3. Дастгирии Хуршед Мирзо

Қобили зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо тамоми 6 дастаи аъзои Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун аз ҳисоби Лигаи футболи Тоҷикистон бо сарулибоси бозикунӣ ва тӯбҳои футболбозӣ таъмин шуданд. Ширкати букмекерии “Формула-55” бошад, ба сифати сарпарасти Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, маблағи ҳақи хидмати ҳайати доварон ва нозирони бозиро ба зиммаи худ гирифт. Ба ин тартиб, танҳо омадурафт ба бозиҳо ва пардохти хароҷоти роҳкирои доварону нозири мусобиқа дар бозиҳои хонагӣ ба зиммаи дастаҳои иштирокчӣ вогузор карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Рашт 6 даста иштирок мекунад. Мусобиқа аз 2 қисм иборат аст ва тибқи он ҳар даста 5 бозӣ дар сафар ва 5 вохӯрӣ дар майдони худ мегузаронад. Ба ин тартиб, роҳкирои ҳайати хидматрасон дар бозиҳои хонагии дастаҳо дар маҷмуъ 3,5 – 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вале мутаассифона аз рӯи хабарҳои ба мо расида, аксари дастаҳо дар пардохти ҳамин маблағи ночиз низ танқисӣ мекашанд, ки воқеан ҳузновар аст.

Боби 4. Рашт чемпиони водӣ!!!

Дар мусобиқаи имсола дастаи “Рашт”-и ноҳияи Рашт мақоми аввалро ишғол намуд. Дар рафти гузаронидани мусобиқа баргузоркунандагон ба баъзе мушкилоти дигар ҳам рӯбарӯ шуданд. Банда низ дар ин давра чандин маротиба ба минтақа сафари корӣ дошта, ба шавқу шӯр ва муҳаббати наврасону ҷавонони раштӣ ба ин намуди зебои варзиш аз наздик ошно шудам. Ногуфта намонад, ки дастаи футболи ноҳияи Нуробод 2 сол паи ҳам ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар рафти амалисозии “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” гузаронида мешавад, роҳ ёфта, ҷоизадори он гаштааст. Ин гуфтаҳо ҳама далели он мебошанд, ки бозии футбол дар минтақаи Рашт низ ҳаводорони зиёде дорад. Бозиҳо бисёр сертамошобин ва пуршавқ баргузор мешаванд. Бахсус тамошои бозии дастаҳои “Меҳргон”-и Нуробод ва “Рашт”-и Рашт бисёр диданиву шавқангез аст.  Бозии ин дастаҳо дар деҳот аз рақобати “Равшан” VS “Истиқлол” ё каме муболиға кунам, Реалу Барселона монданӣ надорад. Мо метавонем!

Боби 4. Дар ҷустуҷӯи Раҳими Ғармӣ

Мушкили асосӣ дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар минтақаи Рашт, набуди сарпарасти доимӣ мебошад. Футбол бозии дастаҷамъона аст ва сарпарастиву дастгирии он ҳам агар дастаҷамъона бошад, нур болои нур мешавад.

Борҳо навиштем ва боз ҳам мегӯем, ки агар сарватмардони раштӣ, ба монанди Раҳими ғармӣ, ки дар хайру сахо вақтҳои охир шӯҳраи замон гаштаст, ба ин намуди зебои варзиш заррае таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, дар наздиктарин маврид футболи минтақаи Рашт яке аз пешрафтатарин футбол дар кишвар мешавад. Акои Раҳим! Бисёр не, пули ҳамон 2 хонаи ба камбизоатон тақдимкардаатонро солона ба КФ “Рашт” гузаронед, ҳам хайри ҷория мешаваду ҳам дили садҳо ҳазор ғармиро хурсанд мекунед.

Мо Метавонем!

Нуралӣ Хоркашев,

СССР

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube