ГУЛАВЗО САВРИДДИНОВА: ТОБУТИ МУРОДУЛЛОҲ ШЕРАЛИЗОДА МОРО НАҶОТ ДОД…

Собиқ раиси ш.Исфара, вакили Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар соли 1992

    – Дар ҳақиқат он солҳо мураккаб буданд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфтаву алангаи он авҷ гирифт. Бо назардошти ин мо 1 гурӯҳ вакилони халқ ба Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем, ки ҳарчи зудтар ҳамин Иҷлосияи 16-ум баргузор шуда, дар он бояд ҳамаи чораву тадбирҳо барои пешгирӣ кардани ин муноқишаҳо қабул карда шавад. Бинобар ҳамин Президиуми Шӯрои Олии мамлакат чанд вариантро дида, вилояти Ленинободро интихоб карданд, зеро инҷо боамнтар буда, шароити баргузории он ҳам фароҳам буд.

 

Соҳибназаров зидди интихоби раиси нав буд!!!

Хушбахтона аксарияти вакилони халқӣ барои ширкат ба ин иҷлосия, ҳатто бархе аз майдони ҷанг хеста омаданд. Аз 230 вакил 197 вакилон иштирок намуданд. Албатта дар байни вакилон буданд нафароне, ки намехостанд он баргузор гардад, ҳамеша бо пешниҳоди бемаънои худ ин ё он масъалаба зид мебаромаданд, вале новобаста аз ҳамаи ин иҷлосия баргузор гашт ва тамоми масъалаҳои рӯзномаи он баррасӣ шуданд. Ман ҳамеша бо вакил Аслиддин Соҳибназаров баҳс мекардам, он кас пайваста таъкид медоштанд, ки мо ҳоло барои интихоб намудани раиси нави Шӯро омода нестем, лек ман баръакси ин гуфтаҳоро ҳарф зада, ба эшон исбот менамудам, ки роҳи интихобкардаи мо росту дуруст аст.

Ҳадафи асосии ин иҷлосия пеш аз ҳама интихоби раиси нави Шӯрои Олӣ буд, ки шахси ҷасуру матинирода бошаду тамоми халқи Тоҷик дар гирди ӯ муттаҳид шавад. Мо чунин шахси муносиб ва арзандаро дар симои вакили онвақта Эмомалӣ Раҳмонови ҷавон дидем ва ба ӯ 196 нафар вакил якдилона овоз доданд. Он давра Тоҷикистон 1 киштии шикастаро мемонд, ягон нафар ба ҳукумату давлат итоат намекард. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, интихоби масъулияти раҳбарии давлат худ 1 қаҳрамонӣ буд.

 

7 зан – 7 ситора

Дар Шӯрои Олии мамлакат мо 7 нафар вакил-зан будем. Аз вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод ман, раиси онвақтаи ш.Исфара, Адолат Раҳмонова аз н.Данғара, Рафиқа Мӯсоева, Мамлакат Қаҳҳорова, Азиза Анварова-вакилон аз ш.Душанбе, Валентина Абдуссамадова аз н.Қумсангир ва Зуракан Давлаталиева аз н.Ҷиргатол.

Мо занҳо фаъолтар, дилсӯзтар, масъулияти бештар доштем. Рӯзҳои баргузории иҷлосия бисёр ғам мехӯрдем, новобаста аз он, ки дар вилояти Леинободи онвақта ҷанг набуд, вале мардум маъюс, ғамгин буданд, фазои вилоят ҳам гирифта буд. Ба назди ман мардуми хеле зиёд меомад, то ин ки кӯмаки худро барои оташбас гузоранд, сидқан кор мекарданд, ҳатто бубинед ҳамон солҳо ҳаҷми истеҳсол ба маротиб афзуда буд дар вилоят.

Вақте ки номзадии вакил Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, ҳама вакилони занҳо тарафдори ин шахс шудем. Зеро ин ҷавонмард дар рӯзҳои басо душвор, вазъи мураккаби сиёсӣ, метавонист мамлакатро раҳбарӣ кунад. Эмомалӣ Раҳмон то ин дам 3 сол бо мо ҳамкорӣ доштанд, дар ҳамаи муҳокимаҳо фаъол буданд, сухангӯ буданд, дарки баланди масъулият доштанд, ҳамеша мегуфтанд, ки мо бояд дӯстии минтақаҳоро наздиктар кунем, духтар диҳему арӯс биёрем.

 

Самарае, ки бор овард- сулҳ!

 25.11.1992. Сардорони гурӯҳҳои силоҳбадаст Сангак Сафаров, аз мухолифин Ҷумъа Буйдоқов, Ёқуб Салимов, Мирзоев гуфтанӣ 1 нафари дигар ба толор ворид шуданд. Инҳо бояд бо масъалаҳое, ки мо бардоштем, воқиф мегаштанд. Онҳо парчами Тоҷикистонро ба чашм молиданд ва омодагии хешро барои сулҳу субботи Тоҷикистон баён карданд. Пас аз ин ман аз ҷоям хеста, микрофон ба даст гирифтаму гуфтам, ки ба хотири тинҷиву осоиштагӣ, сулҳу суббот, якдигарфаҳмӣ, ояндаи Тоҷикистон ва фарзандони мо қумандонҳо якдигарро ба оғӯш гиранд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Баъдан фаҳмидем, ки роҳбари ҷавони мамлакат, агар рӯзҳо дар кори иҷлосия иштирок кунанд, шабона тавассути чархбол ба минтақаҳо рафта, бо гурӯҳҳои мухолифин вомехӯрданд, музокирот мекарданд. Ин буд самараи ин сафарҳои шабонаи Эмомалӣ Раҳмон, ки Сулҳ ба бор овард.

 

Ҷанозаи Муродуллоҳ Шерализода моро наҷот дод…

05.05.1992. Мехоҳам 1 вроқеаи дигарро ин ҷо баён кунам. Мо ба ш.Душанбе барои ширкат дар иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олӣ омадем. 1 гурӯҳ вакилон аз толор ба фойеи бино мефаромадем, ки садои тир садо дод, дар назди чашмони ман вакили мардумӣ, журналист, сардабири «Садои Мардум», Муродуллоҳ Шерализодаро парронданд…ин даҳшат буд.

Пагоҳаш бо кӯмаки дӯстон 1 автомашина пайдо намуда, бояд ба шаҳрҳоямон бармегаштем. Вазъият ҳассос буд. Ба Ленинобод тавассути Узбекистон мерафтем, дигар роҳ набуд. Дар роҳи Шаҳринав 1 гурӯҳ, ки худро «фидоӣ» номидаву дар асл каллабурони ҳизби наҳзат буданд, мошини моро манъ карданд. Моро аз мошин фароварданд, мардҳоро 1-2 мушт ҳам заданд, вале ба ман касе кордор нашуд. Ҳамаи моро қатор гузошта, куштан мехостанд. 1 соат дар интизори садои тир ва марги худ будем. Баногоҳ тавассути ратсия хабар доданд, ки роҳро кушоед, колона рафта истодааст. Ҷаллодони «фидоӣ» роҳро кушоданду мо ҳам хеле зуд ба мошин нишаста, фирор намудем. Баъдан фаҳмидам, он колона, ки моро наҷот дод,  колонаи тобути Муродуллоҳ Шерализода будааст, ки ба зодгоҳаш ш.Панҷакент мебурданд. Ҳамин тавр тобути Муродуллоҳ Шерализода моро аз марг наҷот дод…

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube