(ё чигуна Маҳмуд Муродов ба 1 журналисти солдида хона надод…)
2 рӯз пеш, рӯзи борониву сард буд. Аз хонаам, ё ба қавли баъзе аз нафарон “ҳавличаам”, ки дар наздикии “Садбарг” аст ва онро бо фарзандони хурдсолам, бо меҳнати ҳалолу кулухдевор сохта будему бояд он хонаро бо сабаби бунёди хонаҳои наву замонавию боғчаи кӯдакон, ки масъули хонасозии шахсӣ, депутати шаҳрӣ, ки чун хонасози бовиҷдону Худотарс бисёриҳо номашонро мегиранду чун инсони хайркору боҳиммат маъруф ҳастанд, Маҳмуд Муродов, холӣ намоем. Вале то ба мувофиқа омадану розигию имзо кардани яке аз фарзандонам, ки аз соҳибмулкони хона асту 1 қисмати хона ба номаш ҳасту ба баъзе пунктҳои шартнома розӣ нест, яъне мехоҳад хона каме бо таъмир ва чандум ошёна буданаш маълум бошад, хона ҳоло дар ҷояш ҳаст.
Дар рӯзи сарду боронӣ, ки борон аз борониам гузашта, куртаву руймолам шип- шилта шуда буд, квартираи иҷоравӣ дар тарафҳои бозори маъмули 9 км мекофтам, он тарафҳо квартира мегӯянд арзонтар аст. Зеро ман, ки яке аз соҳибмулконам, маҷбур шудам, аз баҳри квартирапуливу пули таъмир гузашта, шартномае имзо кунам, то масоҳати квартираҳоямон андаке ҳам бошад, васеътар шаванд. Чун хонаҳоям хурд – хурд буданду аз ҷиҳати масоҳат камтар ва барои оилаамон, ки шукри Худо 2 келину набераҳо, боз дигар фарзандон ба сар мебаранд, хеле масоҳаташ кам.
Аз соли 2008 боз дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ дар ФР ҳастам ва вақт ёфтам, имкон нашуд, имкон шуд вақт нашуд, ки хонаамро васеътар ё дуошёна созаму квадраташро васеъ кунам. Зеро барои ман чун 1 рӯзноманигор, чун 1 фарди соҳибватан муҳим дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ будан, муаррифии соҳибкорони муваффақи тоҷикони муқими Россия буд, ки сарбаландона мавқеъ ёфтаанду дар ободиҳои Тоҷикистони азиз низ сарбаландона саҳмгузорӣ мекунанд…
Ҳиммати М. Муродов: устухонҳо тамом шуданд!!!
Масоҳати заминам васеь буд. Вале мутаассифона хонасозони ҳозира замини рӯи ҳавлиро ягон метрашро ба ҳисоб намегиранд. Ба наздикӣ бо Маҳмуд Муродов вохӯрӣ доштем. Хоҳиш кардам, барои худам, то тайёр шудани хонаҳои нав, бо хости Худо, ягон хонаи тайёр дар ягон биноҳои сохтагиашон дошта бошанд, диҳанд. Зеро ростӣ синну соламон ба ҷойе расидаасту инсон 1001 фикр мекунад. Яъне 1 хонача бошаду аз худат, иҷора набошад. Муродов гуфтанд, хонаи тайёр надорам. Шӯхӣ кардам, ки “хонаи шер бе устухон намешавад” – хандиду гуфт устухонҳо низ тамом шуданд. Вале то ҳоло дар 1 кунчи дилам боварӣ ҳаст, ки Муродов ақаллан ягон хонаи тайёр меёбанду медиҳанд, то ки дар хонаи мардум зиндагӣ накунам. Зеро дар синну соли мо…
Ҳиммати 1 таксист…
…Хуллас, зери борон андешаҳои гуногун дар сар қад-қади роҳи калони мошингузар мерафтам ва ҳарчанд кадом таксиеро манъ мекардам, ҳама бошитоб ё одаме нишаста. Аз бозори хӯрокворӣ поёнтар “Волга» -и ГАЗ-24 наздам истод. Бинам сари рул мӯйсафеди ришу бурути сап – сафед дошта, бо ҷомаи сабзу тоқии чустӣ, ки мегуфт, «Э хоҳар биё шин, сармот набарад, боз». Хурсандона борониамро бадар кардаву нишастам. Зеро борон ба қавле то устухонҳоям таъсир карда буд. Гуфтам то бозори “Ховарон” мебаред? Он ҷо хонаи писари хоҳарам ҳасту муваққатан баъзе чизу чораамон ҳамон ҷост.
Роҳравон сӯҳбатамон аз ҳар боб сари ободиҳову сериву пурӣ рафт. Гуфт нав 1 миқдор тахтаву оҳанро ба хонаи касе бурдаву омадам. Ҳама мардум ҳоло хонаҳои барҳавою болоошёна сохта истодаанд. Гуфтам, бале, шукронаи тинҷиву амонии Ватан, вагарне солҳои нобасомониҳо то солҳои 1999-ум мардум дигар фардо чӣ мешавад гуфта, ҷуръати1 хиштро болои хишт мондан надоштанд.
Мӯйсафеди ронанда, ки худро акаи Карим муаррифӣ карду дар тарафҳои Дарёобод зиндагӣ мекардааст, гуфт, рост хоҳар ҳоло ягон каси гушна, камбағал дар Тоҷикистон нест.
– Шукронаи Худованд ва шукронаи ободкориҳои Президентамон. Камтар кор кунӣ, зиндагиатро меёбӣ. Э, хоҳар агар касе аз ҳамин Президентамон нолад, кӯр мешавад. Ман ронандаам. Бо ҳамин мошинам, ки аз солҳои СССР ҳаст, ризқамро меёбам. Фарзандон ба Россия рафта меоянд, ёрдам мекунанд. Асос тинҷиву амонии Ватан. 1 бурда нон бошаду амонӣ бошад, хотири ҷамъ бошад. Ҳамаашро дидем. Тухми ҷорӯбу ҷувориву сабӯсро хӯрдем. Чӣ қадар ҷавонон, чи қадар мардум дар он солҳо аз бефаҳмию аз тири нохалафе бегуноҳ қурбон шуданд. Худо ба рӯямон бори дигар хандиду Ҷаноби Олӣ сарвару роҳбари давлату миллат таъин шуданд. Бо худашон ин Марди Худо файзу сулҳу баракат оварданд. Имрӯз мардум нони камтар қоқро, сиёҳро намехӯрад. Ин ҳамааш аз баракати Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз баракати амониву тинҷии ватан мебошад.
Баьди ин суханони рӯҳбахши акаи Карим хотирам чун осмони баъди борону абр, ки офтоб мебарояд, рушан шуд. Ба ҳамааш шукри Худованд, Шукронаи инсонҳое, ки дили бузургу шукргузору ҳиммати баланди Ҷавонмардӣ доранд. Шукронаи ободиҳои Ватан. Шукрона, ки бо ифтихор мегӯем, “Ман соҳибватанам, ватан модар дорам, Пешвои муаззами миллат дорем, ки ҳамеша пайи беҳбудиву осоиштагии мардуми Тоҷикистонанд!”.
Садбарг Боқиева,
журналист
