Фарзонаи Аслон, хонандаи доимии СССР аз ш.Бохтар бо редаксия тамос гирифта, дар бораи баландии нархи гӯшту ҳасиб изҳори андеша ба миён овард.
– Дар оилаамон одат шудааст, ки ҳар субҳона ҳатман бояд ҳасиб бошад. Чунки фарзандонам ба ҳасибҳои бирёнӣ одат кардаанд. Рӯзе шавҳарам гуфт, дигар харидани ҳасибро ба шумо манъ мекунам. Оё медонед, ки нархи гӯшти тоза чи қадар асту ин ҳасибҳо чи нарх доранд? Шумо бошед ҳамчун гӯшт онро истеъмол мекунед. Кӣ медонад, бар дохили он чи қадар крахмалу дигар намуди хуштаъмиҳоро илова мекунанд? Ба нархҳои бозор назар кардаму 1 кило гӯшти говро 90 сомонӣ дидам, аммо ҳасиби навъи ” Лаззат” 1 кг 26 сомонӣ. Оё дар дохили ҳасибҳо гӯшт умуман ҳаст? Ва оё нархи гӯшт бо ҳасиб мутобиқат мекунад? Ҳар кас бозори худро дораду мардуми деҳот чизи арзони бисёр мекобад!
