СЪЕЗД (АНҶУМАН)-ҲОИ ҲИЗБӢ ДАР СССР (РСДРП, РСДРП(б) РКП(б), ВКП(б), КПСС)

Соли равон аз баргузории Съезди ХIII РКП(б), ки 21-31-уми майи соли 1924 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, 100 сол пур шуд. Дар Анҷуман 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд.

Чун қоида рӯзномаи маҷлис қабул карда шуд… Дар съезд ҳамчунон алоҳида-алоҳида ба ҳар як ҳайати вакилон мактуби В. И. Ленин – “Мактуб ба съезд” хонда шуд. В. И. Ленин дар ин мактуб зарурати нигоҳ доштани ягонагии партия, баланд бардоштани роли роҳбарикунандаи онро қайд намуд. Ӯ муттаҳидӣ ва ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯи КМ-ро шарти муҳимтарини нигоҳ доштани партия ва таъмин намудани роҳбарии коллективона медонист.

Бо ин мақсад В. И. Ленин таклиф мекард, ки адади аъзои КМ-то 50-100 нафар зиёд карда шавад. Съезд нишондодҳои В. И. Ленинро ба роҳбарӣ гирифта, ҳайати мақомоти роҳбарикунандаи партияро зиёд карда, КМ-ро иборат аз 53 аъзо ва 34 номзад ба аъзоӣ, Комиссияи марказии назоратро иборат аз 151 аъзо ва Комиссияи марказии тафтишотро дар ҳайати 3 нафар интихоб намуд…

Бо ин асос қарор додем дар бораи съездҳои КПСС, ибтидо аз анҷумани якуми РСДРП, аз соли 1898 то съезди XXVIII КПСС – анҷумани охирини ҳизб дар соли 1990 шингиле чанд барои хонанда пешниҳод намоем.   Съезди I РСДРП. Ин Анҷуман аз 1 то 3-уми марти соли 1898 дар шаҳри Минск доир шуда, дар он 9 вакил иштирок дошт. Дар ин Анҷуман сотсиалистони рус якдилона қарор доданд, ки тамоми гурӯҳҳои сотсиалист дар 1 ташкилот, ки Ҳизби сотсиал – демократии Россия номгузорӣ гардид, муттаҳид гарданд.

 Съезди II РСДРП. Ин Анҷуман аз 17-уми июл то 10-уми августи соли 1903 дар Брюсел ва Лондон бо иштироки 57 вакил доир шуд. Дар он Барномаи ҳизб ва Низомномаи он қабул карда шуд. Ҳангоми муҳокимаи Барнома ва Низомномаи ҳизбӣ миёни сотсиалистон баҳси тезутунде сурат гирифт ва онҳо ба 2 бахш – “болшевикон” ва “меншевикон” тақсим гардиданд.

 Съезди III РСДРП. Ин Анҷуман аз 12 то 27-уми апрели соли 1905 бо ташаббуси Бюрои кумитаҳои аксарият (болшевикон) дар Лондон доир шуд. Дар он 38 вакил ширкат варзид. Анҷумани III таҳрири ленинии банди 1-уми Низомномаро қабул кард ва КМ – ро ба ниҳоди асосии ҳизбӣ табдил дод. Инчунин, дар Анҷуман рӯзномаи “Пролетарий” чун минбари матбуотии ҳизб тасдиқ гардид.

 Съезди IV РСДРП. Ин анҷуман аз 10 то 25-уми апрели соли 1906 дар шаҳри Стокголм доир шуд. Анҷумани IV бо номи муттаҳидкунанда маъруф аст ва дар он 146 вакил, ҳам аз тарафи болшевикон ва ҳам аз тарафи меншевикон иштирок дошт. Дар он, сотсиалистони Шоҳигарии Полшаю Литва ва Ҳизби сотсиал – демократӣ-коргарии Латвия шомили РСДРП гардиданд.

 Съезди V РСДРП. Ин Анҷуман аз 30-юми апрел то 19-уми май соли 1907 дар Лондон доир шуд. Дар он 343 вакил ширкат варзид. Дар Анҷуман масоили гуногун аз қабили муносибат бо ҳизбҳои буржуазӣ ва Думаи давлатӣ, ташкилотҳои  ғайриҳизбии коргарон, кор дар артиш ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Съезди VI РСДРП(б). Ин Анҷуман аз 26-уми июл то 3-юми августи соли 1917 дар Петроград доир шуд ва дар он 266 вакил ширкат варзид. Дар Анҷумани VI ба номи ҳизб барчасби “б” (болшевикӣ) изофа гардид ва болшевикон бо ин кор худро аз меншивикон комилан ҷудо карданд. Дар Анҷуман, аз ҷумла масъалаи омадани Ленин ва дигар роҳбарони болшевик ба додгоҳи Ҳукумати муваққатӣ барои муҳокима баррасӣ шуд. Ҳукумати муваққатӣ Ленин ва дигар болшевиконро ба хиёнати миллӣ айбдор намуда буд.

 Съезди VII РСДРП(б). Ин Анҷуман бо Анҷумани изтирорӣ (экстренний) маъруф аст ва он аз 6 то 8-уми марти соли 1918 дар Петроград доир гашт. Дар Анҷуман 106 вакил ва 18 меҳмон ширкат варзид. Масъалаи асосии Анҷуман- бастани созишномаи сулҳ бо Олмон буд. Дар Анҷуман, инчунин, Барнома ва номи ҳизб бознигарӣ гардид. РСДРП(б) ба РКП(б) тағйири ном кард.

 Съезди VIII РКП(б). Ин Анҷуман аз 18 то 23-юми марти соли 1919 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 301 вакил ширкат варзид. Дар Анҷуман масоили гуногун, аз қабили Барномаи РКП(б), таъсиси Интернатсионали коммунистӣ, сиёсати ҳарбӣ ва  ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Съезди IX РКП(б). Ин Анҷуман аз 29-уми март то 5-уми апрели соли 1920 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар он 554 вакил иштирок намуд. Дар Анҷуман масоили сохтмони хоҷагидорӣ ва  ғайра муҳокима шуданд.

 Съезди Х РКП(б). Ин Анҷуман аз 8 то 16-уми марти соли 1921 дар шаҳри Москва доир гашт. Дар он 694 вакил бо овози ҳалкунанда ва 296 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Ин Анҷуман дар қатори масоили гуногун, гузаштан ба Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) – ро мавриди муҳокима қарор дод.

 Съезди ХI РКП(б). Ин Анҷуман аз 27-уми март то 2-юми апрели соли 1922 дар шаҳри Москва баргузор гардид ва дар он 522 вакил бо овози ҳалкунанда ва 165 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзид. Баъди Анҷуман, пленуми КМ доир гардид ва дар он Иосиф Виссарионович Сталин Котиби генералии КМ РКП(б) интихоб шуд.

 Съезди XII РКП(б). Ин Анҷуман аз 17 то 25-уми апрели соли 1923 дар шаҳри Москва сурат гирифт ва дар он 408 вакил бо овози ҳалкунанда ва 417 вакил бо овози машваратӣ иштирок намуд.

 Съезди XIII РКП(б). Ин Анҷуман аз 23 то 31-уми майи соли 1924 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд.

 Съезди XIV ВКП(б). Ин Анҷуман аз 18 то 31-уми декабри соли 1925 дар шаҳри Москва баргузор гардид ва дар он 665 вакил бо овози ҳалкунанда ва 641 вакил бо овози машваратӣ иштирок намуд. Дар Анҷумани XIV Низомнома ва номи ҳизб бори дигар тағйир ёфта РКП(б) ба ВКП(б) табдил дода шуд. Анҷуман, инчунин, “мавқеи нави” Каменев ва Зиновевро маҳкум кард.

 Съезди XV ВКП(б). Ин Анҷуман аз 2 то 19-уми декабри соли 1927 дар шаҳри Москва доир шуд ва дар он 898 вакил бо овози ҳалкунанда ва 771 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд. Анҷуман нақшаи панҷсолаи аввалро дар СССР қабул кард ва тарафдорони Тротский ва Зиновевро аз сафи ҳизб хориҷ намуд.

 Съезди XVI ВКП(б). Ин Анҷуман аз 26-уми июн то 13-уми июли соли 1930 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар он 1268 вакил бо овози ҳалкунанда ва 891 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзид. Дар Анҷуман ҳаракати колхозӣ дар кишвар муҳокима шуд.

 Съезди XVII ВКП(б). Ин Анҷуман аз 26-уми январ то 10-уми феврали соли 1930 дар шаҳри Москва доир шуда, дар он 1255 вакил бо овози ҳалкунанда ва 736 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзид. Анҷуман нақшаи панҷсолаи 2-юмро дар СССР (1933 – 1937) ба тасвиб расонд.

 Съезди XVIII ВКП(б). Ин Анҷуман аз 10 то 21-уми марти соли 1939 дар шаҳри Москва баргузор гардид ва дар он 1569 вакил бо овози ҳалкунанда ва 466 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд. Дар Анҷуман ба Низомномаи ҳизб тағйирот ворид карда шуд ва нақшаи панҷсолаи 3-юм дар СССР ба тасвиб расид.

 Съезди XIX КПСС. Ин Анҷуман аз 5 то 14-уми октябри соли 1952 дар шаҳри Москва сурат гирифт ва дар он 1192 вакил бо овози ҳалкунанда ва 167 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд. Дар Анҷуман номи ҳизб бори дигар тағйир дода шуда ВКП(б) ба КПСС табдили ном кард. Инчунин, вакилон нақшаи панҷсолаи 5-умро дар СССР ба тасвиб расонданд.

 Съезди ХХ КПСС. Ин Анҷуман аз 14 то 25-уми феврали соли 1956 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 1349 вакил бо овози ҳалкунанда ва 81 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзид. Анҷумани ХХ нишасти пӯшида низ дошт ва дар он Никита Хрушев бо маърузаи “Шахспарастӣ ва оқибатҳои он” дар назди вакилон баромад кард.

 Съезди XXI КПСС. Ин Анҷуман аз 27-уми январ то 5-уми феврали соли 1959 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 1261 вакил бо овози ҳалкунанда ва 106 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзид.

 Съезди XXII КПСС. Ин Анҷуман аз 17 то 31-уми октябри соли 1961 дар шаҳри Москва баргузор гардид ва дар он 4394 вакил бо овози ҳалкунанда ва 405 вакил бо овози машваратӣ иштирок дошт. Дар Анҷуман Барномаи 3-юми Ҳизби коммунист ва қарори аз Мавзолей баровардани ҷасади Иосиф Сталин қабул карда шуданд.

 Съезди XXIII КПСС. Ин Анҷуман аз 29-уми март то 8-уми апрели соли 1966 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 4619 вакил бо овози ҳалкунанда ва 323 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд. Анҷуман ҷанги Ветнамро маҳкум ва нақшаи панҷсолаи навбатиро дар СССР (барои солҳои 1966-1970) қабул кард.

 Съезди XXIV КПСС. Ин Анҷуман аз 30-юми март то 9-уми апрели соли 1971 дар шаҳри Москва баргузор гардид ва дар он 4740 вакил бо овози ҳалкунанда ва 223 вакил бо овози машваратӣ ширкат намуд. Дар Анҷуман зикр шуд, ки дар СССР ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ бунёд гардидааст.

 Съезди XXV КПСС. Ин Анҷуман аз 24-уми феврал то 5-уми марти соли 1976 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар он 4998 вакил ширкат варзид. Анҷуман самтҳои асосии рушди хоҷагии халқӣ СССР барои солҳои 1976–1980-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

 Съезди XXVI КПСС. Ин Анҷуман аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли 1981 дар шаҳри Москва доир гардид. Дар кори он 4994 вакил ширкат варзид.

 Съезди XXVII КПСС. Ин Анҷуман аз 24 феврал то 6 марти соли 1986 дар шаҳри Москва баргузор гашт ва дар кори он 4993 вакил ширкат варзиданд.

 Съезди XXVIII КПСС. Ин Анҷуман аз 2 то 13-уми июли соли 1990 дар шаҳри Москва доир шуд. Дар кори Анҷумани КПСС 4683 вакил ширкат намуд.

Ин охирин Анҷумани ҳизбӣ дар СССР буд.

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube