Бо баргузории озмунҳои бошукуҳи сатҳи ҷумҳуриявӣ мушоҳида мегардад, ки тамоми қишри ҷомеа имруз рӯй ба китобу китобхонӣ овардааст. Минҷумла насли наврас, ки барои то даври ҷумҳуриявӣ расидан шумораи бештари китобҳои бадеӣ мутолиа менамояду барои ишғоли ҷойи намоён кӯшишу толошҳо анҷом медиҳанд. Ба ҳамин хотир ин навбат редаксия супориш дод, ки мо ҳам китоб ва рӯзномаи даврӣ харем. Ҳарчанд ҳар ҳафта барои гирифтани рӯзномаҳо монеа надорам, аммо ин бор ҳам китоб ва ҳам рӯзнома бояд харам.
Чанде пеш зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи А. Ҷомӣ дар боғи марказии ноҳия пас аз таҷдид боз 1 гӯшаи китобфурӯшӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Ҳамакнун сокинону меҳмонон метавонанд аз ин гӯшаи маънӣ барои худ дастовези фарҳангӣ, яъне китоб харанд. Мо ҳам ба ин ноҳия азми сафар намуда, хостем аз ин ҷо барои худ китобу рӯзнома дастрас намоем. Мо метавонем!
Дӯкони нави китоб дар шафати боғ
22.11.2024. Соат ба вақти Душанбе 10:50 дақиқа. Чун роҳҳои мошингард хело тахту ҳамворанд, барои расидан ба дилхоҳ нуқтаи дилхоҳи ватанамон ягон мушкилӣ пеш намеояд ва ба ҷойи лозима бе мамониат мерасем. Мо ҳам аз маркази вилоят шаҳри Бохтар суйи ноҳияи А. Ҷомӣ раҳсипор шудем. Ва сопас ҷонибе, ки онҷо дӯкони фурӯши китоб буд…
Дарвоқеъ ноҳияи мазкур дар даврони Истиқлол пешрафт намуда, симои дигар дорад. Даҳҳо мағозаю иншооти гуногун, ки барои осон гардониани кори сокинон бунёд ёфтаанд, ба симои ноҳия зеб мебахшанд. Боғи истироҳатии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки чанде бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба сокинони ин ноҳия тақдим гардид, хело тозаю пероста аст. Мо ба дохили дӯкон даромада, аз китобҳои ин ҷо дидан кардем. Адабиёте, ки ин ҷо ба фурӯш гузошта шудааст, барои тамоми қишрҳои ҷомеа буда, ҳар кас метавонад аз ин ҷо ба китобҳои хостааш дастрасӣ пайдо намояд. Чун хонандагони ин ноҳия ҳам дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд, метавонанд аз ин ҷо барои худ мисли мо китоб харанд.
Беҳтарин таҷриба барои ноҳиядорон – дӯкони фуруши китобу рӯзнома дар шафати боғи марказии фарҳангӣ – фароғатӣ!
Китобхона – боигарии маънавии миллат
Ҳини дар дӯкон будан мо бо харидорони зиёде во хурдем, ки аз ин ҷо китоб харидорӣ мекарданд. Яке аз онҳо худро Мафтуна ном гирифт, ки мехост китоби “Дохунда”- и устод С. Айниро ба даст орад. Мафтуна вақти суҳбат гуфт, ки аз чунин шароитҳои созгор хело хушҳол асту ифтихор дорад, ки чунин Сарвари илмдӯст дорем.
– Агар ба гузаштаи дур назар кунем мебинем, ки аввалин коре, ки ғоратгарону истилогарон мекарданд, ин сӯзонидани китобхонаҳои Тоҷикон будӣ. Чунки мардуми огаҳ медонистанд, ки боигарии маънавии ҳар давлат дар китобхонаҳост. Барои нобуд кардани миллате китобхонаҳоро, яъне, макону маҳзани илму ҳунарро дар ҷойи аввал мегузоштанд. Хушбахтона Сарвари китобдӯсти мо ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба намуда, барои китобхон кардани миллати мо дигарбора ба китобхона ва китобхонӣ иқдом карданд, ки кори наҷиб аст– гуфт, Мафтуна ва меафзояд:.
– Ман ба рӯзномаҳо ҳам таваҷҷуҳ дорам, аммо аз ҳисоби надоштани дӯкони газетфурушӣ ба он дертар мерасам. Яъне вақте падарам ба маркази вилоят меравад, ҳатман бароям рӯзномаю маҷаллаҳоро савғотӣ меорад. Мутаассуф дӯкони фурӯши газетаҳо дар ин наздикӣ нест…
Дӯкони рӯзнома ку?
Яъне дӯкони китобфурушӣ ҳаст, аммо дӯкони маҷаллаю рӯзномаҳои даврӣ нест. Чаро? Дар ҳоле, ки мардум муштоқи матлабҳои рӯзномаҳои даврианд ва мехоҳанд аз рӯйдоду воқеот тариқи рӯзномаҳо огаҳӣ ёбанд, чаро ташаббус барои сохтани чунин маконҳо нест?! Саволи матраҳест, ки масъулон сари он андеша бояд намоянд.
Китобҳое, ки дар рафҳои ин мағоза гузошта шудааст метавон дар дилхоҳ маврид харидорӣ кард. Мо ҳам аз фурсати муносиб истифода карда, китоби “Рубоиётҳои Умари Хайём”- ро бо маблағи 60 сомонӣ харидорӣ кардем. Аммо барои харидани рӯзномаю маҷаллаҳо моро лозим буд ба маркази вилоят ба КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон баргардем.
Аз уҳдаи 1 супориши аввалӣ бо сарбаландӣ баромадам. Ураааааа! Китоб харидам! Ва дар феҳристи китобхонаи шахсиам боз 1 китоб афзун шуд.
Хизмати «Почтаи тоҷик» қаноаткунанда
Тибқи иттилои масъулони КФ КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон, барои обунаи саривақтии ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва саривақт дастрас намудани рузномаю маҷаллаҳо, онҳо бо зиёда аз 90 идораи нашрияҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ҳар ҳафта барои кашондан ва хизматрасонии саривақтӣ кормандони ин идора 5 маротиба ба нақлиёти худӣ аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят матбуоти даврӣ ва почтаро кашонда, онро худи ҳамон рӯз коркард ва ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол менамоянд ва дар дастрасии саривақтии хабарҳои дохил ва хавориҷи кишвар ба мардум мусоидат мекунанд. Аммо дар ноҳияи А. Ҷомӣ танҳо дар почта рӯзномаю маҷаллаҳо дастраси мардум буда, халқ аз фаолияти дукони рӯзномафурушӣ дар канор мондаанд.
Мисле, ки хонандаи ҳамешагии рӯзномаи мардуми СССР Ҳоким Сафар аз н.Файзобод аз надоштани чунин дӯконҳо мудом шиква менамояд, мардуми н. А. Ҷомӣ ҳам чунин орзу доранд, ки дар шаҳрашон дӯкони фурӯши газетаҳо кушода шавад.
Дар ҷамъ, ба гуфти кормандони «Почтаи тоҷик», 7 адад дӯкони газетфурушӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Ш.Шоҳин, Восеъ, Темурмалику Фархор гузошта шуда, барои огаҳии мардум аз навгониҳо хизмат расонда истодаанд. Вале ин воқеан ҳам кам аст. Зеро нуқтаҳои рӯзномафурӯшӣ дар дигар ноҳияҳо кушода шаванд, кори хубе анҷом меёбад. Чунки дилбастагони газета хело зиёданд ва мехоҳанд саривақт ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳар ҳафта ба редаксия роҷеъ ба саривақт нагирифтани рузномаҳои даврӣ муроҷиат пеш меояд. Чунки мушоҳида мегардад, ки имруз ҳам ҳастанд ба қавле фаннатҳои газетаи мардумӣ, ки агар онро 1 ҳафта дертар гиранд, мисли (оилаи мо), гӯиё чизеро гум карда бошанд. Ҳамзамон дар дохили биноҳои Маркази алоқа ва почтаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Шаҳритус, Темурмалик, Панҷ ва Данғара дӯкони фурӯши рӯзномаҳо ва молҳои дафтардорӣ ташкил карда шуда, ба аҳолӣ хизмати маънавӣ расонда истодаанд. Ба вежа бо дастури фардии раиси ш. Кӯлоб, муҳтарам Бахтиёр Назарзода, дар даромадгоҳи Бозори Марказии Кӯлоб, 1 дӯконе бо сатҳу сифати баланд, гузошта шудааст. Аммо чаро дар ин руйхат номи ноҳияи А. Ҷомӣ несту набуд, ки ман ҳайронам. Шояд бо даст додани имконият масъулони ноҳия сари ифтитоҳи чунин дӯконҳо, ки арзиши баланде ҳам надоранд, андеша менамоянд.?
«Рӯзномахони беҳтарин» – чаро не?
Ҳамзамон пешниҳод менамоем, дар ҳоле, ки мардум ин қадар ба рӯзномаҳо таваҷҷуҳ доранд, ба вежа дар ин шабу рӯзи ҷангҳои шадиди иттилоотӣ, дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа озмуни рӯзномахони беҳтаринро роҳандозӣ намоем. Чаро не? Мисли озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ин озмун ҳам мухлисони худро дорад. Дар навбат истодану рӯзномаҳои давриро бесаброна мунтазир шудани мухлисон худ гувоҳи ба рӯзномаю маҷаллаҳо наздик будани мухлисон аст. Агар ҳамин пешниҳод дастгирӣ ёбад нуран ало нур мешуд.
Дар охири сафар, бо Раҳим ном сокини ноҳияи Вахш, дар хусуси мухлиси рӯзномаи СССР буданаш ҳамсуҳбат шуда, хело шод шудем. Чун Раҳим яке аз мухлисони доимии рӯзномаю маҷаллаҳо, хосса рӯзномаи мардумии СССР аст, пешниҳод намуд, ки агар ҳамин гуна озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардад, ҳатман дар он ширкат хоҳад кард. Хулоса баъди хариди китоб ва чанд рӯзномаи даврӣ метавонам ба хонандагони газетаи мардумӣ рапорт диҳам, ки ин супориш ҳам бо муваффақият иҷро шуд.
Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
