Ин матлаб, дар арафаи 8 март, Рӯзи Бонувон, ба тамомии занони тоҷик сар аз хушдомани ман то келину модару бибиву арӯсу апаву хоҳару духтари ману шумо бахшида мешавад, хонандаи азиз. Мо Метавонем!
…Ман бисёр сари ин муаммо, ки чаро ХУШДОМАН дар бархе маврид бо накӯҳиш ёд мешавад, меандешидам. Зеро дар мо -Тоҷикон Хушдоман ҳамтарозуи Модар аст!!!
Чун дар гаҳвораи тамаддуни руси тарбият бардоштаам, ба хулосае омадам, ки сабаби нақши манфӣ гирифтани номи Хушдоман ҳамоно «Тёща»-и русист. Бо русҳо, ки шарикдавлат будем, тули 70 сол, аз ин вожа гурези мардони рус моро низ насиб шуд. Тёщаи русҳо чаро мавриди накуҳиш қарор дорад? Намедонед? Ман медонам! Гӯям?
Пас гӯш диҳед: баръакси Тоҷикон, модарҳои рус дар хонаи духтаронашон ба сар мебаранд. Дар мо баръакс, модарон агар 100 духтари фасон ҳам дошта бошанд, дар хонаи писар зиндагонӣ мекунанд, бигзор он писар нохалаф ҳам буда бошад. Ин фарҳанги табордории мост. А, дар русҳо баръакс, модар дар хонаи духтар ва бо шавҳари ӯ ба сар мебарад.
Зиддияти оилавии ин 2 фарҳанг дигар аст: келинҳои мо хамуширо авло дониставу хушдоманро тоқат мекунанд ва асрори хонаводаро берун намекашанд-айб аст (Ёд оред, ривоятеро, ки дар Биҳишт 2 тоқ барои хушдоману келини идеал то рӯзи қиёмат холист!). Мардони рус бошанд, ин зиддиятро то фолклор бурдаанд ва ҳазорон-ҳазор «анекдот про тещу» доранд…
Бо ин ҳама фикр мекунам, дар аксари маврид, Хушдомани Тоҷик барои домодаш чун модар аст! Меҳрабоние, ки Хушдоман дар ҳаққи мо-мардон мекунад, дар ягон фарҳанги хонаводагии олам аналог надорад. Зимнан 4 пиру 4 тадбир гуфтаанд, яъне мо-мардон 4 падару модар дорем: 2-и аввал падару модари худамон ва 2-и дигар хусуру хушдоман…
Ман ба таҳқиқ субҳи якшанбеи 31.01.2016, соати 03:48 дақиқа Модари дуввум, яъне Хушдоманамро аз даст додам…
Худобиомурз хеле зани ҳалим, олиҳа, обида, покдоман буд. Аз табори сайидзодагон, духтарбузурги Эшони Суфӣ Олими Хазлаҳатии Балҷувонии Данғарагӣ буд. Падараш пири тариқат буд ва аз охирон хатмуттаҳсилони мадориси Бухорои Шариф дар Хатлон. 3 бор барои 18 сол барои тасаввуфия суд шудааст. Дар ҶБВ дар штрафбат хизмат мекард, яъне боз ҳам зиндонӣ, репрессияҳои сталинӣ ба даҳҳо зиндони Сибиру Ёқутистон бурдаву овардандаш, вале намозашро қазо намекард.
Хушдомани ман дар руҳияи ана ҳамин тасаввуфи Ҳанафия тарбият дида буд. Ҳаргиз ҒАЙБАТ намекард!!! Ҳаргиз нафареро дар пушту рӯяш дашном намедод!!! Ҳаргиз садояшро БАЛАНД намекард!!! Ҳаргиз миёни одамон фарқ намегузошт.
Қиссае мегӯяматон; дар маҳаллаи Мунискули Дангара мезист ва тамомии ноқисулақлон, девонагон ва «уродҳо» хонааш меомаданду сари хонаш менишастанд. Шумо медонд, ки чаро девонаву ноқисулақл – Ёрони Худо хонае медароянд? Оре, амният доштанд, медонистанд, ки бонуи хонавода пешашон дастурхон мегустарад ва ҳаргиз онҳоро озор намедиҳад.
Ҳатто боре шӯхияш кардам, ки Дугонаҷон (ӯро то дами мурдан ман Дугона мегуфтам!), охир ин Чиниска (исми яке аз онҳо) ва дугонаҳои уродашро дӯстони душанбегиву петербургии ман дида, фикр мекунанд, ки «қайсингул»-и мананд, хандиду гуфт:
-Қайсингулатанд дугона (ӯ ҳам маро зи сари муҳаббат дугона мехонд!), ҳаргиз ба онҳо сақат нагуй, ки ёрони Худоянд!…
Агар мабодо моҷарои оилавӣ сар мезад, ҳатман аз домодҳо пуштибонӣ мекард! Чунон пуштибонӣ, ки фикр мекардӣ, модар неву хушдомани духтарҳояш бошад (воқеан ҳам хушдоман-модари шавҳар бо келин ҳамеша дар низоъ аст, ки тафсираш дар ҳамон фарҳанги хонаводагии бо русҳо параллел гузоштаамон аст). Мантиқу фалсафаи ин рафтораш он аст, ки ҳама духтаронаш оилаҳои обод доранд!!!
Воқеан ҳам дар бораи вожаи келин. Ин туркӣ нест. Аз вожаи Кеҳ ва Меҳ гирифта шудааст. Меҳтар калони хона ва Кеҳтар, ҳамоно келин, хурдтари хона. Мо Метавонем!
Хушдомани ман ноне мепухт, ки ба хироҷи мамлакат меарзид. Ман Данғара танҳо хурдани нони ӯву шурбои табақинаш бо чаппотӣ ва албатта шакаровхурӣ бо фатири сангакиш мерафтам. Ман? Аксарияти кулли дӯстони ман, ки аз Данғара гузар мекарданду ҳамин ҳоло ин матлабро мехонанд, тасдиқ месозанд, ки ҳамаи онҳо ҳини убур аз Данғара, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб истодааст, ҳатман сӯи хонаи Хушдомани ман тоб мехурданд. Зеро медонистанд, ки онҳоро ин ҷо Модари ман мунтазир аст…
Базмҳое, ки Сафвату Шаҳло, Гули Зарду Садбарги Боқӣ, Самариддину Бахтиёру Фаридуну Лолахон Саттор… ва саду дусади дигар дар чапкандии Хушдомани ман мегузарониданд, дар шабу нимашаб, магар фаромуш мешавад?
Хушдоманам намакпараст ва намакте буд! 2 моҳ рӯи ҷогаҳ хоб буд. Дар ҷамъ 6 моҳ азияти мараз кашид: тарбод – рак дошт кампир. Ҳар боре, ки мерафтам, агар беҳуш ҳам будӣ, садои маро шунида, ба сухан медаромад ва мегуфт:
-Эшон, намаки додаатро бубахш. Пиҳилам кун…
Механдондамаш, шӯхӣ мекардем, вале посухи ун дархосташ намекардам. Вале чун бори ахирин рафтам, аз чашмони хастааш дарк сохтам, ки бояд биҳилаш кунам. Гуфтамаш:
«Дугонаҷон, Модарҷон, Очаҷон, бахшидамат».
Хеле шод шуд ва сипас…сипас ҳарфашро умуман нашнидам…Ин охирин суҳбат ва дидори мо буд бо дугонаам…
Аз ман нафаре биҳил мехосту бахшиш металабид, ки ману дӯстони маро 20 сол нону намак дода буд!!! Ин бузургии Модар-Хушдоман-Зани порсову олиҳаву олимаву оқилаи мазҳаби Ҳанафия буд…
Ҳамон лаҳза бар раҳмати ҳаққ бупайваст… ·
Дуо кун, хонанда то хонаи ахирати хушдомани ману мо биҳишти анбарин бошад…
