ОМӮЗГОРРО ДАР КӮЧА НАМЕМОНЕМ!

Агар маро пурсанд, ки аз 20 нафар чеҳраҳои шинохта дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, кормандони соҳаи фарҳанг, ки ба халқ хизмат кардаанд, дар ноҳияи Фархор, киро мешиносӣ, аввал ман номи устод Абдулҳамид Маҷидовро мегирифтам.

Вақте садои дили омӯзгорро бо номи «Номаи омӯзгор», «Зиндагӣ маҷбурам кард» дар матбуот хондам, танам ба ларза даромад. Агар ин масъулин -супоришиҷрокунандагон дар бораи вайрон кардани хонаи устод Маҷидов, гарчанде ин хонаи лоинаш 150 метр дур аз мактаб воқеъ мебошаду он солҳои 80-ум бо қарори коллективи омӯзгорони мактаб ба ӯ дода шудааст, аз мавқеи ҷуғрофиаш ба раиси ноҳияи Фархор, шахси ташаббускору созанда – Зариф Назирӣ сӯҳбат мекарданд, боварӣ дорам, ба «мехлопата» вайрон кардани хонаи омӯзгорро иҷозат намедод.

Аз ҳама аламовараш ин аст, ки устод ҳамсарашро дар ин рӯзҳо аз даст дода, ба хонаи бачаҳояш, духтаронаш рафта, бо хиҷолат шабашро рӯз мекунад. Аз ҳамин сабаб маҷбур шудааст, ки ба воситаи газетаҳо барои 1 хонаи лоин сохтан ба ҳама сокинони ноҳияи Фархор муроҷиат карда, ёрӣ пурсад. Афсӯс танҳо аз омӯзгорони 1 мактаби ноҳияи Восеъ ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ва аз Иттифоқи касабаи маорифи вилояти Хатлон ба маблағи 200 сомонӣ ёрӣ омада, аз тарафи 100 – ҳо кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бойбачаҳои таърифии Фархорзамин … ягон ташаббус барои кӯмаки ин шахси бузурги фархорӣ нарасидааст. Ман худам маблағи нафақаи 1 – моҳаамро ба устод А. Маҷидов медиҳам ва ба мардуми Фархорзамин ва фарзандони баномусу номвару сарватманду вазифадори ин ноҳия муроҷиат мекунам, ки биёед муаллимро дар кӯча намонем. Мо Метавонем!

Зайнулло Раҷабалиев,

аъзои ИЖТ,

н. Фархор,

Тел: 900800518

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube