Чанд ҳафта боз рӯзҳои истироҳат тасмим мегирам, ки ба бозори «Кӯшониён» – бозори калонтарини масолеҳи сохтмонӣ рафта, каму кости хонаро, ки пас аз 5 соли зиндагӣ аллакай вайрону фарсудаву шикастаанд, иваз кунам. Он замони навхонадорӣ пул, ки кам буд, натавонистам молҳои босифат, яъне истеҳсоли Олмону Туркияву Эронро бихарам ва таваҷҷуҳ ба моли хитоӣ дода будам. Маълум, ки бо мурури замон ашёи бесифат мешиканад, ранг гум мекунад ва аз кор мемонад, амсоли оина барои ҳаммом.
Билохира, пас аз 4 ҳафтаи андеша – ғами дурии роҳ ва бесарунуг будани бозори «Кӯшониён», ки ҳамкорон пайваста мегуфтанд, рӯзи шанбеи гузашта тасмим гирифтам ба ин бозор роҳ пеш бигирам. Писарамро ҳамроҳ гирифтам, то ин ки харидамонро бо ҳам бардошта биёрем. Агар дурии роҳу бузург будани масоҳати бозор 1 тарафи масъала буд, бетартибии худи бозор мушкили дигар шуд.
33 дақиқа дар интизории нақлиёт…
23.11.2024. Соат бо вақти Душанбе 11:27 дақиқа. Ба кӯчаи Соҳилӣ баромада, микроавтобуси хатсайри №52-ро интизор мешавем. Агар гӯям, ки дар 8-10 дақиқа танҳо 1 микроавтобус мегузашт ва он ҳам то лаб пур буд, хато намешавад. Билохира пас аз 33 дақиқаи интизорӣ ба мо муяссар шуд ба микроавтобуси холитаре нишинем. Роҳ ба бозор ҳам қариб 30 дақиқаро ташкил дод.
Бояд гуфт, ки бозори «Кӯшониён» дар 1 канори ш.Душанбе воқеъ буда, аз ҳар тарафи пойтахт дур ба назар мерасад. Дар замони ифтитоҳи ин бозор масъулини шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки нуқтаи охири бархе аз хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусиро дар саршавии ин бозор мегузоранд. Ва ҳамин хел ҳам шуд, аммо бо гузашти замон равуои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин минтақа ба маротиб кам шуда, шумораи автобусу микроавтобусҳо низ коҳиш ёфт. Ин аст, ки мардум ба нақлиёти пур аз одам, ки ҷойи сузанпартоӣ нест, худро маҷбур медароранд…

18 дарвозаи Бухоро?
23.11.2024. Соат бо вақти Душанбе 12:01 дақиқа. Ба бозор наздик мешавем, вале намедонем дар назди кадом дарвозаи он аз мошин пиёда шавем. Ман бори аввал ба ин бозор меомадам ва намедонистам, ки маҳсулоти сантехникӣ дар кадом қисмати «Кӯшониён» аст. Аз ронандаи хатсайри №52 дарвозаи асосиро пурсидем, ӯ гуфт, ки бозор дарвозаи асосӣ надорад ва метавонем назди дилхоҳ дарвоза фароем. Назди дарвозаи №4 пиёда шудем. Назди бозор пур аз воситаҳои нақлиёт буд ва ман фикр кардам, ки ҳатман харидор зиёд асту шояд чизҳои лозимиро ба зудӣ наёбем. Аммо ин фикри ман хом баромад, даруни бозор мисли ҳавлии руфтагӣ барин камодам.
Дар байни растаҳои дарвозаи 4 то дарвозаи 1 пурра гаштем, аммо он чизе, ки лозим буд – дукони сантехникӣ надидем. Дубора ба назди дарвозаи 4 баргашта, аз мағозадоре пурсидем, ки молҳои сантехникӣ дар кадом қисмати бозор аст. Мавсуф гуфт, ки барои сантехника қисмати алоҳида нест ва бояд худамон аз ҳамаи растаҳо тамошо кунем. Маҷбур шудем бо писарам Ромин боз ба роҳпаймоии байни растаҳо сар кунем.
Тавре фаҳмидам бозори «Кӯшониён» дар масоҳати 8 га бунёд ёфта, аз 18 дарвоза иборат аст ва ҳамаи ин ҳудудро барои харидорӣ намудани 1 шишаи ҳаммом гаштан ғайриимкон аст. Агар дар дарвозаҳои аввал зардевору асбобу лавозимоти барқӣ, рангҳо ва техникаи маиширо бубинед, дар дарвозаҳои баъдӣ аллакай ба симу оҳану қисмҳои иловагии воситаҳои нақлиёту мебел бархӯрда, дар охир худро дар наздикии терминали «Чорбоғ» мебинед. Яъне ҳамин қадар бозор калон аст ва 18 дарвозаи он ба назарам мисли 18 дарвозаи Бухоро тофт…
Бозори симу оҳан ё масолеҳӣ сохтмонӣ?
Бо писарам Ромин аз тамомии растаҳои 18 дарвозаи бозор дидан кардем. Мағозаҳои асосии фуруши техникаи маишӣ, зардевору рангу қандил асосан дар қатори якуми бозор ва ошёнаҳои 1-2 воқеанд. Дар байни инҳо аҳён – аҳён дуконҳои сантехникӣ вомехуранд. Растаҳои дохили бозор аз дуконҳои фуруши симу қубуру лампаҳои каммасрафу дастпушакҳо ва молҳои рузгор иборатанд. Растаҳои охир бошад аз дуконҳои калони симу оҳан иборатанд ва тавре ба назар мерасад, ки ин бозор дар умум бозори фуруши симу оҳан аст, на масолеҳи сохтмонӣ…
Чаро тартиб нест?
Чизи дигаре, ки маро ҳамчун харидор асабонӣ кард, ин бетартиб будани бозор аст. Яъне қисматҳои бозор мисли бозорҳои қаблии «Султони Кабир» ва «Ҷал-Ҷам» ба ин ё он ашё тақсим нашудаанд. Масалан, масолеҳи сантехникӣ – дарвозаи №1, зардевор – дарвозаи №2, рангҳо – дарвозаи №3, шиша – дарвозаи №4, дарҳо – дарвозаи №5. Агар ин тавр мешуд, харидор мисли мо гаранг нашуда, дар дохили ин бозор километрҳоро тай накарда, гуму гаранг намегашт. Рафта аз 1 раста чизҳои лозимиашро харида мерафт. Аммо дар бозори «Кӯшониён» имрӯз ин хел нест. Шояд дар вақти ифтитоҳ гаштанаш ҳамин тавр буд, вале бо гузашти 4 сол ва камбуди харидор дукондорон ё дукон иваз карданд ва ё маҳсулоти фурушро. Ин аст, ки зимни байни растаҳо гаштан аввал масолеҳи барқиро мебинӣ, баъди вай дукони дастпушакҳои корӣ, пасон мағозаи лампаҳои диодӣ, дукони симҳо, боз дукони дастпушакҳо ва дукони оҳанпораҳои гуногун. Ҳама чи дар бозор аралаш шудааст ва харидор ҳисобашро гум мекунад.
Худи фурушандаҳо ҳам мегуянд, ки бо гузашти 4 сол аз фаъолияти бозор гоҳе худашон низ роҳи дуконашонро фаромуш мекунанд…
Ёфтем! Харидем!
Пас аз 2 соати пиёдагардӣ (барномаи телефонам 5543 қадамро ҳисоб кард) билохира бо ёрии муҳофизони бозор, ки шумораашон хеле зиёд буд, мағозаи сантехникиро дар шафати ҳамон дарвозаи №4 пайдо намудем. Бо сабаби тангии дукон фурушанда тамомии маҳсулоти хешро рубару гузошта буд. Нархи оинаи ҳаммом ва чанд асбоби дигари сантехникиро пурсида, интихоб кардем. Фурушанда барои овардани маҳсулоти писандидаи мо савори дучарха шуда, «ҳозир меорам» – гуфта, рафту дуконро ба мо супурд. Беш аз 20 дақиқа ӯро интизор шудем, дар ин муддат на касе ба дукон даромад ва на касе нарх пурсид. Фурушанда омада гуфт, ки анбораш дар канори дигари бозор асту ба он ҷо рафта омадаст.
Билохира, пас аз наздики 3 соати саргардонӣ оинаи ҳаммоми истеҳсоли Эронро бо нархи 450 сомонӣ харидорӣ намуда, аз бозор баромадем. Ба худ қавл додам, ки дигар ба ин бозор намеоям ва дар сурати зарурат аз марказҳои савдои аврупоӣ, ки пайваста тахфифи идона эълон мекунанд, харидорӣ менамоям. Бигузор каме қимат бошад, лек бидуни ташвишу саргардонӣ!

Гузаргоҳҳои ҳавоӣ – беҳтарин таҷриба
Ягона чизе, ки дар ин гирудор ба ман хеле маъқул шуд ин гузаргоҳҳои ҳавоии назди бозор буданд, ки 2 самти роҳро ба ҳам мепайвастанд. Кушоду бароҳат ва пӯшида аз боду борон беҳтарин василаи гузаштан ба самти дигари роҳ аст.
Чаро ин таҷрибаро шаҳрдорӣ дар нуқтаҳои серодами пойтахт истифода накунад? Алалхусус он замоне, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе имрӯзҳо воситаҳои нақлиёт ба маротиб афзуда, сохторҳои марбута аз тамбашавӣ бонги хатар мезананд.
О, мана мешудааст ку! Бо тартиб, муосир ва муҳимтар аз ҳама, гузаргоҳи бехатар!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
