Ростӣ, дар бораи Фарзона навиштан осон намояд ҳам хеле сангин аст! Мисле, ки шеъраш ҳамеша саҳли мумтанеъ мебошад, шахсияташ низ чунин асту фаъолияташ ҳам. Вале менависам. Мо Метавонем!
Боварнокарданист, ки Фарзонабонуи зебову ширинбаёну ширинкаломи ҳамешаҷавон ба синни мубораки 60 қадам ниҳод. Аз соли аввале, ки ӯро дар оинаи нилгун дидаам, то имрӯз зарраи мисқоле тағйир напазируфтааст:
– На дар ҳусн, на дар баён, на хӯйу хислат ва на дар тарзи баён.
Ту гӯӣ ҳамон чашмаи афсонавии Сикандарро, ки Хизр нӯш кард, дар Хуҷандаш дарёфтааст. Клоссик аст, ки мегӯяд:
Бар Сикандар Хизр дар зулмот гуфт:
Марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст!
Зиндагонӣ аҷаб тазодд дорад. Фарзонае, ки усулан душмане надошт, ахиран зиндагонӣ душманаш гардид ва соле пор ҷигарбанди нозанинашро аз ӯ гирифт. Дарёи Сир, ки умре сирри хешро Фарзона пушти мавҷи он пинҳон мекарду ҳаргиз ба ҷое нарафту пойтахтро низ ватан барнагузид, ҳарчанд 2 аср, ӯро дар Душанбе интизоранд, ахиран гавҳари якдонаашро ба коми амвоҷи хеш фурӯ кашид. Душмани кас чунин рӯзро мабинод!…
Фарзона, мисли Ҳофизи Шерозӣ, ки Гулгашти Мусаллову Канори Рукнободро бар ҷаҳон баргузида буд, Хуҷанди бостонашро бар ҳама олам боло гузошта, умре канори Сиррӯд зист:
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори Оби Рукнободу Гулгашти Мусаллоро…
Шоирае, ки умре “Аз муҳаббат мегуфт!”, зеро воқеан ҳам муҳаббатзодаву ишқпарварда будӣ, ахиран бар “Фироқи ҷонсӯз” гом гузошт. Зеро ҳамин Сирдарё ба таври мармуз ва то ҳанӯз даҳшату ваҳшату ҳайратбор фарзонафарзанди фарзонаро, ки аз ӯ миллат умедҳо дошт, ба коми хеш бурд. Шоҳидон қисса мекунанд, ки ҳини аз пули дарё гузаштан, сари Ҳумоюни навҷавон чарх мезанаду ба дарё меафтад. Чӣ дардест ҷонгудоз, ки фарзанд бо бадани бардаму сиҳати комил ба кӯча барояду хабари маргаш ба волидайн расад. Ба Озарахшу Фарзона, 2 ошиқи шеъру тарона, 2 булбули боғи саодату балоғати шеър, ки баъд аз сари Камол парчами Суханро баргардонида овардаву бар боми Хуҷанд кӯфта буданд, танҳо метавон тасаллият карду сабри ҷамил хост.
…Ин аст, ки ҳини ҷашни 60-солагии Фарзона, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, ҳарчанд БОЯД дар пойтахти Тоҷикистон гузаронида мешуд, Фарзона муроҷеъ ба меҳмононаш гуфт:
– Ман бо устод Озарахш ният доштем, ки ҳамаи шуморо ба даври ҳамин дастархони муҳаббат, ба даври ҳамин дастархони идона фаро хонам, ба ҷашни домодии Ҳумоюнҷони азизамон, аммо чи кор кунем, ки:
Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,
Муҳри инсон дигару мӯҳри таъоло дигар аст.
Ҳарчи барнома кашидам, хатти батлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст…
Пайғомбари шеър
Воқеан ҳам зуҳури фарзонае чун Фарзона дар Хуҷанд, инқилобе беш буду ҳаст. Ман борҳо гуфтаву боз ҳам мегӯям, ки одамони фавқулода, нобиға, гений… барзиёданд ва аммо баргузидаҳои Худо дигаранд ва ҳатто зуҳуру ҳузурашон тааҷҷуббарангез аст.
– Фарзи мисол, аз миёни қавми дар ҷаҳл ғуттавари араб баргузидани Пайғомбари Хотамуланбиё, Муҳаммад (с.)…
– Аз Самарқанду Бухорое, ки зимоми давлатдориии Тоҷикро бо 2 дасти адаб ба туркон дода будӣ, ба дунё оваридани Садриддин Айнӣ, ки бо ҷонбозиҳо миллати тоҷикро эҳё кард…
– Аз мавзеъе, ки аслан то ҳанӯз ҳам ками дар кам бо тоҷикӣ ҳарф мезананду ифтихор доранд, ба олами ҳастӣ овардани аллома Бобоҷон Ғафуров, ки дар асри табъиди Сталинӣ китоби “Тоҷикон”-ро навишт…
– Аз водии Ғарм, ки таври маълум то дирӯз даъвои хилофати исломӣ мекард, зодани Нусратулло Махсум, ки пиёдаву савора худро ба Тошканд расонид, то қисмати Тоҷиконро туркон набуранду миллатро маҳв насозанд…
– Аз водии Кӯлоб, ки табъану зотан мардумони ҷангиянд, оваридани Сулҳхоҳи №1 дар олам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оташи ҷангро хомӯш сохтаву миллату давлати Тоҷикро эҳё намуд…
– Ва ахиран, аз Хуҷанде, ки забони ноби тоҷикӣ дар овони шуравӣ дар ин водӣ хор буд, таваллуд кардани Фарзонае, ки бо тамомии шириниҳои тоҷикӣ ҳарф мезанаду оламро афсун мекунад… аз муъҷизаҳои Худовандист.
Бешак Лоиқ Шералӣ, аз авлиёуллоҳи шеър буданд, ки дар соли 1984 нахустин ашъори Фарзонаро бо пешгуфтори хеш нашр кардаву сипас бар номи ӯ фол заданд, ки эй мардумони мард, канор гиред, ки дар Хуҷанд пайғомбари навини шеъри тоҷикии порсӣ таваллуд шудааст.
Аҳмадҷон Раҳматзод-раиси ИНТ дар Суғд, ки шоҳиди ин иддаои Лоиқ будӣ, мегӯяд:
– Дар 1 суҳбати нодирашон, ки хушбахтона ман ҳам ҳузур доштам, устод Лоиқ дар мавриди Фарзона гуфтанд, ки Худо умрашро дароз кунад, пайғамбари шеър мешавад. Таъкид карда буданд, ки инро баъдтар мегӯӣ. То ҳоло ин суханҳоро барояшон нагуфта будам…
Ин порае аз суханронии А. Раҳматзод дар таҷлил аз 60-солагии Фарзонабонуст. Зиҳӣ, марде, ки 40 сол ин амри устоди хеш-Лоиқ Шералиро қабул доштаву танҳо дар 60-солагии Фарзона онро ироа намуд.
Шояд боваратон наояд, вале ман то ҳанӯз Фарзонаро аз наздик надидаам. Дар боло ишорат кардам, ки ӯро танҳо тавассути оинаи нилгун дидаам. Ин шояд камбуди тасҳеҳнопазири банда бошад, аммо сир дорад:
– Ман метарсам, бо ӯ суҳбат кунам!!! Зеро он ширингуфторию шаккарпаркание, ки устод Фарзона дорад, маро пешопеш мағлубу фанои ин дидор кардааст. Ва ман, мардона иқрор мешавам, ки аз ӯ мегурезам. Надорам охир тобу тавони суҳбати ширини ӯро…
Мулоиматӣ ва ҳиммати суҳбаташ ҳам ин аст, ки гомбардори Камоли Хуҷандист. А, дар бораи Камол медоне(м)д, ки муосирин чӣ гуфтаанд:
– Суҳбати Камол беҳ аз шеъри ӯст ва шеъри Ҳофиз беҳтар аз суҳбати ӯ…
Инсони Комил
Хоҷаева Иноят Юнусовна, маъруфу машҳур бар исми гӯшнавози Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995), Ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (2008), дар таърихи 3 – юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Журналист.
Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.
Эҷодиёт
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (1983), «Барги сабз» (1987) ба табъ расидаанд. Маҷмуаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» (1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли нек буданашро зиндагӣ собит намуд. Китоби дувумаш «Шабохуни барқ» (1989) ба арсаи фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ вуруд омадани суханвари соҳибзавқу соҳибқариҳа ва ҳунарманду тавонои наверо башорат дод.
Соли 1991 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш «Двадцать лепестков»-ро ба чоп расонда, шуҳраташро дар қаламрави шуравӣ вусъат бахшид. Баъдан китоби дигараш «Ояти ишқ» (1994) манзуру мақбули ҳаводоронаш гардид. Соли 1995 китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи Фарзона дар Теҳрон ба чоп расида, аз ҳунари тарҷумонӣ ва нависандагии Фарзона мужда дардод.
Соли 1996, гулчини ашъори Фарзона «Паёми ниёкон» аз ҷониби Интишороти «Суруш» (Эрон) интишор ёфт. Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмуаи ашъори Фарзона «То бекаронаҳо», соли 2000 маҷмуаи дигараш «Меъроҷи шабнам» ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шуданд.
Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва 15 республикаи СССР тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира «Булбуле дар қафаси синаи ман» соли 2010 дар Финляндия ба забонҳои русию англисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардид.
Ашъори Фарзона, ки баёнгари розу ниёзи одӣ ва армони олии инсони фардостанд, зуд ба гӯши дили мустамеъ расида, садояш ҳамеша дунболи касе меравад, ки аз бекарона меояд ва буданаш ба дунё муҳтавои тоза мебахшад, яъне, ба ҷустуҷӯи Инсони Комил, ки маҷмуаҳои «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Беларус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Англия, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014) гувоҳи даъвостанд.
Силсилаи навиштаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда ва маҷмуаи хотироту мақолаҳои ӯ «Дарёи сӯзон» (2014) дарак аз вусъати назар ва жарфандешиҳои саррофи сухан медиҳанд. Шоир, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёкону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Котиби масъули Кумитаи ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст. Силсилаи таронаҳояш дар маҷаллаҳои “Дружба народов” (Москва), “Пар” (Лос Анҷелос), “Шеър”, “Кайҳони фарҳангӣ”(Теҳрон), “Паёми Ироқ” (Бағдод) ва маҷмуаҳои дастаҷамъии “Молодая гвардия”,(Москва, 1987), “Истоки” (Москва, 1989) ва маҷаллаҳои адабии Америка, Париж ва Ҳоланд борҳо чоп шудаанд.
Чу муште аз хирвор чанд ғазалпораи Фарзона пешкашат мегардад. Шоҳрӯзи Фарзонадухтари Тоҷик ҳумоюн бод. Мо Метавонем!
Ишқ меояд, ки фикри ҷангро барҳам занад,
Кибри ховар, ҷилваи афрангро барҳам занад.
Рӯҳи ёбойии моро фарри инсонӣ диҳад,
Дар ҷаҳон иғвои рангорангро барҳам занад.
Дар сари 6 қитъа афрозад ливои ҳурмузӣ,
Қитъаҳоро 1 кунад, фарсангро барҳам занад.
Дил ба дил пайки кушоду шодии ифшо барад,
Сар ба сар андешаҳои тангро барҳам занад.
Ҷони хоболуди моро завқи ҳушёрӣ диҳад,
Нашъаи шурбу қимору бангро барҳам занад.
Ишқ битвонад, ки дар 1 лаҳза бе тиру туфанг,
Тоҷро гирад зи сар, аврангро барҳам занад.
Ишқ нагзорад, ки ҳар бефаррае дар чаппу рост,
Маърифатро сар бурад, фарҳангро барҳам занад.
Фаслҷӯён, васлҷӯён, аслҷӯён, саф кашед,
Сулҳ меояд, ки инак, ҷангро барҳам занад.
***
Бо ин ғами бурун зи тасаввур куҷо равам?
Коғаз ба тан бипӯшаму пеши Худо равам!
Дар додгоҳи олии Ту нола нашнаванд,
Бо узру тавбаву аламу илтиҷо равам.
Гуфтӣ, чаро магӯву ҳама аз қадар бидон?
Чун бо суоли сахттарини “чаро?” равам.
Аз Ту куҷо гурезаму сӯи кӣ раҳ барам?
Ҷуз даргаҳи Ту роҳи дигар нест, то равам!
Гуфтӣ, ки сабр кун туву бар шукр идома деҳ,
Аз ин дуям бубахш, ки ман бо дуо равам.
Ҷони маро гирифтиву танро гузоштӣ,
Охир куҷо бад – ин тани аз ҷон ҷудо равам.
Одреси офтоби маро гӯ, ки аз паяш,
Доман кашам, ба вусъати беинтиҳо равам.
Рӯзе, ки меравам зи бадистони неккуш,
Дар ҳасрати накӯписари бебаҳо равам.
***
Дил навпадида буд, ки деринасол шуд,
Он нозанини дўш кунун пиразол шуд.
Гавҳар, ки рафт, қадри баланди садаф шикаст,
Вақте, ки ишқ мурд, дили мо убол шуд.
Рамзе шунав зи қомати одам, ки раҳ ба раҳ
Аввал хитоб омаду охир савол шуд.
Эй бозтоби муъҷизаи Монии азал,
Чашми ту офарандаи сеҳри ҳалол шуд.
Дар чашми ту, ки чашмаи Хизр аст, эй муҳиб,
Оби ҳаёт дидаму мурдан маҳол шуд.
Садсола шуд дили ману бо ҳирси кўдакӣ
Бар дидани баҳори навифшо кашол шуд.
Бори дигар баҳор ба табрики мо расид,
Байни ману ту қосиди фархундафол шуд.
