Ҳамасола, газетаи мардумии СССР, дар арафаи Иди Баҳор, Рӯзи Модар, 8- уми март, гулдухтарони сарсупурдаи Миллату Давлат, он бонувонеро, ки дар баробари мардон имрӯз дар саргаҳи сиёсату иқтисод, фарҳангу илму таърих ва муҳимтар аз ҳама дипломатияи тоҷик истодаанд, таҳният мегӯяд. Воқеан ҳам ин гулҳои Тоҷикистон корҳоеро ба сомон мерасонанд, ки гоҳо мардон аз ӯҳдааш намебароянд. Ҳамду сано ба ин Модарони миллат – Гурдофаридони Тоҷик бод, ки муаррифгари Зани тоҷик дар арсаи ҷаҳонианд. Мо Метавонем!
Раҳмон Озода Эмомалӣ
– роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Арбоби шинохтаи давлатӣ ва сиёсӣ, аз соли 2016 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Мавсуф дар ҳимояи манфиат ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқот бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дошта, рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро ҳам дорад. Маҳз бо ибтикори бону Озода ҳамасола даҳҳо кӯдакони бемории онкологӣ дошта, тавассути Бунёди «Лона» ройгон табобат меёбанд.
Зиҳӣ, шоҳдухтари бо нангу ори миллат!
Дилрабо Мансурӣ
– Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ходими давлатӣ, омӯзгор, доктори илмҳои техникӣ, профессор, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2024 то инҷониб Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти кории Дилрабо Мансурӣ аз соли 1997 – лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии ДТТ- Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон сар шудааст. Мавсуф солҳои 2014 – 2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буд.
Рӯзи Модар муборак, муовини Сарвазир!
Сатториён Матлубахон Амонзода
– Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ходими давлатӣ ва сиёсатмадори тоҷик, номзади илмҳои филология. Аз соли 2024 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Матлубахолн Сатториён солҳои 2008 – 2011 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз январ то августи соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошар, солҳои 2011 – 2014 раиси шаҳри Истиқлол, солҳои 2014 – 2018 раиси шаҳри Гулистон ва солҳои 2018 – 2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.
Ид муборак, вазир!
Солеҳа Холмаҳмадзода
– Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солеҳа Холмаҳмадзода аз 21 январи соли 2025 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мавсуф соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 2015 – 2020 ба ҳайси муовини раиси ш.Турсунзода кор мекард.
Солҳои 2020 – 2025 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
8- уми март муборак, вазир!
Файзиддинзода Бунафша
– раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бунафша Файзиддинзода аз соли 2024 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. То ин дам ба ҳайси раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон – яке аз шаҳрҳои аз лиҳози саноатӣ муҳими кишвар ва қаблан дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Данғара фаолият мекард.
Аз марти соли 2016 то апрели соли 2017 дар вазифаи сармутахассиси раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ид муборак, сарвари Бонувони кишвар!
Рухшона Эмомалӣ
сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британия ва Ирландияи Шимолӣ
Рухшона Эмомалӣ аз моҳи декабри соли 2021 то ба имрӯз сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британия ва Ирландияи Шимолӣ. Ягона хонум – сафир – дипломати Тоҷикистони имрӯза дар арсаи дипломатияи ҷаҳонист.
Рухшона Эмомалӣ таҷрибаи кор дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакатро дошта, соли 2016 аз корманди сафорати Бритониё ба мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расида буд.
Рӯзи байналмилалии бонувон муборак, духтари саршиноси дипломатияи Тоҷик!
Шарифзода Лутфия Шариф
– сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лутфия Шарифзода аз соли 2025 дар вазифаи сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҶТ кор мекунад. То ин симат дар вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Солҳои 2011-2020 муовини раиси ноҳияи Муъминобод буд, пасон раисии ин ноҳияро бар дӯш дошт. Муҳимтарин нукта он аст, ки Лутфия Шарифзода духтари арбоби шинохтаи сиёсӣ Адолат Раҳмонова ва дар ҳама кору пайкор намунаи Модари бузург аст!
Иди Модарон пирӯз бод, духтари Модар!
Муминзода Мастура Табарӣ
– раиси шаҳри Левакант
Мастура Табарӣ аз соли 2024 раиси шаҳри Левакант, калонтарин шаҳри саноатии вилояти Хатлон аст. Иқтисодчӣ. Мавсуф то ин дам дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи раиси н. Данғара ва муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор кардааст.
Идатон муборак, бонуи Ватансоз!
Фирӯза Нуруллозода
– раиси шаҳри Бӯстон
Фирӯза Нуруллозода аз соли 2025 раиси шаҳри Бӯстон аст. Ихтисос филолог – шарқшинос, иқтисодиёти ҷаҳон. Номзади илмҳои филологӣ. То ин дам дар вазифаҳои муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
8- уми март фирӯз, раиса!
Идизода Заррина Фузайлшо
– раиси ноҳияи Рашт
Аз соли 2024 раиси ноҳияи Рашт. Ихтисос: филологияи тоҷик ва сиёсатшиносӣ. Соли 2000- ум Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, соли 2015 аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур (ҳамзамон узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният).
Рӯзи Модар муборак, бонуи Вакил!
Раҷабзода Ҳуснигул Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоб
Аз 6- уми марти соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда, то ба имрӯз ин вазифаро сарбаландона иҷро менамояд. Бо Медали ҷашни “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ордени “Шараф” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.
Воқеан ҳам роҳбарӣ дар 1 ноҳияи 1000-ҳо км аз пойтахт дур ва наздимарзӣ имрӯз қаҳрамонист!
Ҷашн муборак, раисаи Қаҳрамон!
