СИСТЕМАИ “CITY DUSHАNBE» БА БОЗБИНӢ НИЁЗ ДОРАД

Ҷовидон Идибекзода, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, гуфт, ки масъулони ширкати “City Dushаnbe» бояд системаи корти нақлиётиро бозбинӣ намоянд.

– Ман корти “Тахфифӣ” дорам ва зимни истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ аз он истифода мебарам. Бисёр қулай аст, аммо гоҳо системаи фаъолияташ ба мушкил дучор меояд. Масалан, имрӯз субҳ ба автобуси хатсайри №7 савор шудам, корт кор накард, ҳол он ки дар ҳисобаш пул дошт. Ронанда инро дида, гуфт, ки корт кор намекунад ва пул надорад. Маҷбур аз автобус фаромадам. Пас аз он автобуси хатсайри №15 омад, дудила ба он савор шудаму кортро ба валидатор наздик кардам – корт кор кард. Чунин ҳолатҳо бо мусофирон зиёд пеш меояд, корти “Тахфифӣ” баъзан ба корти “Хуш омадед!” табдил меёбад ва ё “Маблағ кофӣ нест” мегӯяд. Аз ин лиҳоз аз ширкати “City Dushаnbe» таклиф менамоям, ки системаи кортиро бозбинӣ намояд, то мо мусофирон дар роҳ намонем.

  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube