Ҳафтае нест, ки дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи редаксия масъалаи сатру ришу либоси бегона матраҳ нагардад. Ҳамкорон аз дидаву шунидаҳо мегӯянду мо мухбирон мавзуъ интихоб мекунем. Ин бор сардабир дар бораи иштирокаш дар 1 базми арӯсие, ки дар гаронтарин тарабхонаи ш.Душанбе – «Яккасарой» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гашт, нақл намуд. Базми ба қавле шику ҳофизони шику дастархони шик, вале 1 нюанс дошт – арӯс бо сатри а ля туркӣ ва меҳмонон, аксарияти кулли бонувон бо сатру фуки баста, ки зери мусиқии ғарбӣ аҷаб меҷумбонданду меларзондандеее…
Воқеан ҳам чаро арӯсони тоҷик солҳои ахир ҳатто дар шаби арӯсии худ худро бандии сатр мекунанд? Ин чӣ анъанаест, ки ҳарчӣ бештар маъмул мегардад? Таассуб ё таъсири ба маротиб афзудани сафи ҳоҷиюн ва ё филмҳои туркӣ?
Мо тасмим гирифтем ин ҳафта аз бархе толорҳои арӯсии пойтахт дидан намуда, нарху навои либоси арӯсӣ, истифодаи сатр – фатаҳои арӯсӣ ва нархи иҷораи онҳоро бифаҳмем. Рафффтттееем!
Беш аз 100 толори арӯсӣ дар 1 пойтахт
Пеш аз оғоз дар бораи толорҳои арӯсии ш.Душанбе аз Интернет маълумот ҷустам. Сомонаеро пайдо накардам, ки махсус ба ин соҳа бахшида шуда бошад. Соҳибони ин толорҳо асосан худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд мегиранд. Дар баъзе аз сомонаҳои итиллоотӣ номи 92 толори арӯсиро пайдо намудам, ки суроғаву рақами телефонашон низ буд. Дар байни инҳо албатта толорҳои машҳуру маъруф амсоли «Шоира люкс», «Мавзуна Ҷовид», «Самира люкс», «Бриллиант», «Арӯсак молл», «Арӯсу домод», «Келинчак», «Зебо мобил», «Нигин» буданд, ки бо либосҳои зебову хизматрасонии олии худ дар байни мардум маъруфанд.
То 8000 сомонӣ…
16.11.2024. Соат бо вақти Душанбе 11:02 дақиқа. Барои боздид аз ин толорҳои арӯсӣ бароям баҳонае лозим буд, зеро агар гӯям худам тӯй мешавам хандаовар менамуд, охир синнам аллакай ба 50 мерасад. Бояд баҳонаи ё хоҳарам издивоҷ мекунад ё ба писарам келин мекунамро интихоб мекардам. Корамро масъули толори арӯсии «Мавзуна Ҷовид» осон кард: ӯ зимни ворид шудан ба толор дарҳол пурсид: духтар мебароред ё келин мекунед? Гуфтам, ки келин мекунам ва мехоҳам худам барояш либоси арӯсӣ интихоб намоям. Духтарҳо дар ин толор хеле хушҳол шуданд: чӣ хушдомани хуб!
Бояд гуфт, ки нархи иҷораи либоси арӯсӣ дар толорҳои «Мавзуна Ҷовид» ва «Шоира люкс», ки дар ҳақиқат хеле зебо ва шик аст, аз 3000 сомонӣ сар мешаванд. Либоси арӯсии нав, ки ҳамагӣ 1 ҳафта пеш аз Дубай ворид шудааст, 8000 сомонӣ арзиш дорад. Яъне бо 8000 сомонӣ келини номиналии ман метавонад беҳтарин либоси арӯсии пойтахтро шаби арӯсӣ бипӯшад! Танҳо барои 1 шаб!
Маълум, ки нархи иҷораи либоси нав, яъне пӯшиши якум гарон аст, вале нархи либоси арӯсие, ки аллакай 4-5 маротиба пӯшидаанд, арзонтар мешавад.
Дар ин 2 толор ман фатаи сатрдор надидам…
Таъсири ҷанги Украина ба бозори арӯсӣ
Тавре аз суҳбат бо духтарони масъули толорҳо маълум гашт, либосҳои арӯсиро ба Тоҷикистон аз Туркия, Дубай ва Тошканд ворид мекунанд. То оғози амалиёти ҷангӣ дар Украина, 90% -и либосҳои арӯсӣ бо тамомии ашёҳои лозима аз Украина ворид мешудааст. Шунидани ин хабар барои ман ҳам аҷиб буд.
Дӯзандагони украинӣ дар дӯхтану санг бастани либосҳои арӯсӣ дар байни кишварҳои ИДМ ҳамто надоштаанд, зеро тарҳрезӣ ва нақшу нигори дӯхташон аврупоӣ, нархашон ҳам дастрас будааст. Зимнан соҳибони толорҳои арӯсӣ ба ш.Киев рафта, аз он ҷо бо фармоишу супориш либос меоварданд. Расондани ин гуна бор низ роҳи худро дошт – ширкатҳои украинӣ ҳатман худашон «доставка» мекарданд. Аммо амалиёти ҷангӣ роҳ сӯи ин бозорро баст.
Тавре Ситора Ибодова, соҳиби толори арӯсии «Ситора» мегӯяд, ҳоло ҳама роҳҳо ба Тошканд мебаранд, чунки тарроҳу дӯзандагони турк дар ин шаҳр чанд корхонаи дӯхти сарулибоси арӯсӣ кушодаанду тамомии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз либоси арӯсиро аз Тошканд мехаранду меоранд. Нарх ҳам назар ба Туркия ва Дубай арзонтар аст.
Дар ин байн чанд пероҳани зеборо дидан мумкин аст, ки маҳсули дизайнерони Туркия ё Дубай мебошанд ва нархи иҷораашон аз 5 то 8 ҳазор сомонӣ аст. Ва ин гуна либосро на ҳамаи толорҳо имкон доранд биёранд.
Либосҳо дар ин толорҳои №1 ҳеҷ гоҳ зери чанг намемонанд, зеро толорҳои хурди дигар шаҳру ноҳияҳо омада, либосҳои куҳнаро мехаранду мебаранд.
Аз чакану адрас то туҳфа бо домод
17.11.2024. Соат бо вақти Душанбе 10:22 дақиқа. Дар ҳамаи толорҳои арӯсӣ дар баробари куртаҳои сафеди аврупоӣ ва фата ҳатман либосҳои зебои чакану адрасу атласро мебинед. Яъне аз худи арӯс вобаста аст, ки чӣ интихоб мекунад: хоҳад бо чакани сафед, тоқӣ бар сар, хонаи домод меравад ва ё бо либоси арӯсии аврупоӣ. Бино ба гуфти Замира Абдураҳимзода, масъули толори арӯсии «Келинчак» духтарон куртаҳои зебои чакану адрасу атласро барои чойгаштак ва ё рӯбинони хонаи шавҳар интихоб мекунанд.
– Агар духтарон аз мо либоси арӯсии аврупоӣ бигиранд, мо ҳамчун бонус барояшон иҷораи пӯшидани либоси миллӣ – чакану адраси арӯсиро ройгон медиҳем. Ҳатто ба домод либоси зардӯзиро ҳамчун бонус туҳфа мекунем. Ин ҳам тарғиби либоси миллӣ аст ва ҳам ҳавасмандкунӣ. Нархи иҷораи либосҳои миллӣ аз аврупоӣ албатта арзонтар аст – аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ. Ин ҳам вобаста ба пӯшиши аввалин ё такрорӣ мебошад. Либосҳои миллиро ҳам аз ш.Тошканд меорем ва ё ба тарроҳони тоҷик ба мисли Хуршед Сатторов фармоиш медиҳем. 1 либоси хуби чакани арӯсӣ то 5000 сомонӣ нарх дорад, дар 2-3 маротибаи пӯшиш ин нарх мебарояд, – мегӯяд Замира.
Сатр манъ аст!
Дар ҳар салон ман бо баҳонаи он ки бобои арӯсшавандаам ҳоҷӣ асту намегузорад наберааш бо рӯи кушода арӯс шавад, фатаи сатрӣ мепурсидам. Ва дар ҳар толор ба ин суолам бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Дар толори «Бриллиант» бошад масъул ҳатто пурсид, ки: «Муаллима, боз рейд набошад? Аз кумитаи занонӣ ё амният…ё прокуратура?».
Маълум шуд, аз рӯзе, ки қонун дар бораи манъи либоси бегона баромадааст, ба толорҳои арӯсии кишвар дастур додаанд, ки ба либоси сатри арӯсӣ роҳ надиҳанд. Ҳатто он вақте ки арӯсон бо худ руймол ё шарфи сафед меоранду хоҳиш мекунанд, ки дар толор бубанданд, ба ин кор роҳ дода намешавад. Дар ҳар толори арӯсӣ камераҳои назоратӣ гузошта шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз ҷониби намояндагони мақомоти қудратӣ дар якҷоягӣ бо кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, ҷашну маросим ва анъанаҳо рейдҳо мегузаронанд. Ва агар нохост аз толоре арӯс бо фатаи сатрӣ баромад, ҳатман ҳам масъули толор ва ҳам арӯс ҷарима мешаванд. Раёсати САҲШ – и кишвар ЗАГС низ сабти ақди никоҳро бо сатр қатъиян манъ кардааст. Арӯси сатрпӯш ЗАГС карда намешавад ва гоҳо арӯсон пеш аз тӯй сабти никоҳ мекунанд ё баъд аз тӯй бо либоси миллӣ.
Сатр манъ аст, вале…
Вақте сатрбандӣ дар толорҳои арӯсӣ манъ аст, пас ин гуна арӯсони сатрпӯш дар ресторанҳо чи гуна пайдо мешаванд? Ба ин суолам Замира Ибодова каме рушанӣ андохт. Ӯ гуфт, мо дар толор ба арӯсон либос пӯшонда, ороиш медиҳем ва гусел мекунем. Аксарият ба хона рафта, сатр карда, баъд аз рӯи он фата ё қоштилло мегузоранду аз хонаи падар мебароянд ва рост сӯи ресторан «шагом марш!».
– Нафаре аз толордорон имрӯз ин корро намекунад, зеро назорат сахту ҷиддӣ аст, то баста шудани фаъолияти толор ва ҷаримаҳои ҳангуфт, ба ҳар яки мо огоҳнома омадааст ва пайваста назорат бурда мешавад. Гоҳо баъзе тарроҳони рӯй (макияж), ки арӯсро дар хона ороиш медиҳанд, сатр мепӯшонанд. Ин кор дар хона сурат мегирад, на дар салон, – таъкид медорад Замира.
Ҳолати дигаре, ки толордоронро нигарон мекунад ин таъсири ҳоҷиҳо – падару модару бобову бибӣ ба интихоби либоси арӯсии фарзанду набераашон аст. Ҳоло ҳатто ҳоҷибобоҳо ба толорҳои арӯсӣ омада, бидуни арӯсшаванда либос интихоб мекунанд…
Ресторанҳо гунаҳкоранд!!!
Ман ҳоло суол ба масъулин дорам, ки чаро вақте толорҳои арӯсиро сахт зери назорат гирифтаед, тарабхонаҳоро фаромӯш кардаед? О, шумо намебинед, ки дар ҷашнҳои арӯсии мо сар аз арӯс то меҳмонон ҳама сатрпӯшанд? Чаро 1 бому дуҳавоӣ мекунед? Ё зӯратон ба ресторанҳои шик намерасад???
Вақте пӯшидани либоси бегона қонунан манъ аст, пас чаро шумо ин қонунро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он имзо гузоштааст, сарфи назар карда, арӯсони сатрпӯшро ба тарабхона роҳ медиҳед? Айб дар мош не, дар ош аст, муҳтарам масъулин!
Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
