Калимаи камбизоату камбағалро аз ҷониби ҳамсоягоне, ки дар кӯчаамон зист доранд, зуд – зуд мешунидам, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат кӯмакпулӣ мегиранд. Ҳафтае нест, ки 2-3 нафар ба редаксия омада, дар бораи аз рӯйхати камбизоатӣ берун шуданашон наноланду нагирянд. Бо назардошти ин редаксия супориш дод, ки худ камбизоат шаваму худро ба ҷойи одамони ба қавле камбағал эҳсос намояму аз мушкилашон нависам. Мо Метавонем!
Пролог
Солҳои кӯдакӣ дар ҳамсоягиамон Нодира ном зане зиндагӣ мекарду 1 духтари болиғ ва 1 писари маъюб дошт, ки аз кӯмакпулии гирифтааш ба ҳамсоягон хушхабар медод. Шавҳараш дар мактаби деҳа аловмон (кочегар) шуда кор мекарду рӯзгоре сангин доштанд. Агар боре ба нафаре ягон кумакпулӣ меоварданд, ин зан даъво мекард, ки чаро ман канор мондам? Аммо ҳамеша бар замии даъвогар будан, шукрона мекард, ки фарзанди маъюбаш таҳти ғамхории давлату Ҳукумат қарор дорад…
Нагӯ, ки ман камбизоатам!
15.11.2024. Соат ба вақти Бохтар 09:25 дақиқа. Дар роҳ бо нияти таҳлили матлаб банд будам, ки нафари шиносам, аниқтараш писари холаамро вохӯрдам. Баъди аҳволпурсӣ хостам, ки ӯро санҷаму ба ӯ гуфтам, ки каме маблағ лозим шуда мондааст. Кӯмаки ту лозим. Ӯ бошад, гапҳои Худораҳматии бобоямро пеши рӯям оварда, аҷаб пандам дод:
–Одам худро ҳеҷ гоҳ бояд камбағал нагирад! Худованд дасту пойи равон ақли расо ва сиҳатӣ бахшидааст, пас аз он истифода бар! Нагӯ, ки ман камбизоатам!
Аммо чун редаксия супориш дод «камбизоат шав!», ман дар пеши худ мақсад гузоштам, ки боре камбағал бошам. Ва роҳи сафарро ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пеш гирифтам. Акнун ман камбизоатам ва бояд камбизоат чӣ гуна бошад? Камбағал дар Тоҷикистон киҳо буда метавонанд? Ва оё камбағалон аз кумакпулиҳои яквақта ва доимӣ бархурдор ҳастанд? Саволҳои дар сар доштаамро хостам аввал мушоҳида намояму баъдан хулоса бардорам.
Дар сар андешаҳои беҷавоб ба ноҳияи А. Ҷомӣ расидем. Чуноне ман бо чашми сар дидам, сатҳи зиндагии мардуми ин ноҳия назар ба солҳои пешин ба маротиб боло рафтааст. Одамони зиёдеро вохӯрдам, ки бо замона ҳамқадаманд. Аммо барои таҳлили пурраи мавзуъ моро лозим буд бо масъулони бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия ҳамсӯҳбат шавем. Мо метавонем!
Камбизоатӣ коҳиш меёбад!
Бенёмин Ибодов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия қайд кард, ки соли гузошта нишондодҳои оморӣ 16 % нафарро камбизоат тасдиқ менамуд, аммо назар ба соли гузашта имсол каме ин рақамҳо поин қарор дорад. Ба гуфтаи Б. Ибодов нафароне, ки вобаста ба шомил шудан ба рӯйхати камбизоатӣ муроҷиат менамоянд, сараввал аз онҳо дар бораи шарту шароити зиндагӣ, қувваи корӣ, сатҳи зиндагии оила маълумот гирифта, баъдан ба феҳристи камбизоатон ҳамроҳ менамоянд.
– Агар рафту қувваи кории басанда ва шароити хубро мушоҳида кардем, мо наметавонем ин гунаҳоро оилаи камбизоат гӯем. Зеро дар таҷрибаи мо ҳамин гуна ҳолатҳо бисёр дучор омадааст, ки мардум шарту шурути хубе доранд, вале худро камбизоат мехонанд– гуфт мавсуф.
600 сомонӣ ҳамагӣ 1 бор
Ҳамасола дар арафаи иду айём ба оилаҳои камбизоат ба ҳаҷми 600 сомонӣ кӯмакпулии иловагӣ аз тарафи Сарвари мамлакат ва буҷети кишвар дода мешавад. Масалан: агар ман имсол ин кӯмакпулиро дастрас карда бошам, соли дигар имкони гирифтани онро надорам. Чунки соли баъдӣ боз ба дигар оилаҳо расонда хоҳад шуд. Аммо мардуми мо ин чизро дуруст нафаҳмида, мехоҳанд ҳар сол ин маблағро ба даст оранд- мегӯянд масъулон-Яъне, осиёб ба навбат!!!
Ин пораматлаб воқеан ҳам посух ба он модари ёвонист, ки дар шумораи гузашта, ҳайрон навиштаст, ки чаро ӯро аз рӯйхати камбизоатон хат задаанд.
1 умр дар рӯйхати камбизоатӣ
Пештар мешунидем, ки фалонӣ 1 умр кӯмакпулӣ гирифтааст. Ҳоло ҳам мутаасуф ҳастанд оилаҳое, ки кӯмакпулиро мисли маош кардаанду пули бе дарди миён ба даст меоранд. Ҳол он, ки ҳама талошу кӯшишҳои давлат баҳри он равона шудааст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум беҳ гардад, рӯзгори шоистаро, ки замоне орзу доштем, бубинанд, на ин ки дастнигари давлат боқӣ монанд. Аммо баъзан оилаҳо аз ин рӯйхат баромадан намехоҳанд.
Дар робита ба ин мавзуъ Б. Ибодов ба хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР иттилоъ дод, ки мо албатта барои пеши роҳи ин гуна ҳолатҳоро гирифтан монеагӣ мекунем, ҳатто ба баҳс мегузарем. Чаро ӯ гирифту мо мондем, гуфта, баҳс ҳам мекунанд.
Дар шаҳри Бохтар ҳам бо масъули бахши ҳифзи иҷтимоӣ сӯҳбате доштем. Умедҷон Азимов, мудири бахши мазкур гуфт, ки барои ба рӯйхати камбизоатӣ шомил шудан ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
- Маълумотнома дар бораи ҳаёти оилавӣ
- Нусхаи паспорт
- Маълумотномаи маъюбӣ
Ёд дорам замоне дар суханронияшон Сарвари мамлакат дар бораи доштани имтиёзҳои ботили гурӯҳи маъюбӣ, ба вежа аз сӯи мансабдорон, изҳори нигаронӣ карда, гуфта буданд:
“Он одамон, ки сари мансаб ҳастанд, нисфашон нафақаи аз ҳама зиёд, кумакпулиҳои доимӣ ва имтиёзҳои бештареро соҳибанд. Аммо баъди таҳлил маълум шуд ягон маъюб набуда, баръакс ба чашми Ҳукумат хок мепошанд».
Чунин фиребгариҳо то кай идома меёбад? Агар ҷилави ҳамин амалҳои номатлуб гирифта нашавад, метавонем садди роҳи чунин қонуншиканиҳо гардем? Савол риторикист…
Имтиёзҳо барҳам хӯрданд?
1 корманди шабакаҳои барқ, ки ошнои деринаам буд, рӯзе шикоят кард, ки агар дари хонаи дилхоҳ нафарро барои ҳаққи пардохти қувваи барқ назанӣ, коғази камбизоатӣ нишон медиҳад. Магар ба ҷойи пеш рафтан мо ҳама камбизоат шуда истодаем? Ҳамин суолро мо аз масъули бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия А. Ҷомӣ пурсон шудем. Дар посух Ибодов илова кард, ки якчанд имтиёзе, ки солҳои пеш буданд, барҳам хурдаанд, ғайр аз хизматрасонии тиббӣ, ки 50 % озод месозад, дигар имтиёзҳо аз миён бардошта шудаанд.
«Камбизоат»-и доро
Ҳоло ба назар мерасад, ки шумораи ташкилоту ширкатҳое, ки ба камбизоатони тоҷик кӯмак мекунанд, зиёд шудааст. Ва гуё мақсадашон “кумаку дастгирӣ” бошад. Аммо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2024. таҳти № 488 дар бораи тартиби таъин намудани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандони камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва мусоидат ба шуғли аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоат бояд чораҳои зарурӣ андешад. Зеро аксарият он оилаҳое, ки худро ҳамчун оилаи камбизоат номнавис кардаанд, боз аъзое доранд, ки қобили меҳнатанд. Тавре ба мо иттилоъ доданд дар соли 2024 беш аз 300 оила аз рӯйхати камбизоатон дар ноҳияи А. Ҷомӣ бароварда шудаанд.
– Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат бояд сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёбад. Он оилаҳое, ки зисту зиндагии хуб доранду боз худро шомили феҳристи камбағалон мекунанд, бояд аз кори худ шарм доранд, – гуфт Б. Ибодов.
Эпилог…
Ба зодгоҳам омада, худро вориди хонаи апаи Нодира мекунам. Ҳамон зиндагии пешин, ҳамон хонаву палос ва ҳамон зиндагии пор, ки дошт. Писари маъюбаш мехоҳад хонда, одами пулдор шаваду оилаашонро аз камбизоатӣ барорад. Зеро, тавре мегӯяд, ин зиндагӣ ба дилаш задааст. Мехоҳад, ки модараш мисли дигар занҳо фаррош не, соҳибхоназан бошад. Дунё ба умед гуфтаанд. Худо хоҳад мерасад рӯзе, ки Усмон хонда, соҳибмаълумот гардад ва 1 оилае аз рӯйхати камбизоатон кам шавад.
Ногуфта намонад, ки бо онҳо тибқи супориши редаксия рӯзе зиндагӣ карда, чунин хулоса бардоштам, ки нони камбағалро хӯрда мешудаасту гапи мардумро бардошта не.
…Муҳим, ман рӯзе бо сиҳатии комили ботиниву зоҳирӣ камбағал будам. Ва бо сари баланд мегӯям, ки аз уҳдаи супориши навбатии редаксия баромадам. Зеро мо дар якҷоягӣ Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
