ҒАФУРОВ ШАШУМИН КОТИБИ ЯКУМИ КМ ПК (б) ТОҶИКИСТОН

Аз миёни шашгонаи аввали котибони якуми Партияи Коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров нахустнафар аз тоҷикони бумист, ки дар ҳамин сарзамин ба дунё омадаву камол ёфтааст. Дар бораи ин фарзанди оламшумули тоҷик, хизмат, ҷоннисорӣ, мартабаи илмӣ ва ё хайр ончунон нигоштаанд, ки ҳисоб надорад. Чун маврид муносиб омад, аз сарчашмаҳои мухталиф кору зиндагии ин абармардро гулчин ва ба зевари табъ кашидем.

Халқи тоҷик бо фарзанди барӯманди хеш мефахрад. Хизмати шоёни Бобоҷон Ғафуровро дар давраи соҳибистиқлолӣ Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намуданд.

Шоири номвари Покистон Файз Аҳмади Файз дар соли 1979:

«Ин фарзанди бузурги тоҷик (Бобоҷон Ғафуров) дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад».

 

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

31-уми декабри соли 1909 дар деҳаи Исфисори уезди Хуҷанд (ҳоло шаҳри Ғафуров), дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Басо хушоянд аст, ки мегӯянд Ғафуров писари бонуи донишманд, шоири номвари тоҷик, шахсияти маъруфи кишвар Розия Озод аст. Мавсуф дар тарбияи модари меҳрубон ва шахсияти фарҳангӣ ба воя расидаву азизи ҷони модар ва миллати хеш гашт.

Бобоҷон Ғафуров аз модари хеш меболид ва аз ин бора дар мақолаи «Дурӯягии ҷаноби Монтей», ки соли 1969 дар маҷаллаи бонуфузи СССР «Огонёк» чоп шуда буд, чунин менигорад: «Ман хушбахт будам, ки дар хона аз модари босаводи худ аввалин қиссаву афсонаҳо, аввалин одоб ва аввалин ҳикматҳои классикони худро омӯхтам…».

 

ИБТИДО ЖУРНАЛИСТИКА

Бобоҷон Ғафуров аз соли 1928 то 1930 шунавандаи Курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд буд. Солҳои 1930-1934 дар Комиссариати халқии адлияи РСС Тоҷикистон ва идораи рӯзномаи «Қизил Тожикистон» фаъолият намуд.

Ҳамчунон ӯ дар ин айём ба симати мухбири махсуси рӯзномаи «Овози тоҷик» кор карда, дар як вақт бо рӯзномаи ПК Тоҷикистон «Тоҷикистони Сурх» низ ҳамкорӣ дошт.

Соли 1931 Ҳукумати кишвар Бобоҷон Ғафуровро ба Университети умумииттифоқии коммунистии журналистии Москва раҳнамун сохт ва ӯ соли 1935 онро сарбаландона тамом кард. Дар журналистикаи тоҷик Б. Ғафуров аз нахустин воломақомон аст.

Пас аз хатми донишгоҳ Б. Ғафуров дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тожикистон» ҳамчун сармуҳаррир ифои вазифа намуд.

 

ИОСИФ БРАГИНСКИЙ

Нимаи дувуми солҳои 30-юм роҳи ҳаёти Бобоҷон Ғафурови журналист маҷрои нав гирифт. Ба фаъолияти ӯ мудири шуъбаи матбуоти ПК (б) Тоҷикистон Иосиф Самуилович Брагинский аҳамият медиҳад. Он замон кормандони шуъбаҳо ҳама рус, аз ҷумла котиби якуми ПК низ рус буданд. Брагинский ба котиби якуми ҳизб Протопопов мегӯяд, ки дар КМ будани як тоҷики босавод ҳатмист…

Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров соли 1937 мудири шуъбаи КМ ПК (б) Тоҷикистон таъин мегардад. Котиби КМ ВКП (б) Ярославский, ки бо Институти таърихи АИ СССР ҳамкорӣ дошт, дар симои Бобоҷон Ғафуров ташкилотчӣ ва шахси донишмандро мебинад. Маҳз бо тавсияи ӯ соли 1941 Ғафуров котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатсия таъин мешавад.

 

ПАРВОЗИ БАЛАНД

Бобоҷон Ғафуров моҳи майи соли 1945 котиби дувум ва соли 1946 котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон интихоб мегардад. Дар зарфи даҳ соли фаъолият дар ин вазифа вай корҳои зиёдеро дар кишвар ба субут мерасонад. Бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Душанбе соли 1948 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ва ғайра созмон меёбанд…

 

ҶАЛБИ ДОНИШМАНДОН

Тоҷикистон – Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии 7-уми СССР акнун 17 сола буд, ки Бобоҷон Ғафуров бар маснади олии роҳбарии кишвар нишаст. Он замон ПК(б) Тоҷикистон нақши пешбарандаи давлати онзамона маҳсуб меёфт…

Баҳри ба по хезондани қомати давлат барои ҷумҳурии ҷавони советӣ дар ҳама соҳаҳо мутахассисон-кадрҳо намерасид. Аз ин рӯ, Бобоҷон Ғафуров дар ҷалби нафарони саводнок, ҳунармандону донишмандон аз ҷумҳуриҳои дигар ба Сталинобод кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Бо ёфтани огаҳӣ аз мавҷудияти ин ё он мутахассис ва ё ҳунарваре шахсан ба он макон мерафт. Бо он нафар дар суҳбат шуда, ба пойтахти давлати Тоҷикистон мехондаш. Ӯ хуб эҳсос мекард, ки давлат бе аҳли илму фарҳанг буда наметавонад.

Бобоҷон Ғафуров қабл аз ҳама ба овардани устод Садриддин Айнӣ ба шаҳри Душанбе кӯшид. Барояш замини ҳавлӣ ҷудо карда, хона сохтанд ва тамоми шароитҳоро муҳайё сохтанд. Ҳамин тавр, пайи ҳам ба Душанбе таърихшиносони маъруф А.А. Семёнов, А.Ю. Якубовский, В.В. Струве, И.И. Умняков, М.С. Андреев, Б.А. Литвинский ва даҳҳои дигар ҷалб шуданд.

Баробари омадан донишмандон бо хонаву дар, ҷойи кор ва тамоми шароитҳо таъмин мегардиданд. Академик А.А. Семёнов директори Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш таъин гардид.

14-уми апрел қарори якҷояи КМ ПК, Президиуми Совети Олӣ ва Совети Вазирони Тоҷикистон дар бораи «Таъсиси Академияи РСС Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Бо созмон ёфтани Академия самараи заҳматҳои чандинсолаи Бобоҷон Ғафуров ҷомаи амал пӯшид. Устод Садриддин Айнӣ Президенти нахустини Академияи илмҳо интихоб гардид. Олимони шинохта Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, И.И. Антипов – Каратаев, А.А. Семёнов, Б.Н. Ниёзмуҳамедов, А.Ю. Якубовский, С.М. Юсуфова аввалин академикҳои ин боргоҳи илм мебошанд.

 

ТАЪРИХШИНОСИ БАРҶАСТА

Бобоҷон Ғафуров солҳои 1938-1941 аспиранти Институти таърихи АИ СССР буд. Ҳамон давра бо ҳамкории Н. Прохоров нахустин асари мукаммали таърихӣ – «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва Истиқлолияти миллии ватани худ»-ро анҷом дода, 9-уми майи соли 1944 дар Институти таърихи АИ СССР баррасӣ менамоянд.

Онҷониб ибтидо аз солҳои 30-юм ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик пардохта, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таърихи фирқаи Исмоилия аз ибтидои асри XIX то Ҷанги якуми ҷаҳон» соли 1941 дифоъ кард.

Б. Гафуров соли 1947 «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намуд, ки он нахустин асари мукаммал дар бораи таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ин китоб ба забони русӣ тарҷума ва дар Москва се бор (1949, 1952, 1955) ба табъ расид. Соли 1952 Шурои илмии Институти таърихи маданияти моддии АИ СССР барои таълифи китоби мазкур ба Бобоҷон Ғафуров унвони доктори илми таърихро муносиб донист.

Бобоҷон Ғафуров он овон ҳамзамон дар Мактаби олии коммунистии зироат (1936-1938), Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (1939-1940) ба таълиму тарбия машғул шуда, мудири сектори Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии АИ СССР (1942-1948) буд. Самтҳои асосии тадқиқоти Б. Ғафуров омӯзиши таърихи халқи тоҷик, таърихи ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Шарқ ва ғайра буд.

Боиси зикр аст, ки Ғафуров яке аз муҳаррирони масъули «Таърихи халқи тоҷик» (панҷ китоб дар се ҷилд) аст, ки он солҳои 1963-1965 ба нашр расид…

 

ҚАБРИ РӮДАКӢ

Яке аз хизматҳои шоёни Бобоҷон Ғафуров ин пайдо кардани қабри Одамушшуаро Рӯдакӣ аст. Ӯ сараввал ба ин кор устод Садриддин Айниро ҷалб намуд. Дар ин миён ҷустуҷӯву пажӯҳиш зиёд идома кард, ки ба тафсилот дода намешавем…

Чун сухан аз диёри Самарқанд будани зодагони устод Рӯдакӣ мерафт ба ин кор котиби якуми ПК Панҷакент Шараф Муҳаммадиевро ба ин гурӯҳ шомил карданд. Дар ниҳоят он маконро дар рустои Рӯдак дарёфтанд. Барои ковишҳои бостоншиносӣ ва барқарор намудани симои устод Рӯдакӣ антрополог, ҳайкалсоз ва муаррихи маъруфи советӣ Михаил Михайлович Герасимов даъват шуд.

Моҳи ноябри соли 1956 Герасимов дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент қабри Рӯдакиро, ки бар асоси далелҳои муътамад муайян шуда буд, кушода тарҳи чеҳра ва танаи ӯро (то апрели соли 1957) аз рӯи косахонаҳои сар ва баданаш меофарад. Бори нахуст портрети Рӯдакӣ дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957) ба намоиш гузошта шуд. Баъдан дар асоси ҳамин портрет чеҳранигорони тоҷик акси Рӯдакиро бо услуби хеш офариданд. Намунаи барҷастаи он – амали рассоми мониқалам Борис Серебрянский аст, ки он тасвир алҳол дар осорхонаи шаҳри Панҷакент маҳфуз аст…

 

ҒАФУРОВ ВА СТАЛИН

Яке аз вохӯриҳои ёдмони Бобоҷон Ғафуров бо роҳбари давлати СССР, котиби генералии КМ ВКП (б) Иосиф Виссарионович Сталин 23-юми январи соли 1948, соати 22,35 бо иштироки котиби КМ Андрей Александрович Жданов, Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба вуқуъ пайваста. Дар ин дидор намояндагони кишвар масоили зиёдеро мавриди назар қарор медиҳанд. Ин ҷо бо овардани як пора аз он суҳбат қаноат мебарем.

«…ҒАФУРОВ: – Иосиф Виссарионоич халқи тоҷик медонад, ки таъсиси ҷумҳурии мо ба туфайли исрору пофишории Шумо, бо фармони КМ ВКП(б) СССР сурат гирифт. Он вақт ҳатто дар миёни худи тоҷикон ҳам касоне буданд, исбот мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Ва дар ин хусус ба шумо телеграммаҳо фиристоданд…

СТАЛИН: – Бале, дар ин ҷумла Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, исбот кардан мехост, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд. Аммо чуноне ки мебинед, на танҳо вуҷуд доранд, балки афзоиш меёбанд. Ва ин халқ халқи махсусест, ки аз ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо фарқи калон дорад. Туркҳо дар Осиёи Миёна асрҳои XI-XII ҳазорсолаи мо пайдо шудаанд, аммо эронинажодон дар онҷо аз асри V то ҳазорсолаи мо сукунат доранд.

ҒАФУРОВ: – Ҳатто аз асри шашум, рафиқ Сталин…».

 

ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСИИ СССР

Соли 1956 Бобоҷон Ғафуров директори Институти шарқшиносии АИ СССР таъин гардид. То омадани ӯ Институт дар системаи АИ СССР мавқеи намоён надошт. Донишкада он замон 110 корманд дошт, ки онҳо дар 8 шуъба кор мекарданд.

Бобоҷон Ғафурови нафари ташкилотчӣ, қобилу уҳдабаро самти тадқиқотҳо, сохтори институтро тағйир дода, бо муассисаҳои илмӣ ва институтҳои мамолики хориҷӣ робита барқарор намуд. Шаборӯз баҳри амалишавии нақшаҳои хеш ҷадал мекард. Мақому мартаба, дониши академӣ, дипломатӣ, заҳматҳои зиёд, муносибати нек бо ҳамтоён, ҳамкорон ва ғайра Институтро аз вартаи нобудӣ вораҳонд. Дере нагузашта Институти шарқшиносии СССР дар миқёси ҷаҳон маъруф гашт.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди шарқшиносии советӣ бағоят бузург аст. Ҳини роҳбарӣ шуъбаҳои нав – Африқо, кишварҳои арабӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ташкил ёфтанд. Дар ҷумҳуриҳои бародарии Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон марказҳои нави шарқшиносӣ арзи вуҷуд карданд.

Дар ин давра таҳти назари Бобоҷон Ғафуров бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуи муҳими таърихи давлатҳои Шарқ ба табъ расид. Мавсуф дар конгрессҳои байналмилалии шарқшиносон (аз конгресси 24 то 30) ҳайати вакилони советиро роҳбарӣ карда, ҳамчун президенти Ассотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар амалишавии ду лоиҳаи ЮНЕСКО – «Шарқ-Ғарб» ва «Омӯхтани таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» саҳми арзанда гузошт.

Бо ташаббуси бевоситаи Б. Ғафуров мавзуи таърих ва фарҳанги аҳди Кушониён ба барномаи тадқиқотии ЮНЕСКО ворид шуда, соли 1968 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони Кушониён баргузор гардид.

 

«ТОҶИКОН» – И ҒАФУРОВ

Донишманди маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, академик Бобоҷон Ғафуров аслан аз солҳои 30-юм ба омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик оғоз намуда. Сарфи назар аз он, ки дар кадомин вазифа масъулият дошт, хоҳ дар рӯзнома, хоҳ дар Комитети Марказӣ ва хоҳ дар Институти шарқшиносии СССР, вай пайваста таҳқиқот мебурд.

Ба ҳисоби умумӣ Ғафуров муаллифи бештар аз 400 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Монографияи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» (Москва, 1972, тарҷумаи тоҷикии қисми 1-1983, қисми 2-1985) аз муҳимтарин таълифоти донишманди забардаст маҳсуб меёбад.

«Тоҷикон» заҳмати беш аз 30-солаи донишманд аст. Оғози кор аз соли 1939 буда, соли 1972 китоби «Тоҷикон» дар Москва (нашриёти «Наука») ба табъ расид. Таърихшиносони маъруф бо ин китоб бори аввал дар Ашқобод, дар Конфаронси ЮНЕСКО оид ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX-XX (соли 1972) ошно гардиданд. Дар он дидор худиву бегонаҳо аз ин китоб хуш истиқбол карданд. Ҳарифони миллати тоҷик пинҳону ошкоро садо баланд мекарданд.

Ховаршиносони номвар А. Окладников, Б. Пиатровский, И. Минс, А. Коростовсев, А.Нарочнитский, Ричард Фрай ва даҳҳои дигар ба ҳимояи «Тоҷикон» қомат афроштанд.

Сар аз солҳои 70-ум ин шоҳасар бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони японӣ (1977, Япония), бо лаҳистонӣ (1978, Полша), бо забони тоҷикӣ (дарӣ) бо ҳуруфи форсӣ (1984, Кобул), бо англисӣ дар Деҳлӣ (1984) чоп шуданд…

Дар давраи соҳибистиқлолӣ китоби «Тоҷикон» солҳои 1998, 2009, 2010, 2011 ва чопи англисии он (2011) дар Тоҷикистон бо теъдоди зиёд рӯи чопро дид. «Тоҷикон» ҳамчунон бо забонҳои дигар, аз ҷумла бо забонҳои арабӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд.

 

ДОНИШМАНДИ ОЛАМШУМУЛ

Академик Бобоҷон Ғафуров дар тарғибу нашри мероси адабию фарҳангии форс-тоҷик саҳми арзанда доранд. Бо ташаббуси муаррихи забардаст «Анталогия таджикской поэзии» (Москва, 1951) нашр гардидааст.

Мавсуф ҳамчунон узви ҳайати таҳририяи «Китобхонаи адабиёти ҷаҳон» (дар 200 ҷилд) барои интихобу нашри намунаҳои беҳтарини адабиёти халқҳои Шарқ, аз ҷумла осори адибони форс-тоҷик заҳматҳои зиёде ба бор доштанд. Дар ин силсила қисмате аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо муқаддимаи Бобоҷон Ғафуров ба табъ расид. Бо ибтикори ӯ дар Москва нашри интиқодии «Шоҳнома» (бо хатти форсӣ дар 9 ҷилд) чоп шуд. Соли 1961 ҳамчунон зери таҳрири Ғафуров «Афсонаҳои тоҷикӣ» (таҳияи Р. Амонов) ба забони русӣ рӯи нашрро дид.

Мавсуф кори илмиро бо фаъолияти иҷтимоӣ ҳамоҳанг намуда, Президенти Ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши фарҳанги Осиёи Марказӣ, раиси Кумитаи Шурои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ, ноиби Президенти Иттифоқи байналхалқии тадқиқот оид ба Шарқ ва Осиё, раиси Кумитаи миллии советии Ассотсиатсияи илмии уқёнуси Ором, раиси Кумитаи советии мукофоти Фирдавсӣ (мукофоти муштараки СССР ва Эрон дар соҳаи адабиёт, аз соли 1972), раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо буд.

Бобоҷон Ғафуровро дар миқёси ҷаҳон, бахусус дар Шарқ, чун сиёсатмадори варзида ва олими шарқшинос хуб мешинохтанду  ба эҳтиромаш қоил буданд…

 

СОҲИБОНИ «ШАШМАҚОМ»

Солҳои 40-уми асри XX дар яке аз ҷаласаҳои фавқулодаи ҳукумати ҳамсоякишвар мусиқии «Шашмақом»-ро мусиқии дарборӣ ва феодалӣ ангошта, онро дар қаламрави кишвар манъ карданд. Ва тарғибгарони ин мусиқиро гунаҳгор донистанд. Иддае иброз медоштанд, ки таблиғгарони ин мусиқӣ ҷазо бояд бигиранд.

Бо маслиҳати устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Тошканд устодони ин жанри мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва чанде дигар мактаб ва намояндагони барҷастаи суннатии «Шашмақом» чун мусиқии ҳазорсолаи тоҷик пайи ҳам ба шаҳри Сталинобод омаданд. Роҳбари тавонманди кишвар Бобоҷон Ғафуров барои онон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтанд…

Бобоқул Файзуллоев (Бобоқулака; 1899-1964), ҳофиз, навозанда ва мақомдони тоҷик,  Ҳофизи халқии РСС Тоҷикстон (1947).

Яке аз шогирдони қобили танбӯрнавози машҳури бухороӣ Саидҷон Аваз бо таклифу маслиҳати устод Айнӣ дар қатори ҳунармандони санъати мусиқӣ соли 1936 ба Душанбе омад. Ҳамон сол Файзуллоев аввалин маротиба ба воситаи радиои умумииттифоқ (Москва) порчаҳои «Шашмақом» -ро иҷро намуд. Баъди ташкили Ансамбли шашмақомхонони радиои Тоҷикистон (1946) яке аз роҳбарони ин даста буд. Сурудҳои классикии тоҷикро бо маҳорати баланд иҷро мекард. Чун мутриби мумтоз, хусусан танбӯрнавоз шуҳрат ёфт.

Моҳи октябри соли 1942 бо даъвати расмии Раёсати санъат нахуст

фориғуттаҳсили Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский (1941) Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) аз Тошканд ба шаҳри Сталинобод омад.

Шоҳназар Соҳибов (1903-1973) хатмкардаи студияи ӯзбекӣ (синфи композиторӣ)-и Консерваторияи Москва (1941) соли 1948 бо даъвати роҳбарияти Тоҷикистон ба Душанбе омада, ҳамчун роҳбари мусиқӣ ва бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт.

Соли 1949 бо ибтикори устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дастаи ҳунарии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфт. 16-уми декабри соли 1991 ба ансамбли мазкур номи Фазлиддин Шаҳобов гузошта шуд.

Фаъолияти муштараки ин се устоди забардасти мусиқии суннатӣ ба сабти нотавии мусиқии классикии «Шашмақом»-и тоҷик оғоз меёбад. Бобати рӯи адвор овардани «Шашмақом» ва нашри асари панҷҷилдаи «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва В.Беляев (Москва, 1950-1967) саҳми босазо гузоштанд.

Садсолаҳо ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри пос доштани матни азими «Шашмақом» маврди амал қарор гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон меҳнати шоёни ин се абармарди санъати миллиро (3+1) бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ сарфароз гардонд. (соли 1972)…

Соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри дувуми сабти нотавии «Шашмақом» амалӣ шуд. Ин нишондод зарурати омӯзиш ва нигаҳдошти мероси мондагори устодони «Шашмақом» Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов ва Б. Файзуллоев дар фарҳанги муосир маҳсуб меёбад…

Шоёни зикр аст, ки соли 1977 Б. Ғафуров дар назди Шурои байналмилалии мусиқиӣ дар назди ЮНЕСКО масъалаи омӯзиши мероси мусиқии Шарқро гузошт, ки бо қарори ин созмон ва Шурои миллии мусиқии СССР нахустин Симпозиуми байналмиалии мусиқишиносӣ дар соли 1978 (пас аз вафоти онҷониб) дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

 

МАРТАБАИ ВОЛО

Асарҳои академики АИ СССР Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои хориҷӣ дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Карочӣ, Варшава ва ғайра ба табъ расидаанд. Барои фаъолияти хуби илмӣ Б. Ғафуров узви фахрии ҷамъияти шарқшиносии Полша, узви хориҷии Академияи илм ва санъати Босния ва Герсоговинаи Югославия (1973), доктори фахрии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон (1970), Донишгоҳи Теҳрон (1973) интихоб шудааст.

Депутати Шурои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 1-3), депутати Шурои Олии СССР (даъватҳои 2-7) буд.

Бобоҷон Ғафуров бо 6 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнати Муғулистон ва Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва ғайра мушарраф гардидааст.

 

МОСКВА – ДУШАНБЕ

Нимаи солҳои 70-ум Бобоҷон Ғафуров худро ноҷур эҳсос мекунад. Ӯ ба гирифтор шудани хеш ба бемории саратон огаҳӣ дошт. Биноан барои манзили охират нақшаи сафарро ба Ватан тарҳрезӣ намуд.

Қабл аз парвоз бо шаҳри Москва, ки 21 соли умри пурбаракати хешро дар ин диёр гузаронда буд, видоъ гуфт. Сараввал ба Майдони Сурх омада, қад-қади девори Кремл гом ниҳод. Сипас бо мошин Академияи илмҳои СССР, муҷассамаи Пушкин, Театри калон ва дигар маконҳои таърихиро дидан карда, пасон ба роҳ баромад.

Дар шаҳри Душанбе, чанде дар беморхонаи ҳукуматӣ хобид. 12-уми июли соли 1977 қалби фарзанди барӯманди тоҷикон, ходими давлатӣ, таърихнигор, шарқшинос, академики АИ РСС Тоҷикистон (1951), академики АИ СССР (1968, узви вобаста, 1967), Қаҳрамони Тоҷикистон (1997) аз тапидан бозмонд…

 

Давид Кугултинов, шоири машҳури қалмиқ (Москва, 1983): 

 «Ҳар миллатеро сарваре чун ӯ мебояд. Агар аҳли илму адаб чеҳраи миллат бошанд, Бобоҷон Ғафуров барои покии ин чеҳра мубориза мебурд».

 

 Умари ШЕРХОН

22.4.2024  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube