ДАР ЯК САТР

Дар Тоҷикистон Ситоди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ таъсис ёфта, роҳбарии он бар дӯши Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода вогузор шуд.

Сар аз 21.11.2024 рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шуда, мошинҳои боркаш метавонанд бидуни он ҳудуди давлатҳои ҳамдигариро убур кунанд.

Ширкати «Барқи тоҷик» бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон (Брешно) барои фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кард.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистону Россия барои барқарор кардани қатораи «Душанбе – Москва» ба мувофиқа расиданд.

Аз 01.12.2024 дар тамомии фурудгоҳҳои кишвар «дарвозаҳои электронӣ» ба кор шуруъ мекунанд – дигар дар навбати гузаштан аз сарҳад соатҳои тулонӣ интизор намешаве(д)м…

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube