Редаксия супориш дод: Бозор рав!!!

02.03.2026. Соат ба вақти Бохтар 10:29 дақиқа. Ҳамасола бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон мардум аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки чаро маҳз дар ҳамин моҳи мағфират бозаргонон аз нархҳои ҳангуфт нисбат ба молу коло бо харидорон муносибат мекунанд. Ё гумон доранд, ки харидор маҷбур аст дар Рамазон ҳатман болои дастархонаш чизе бигзорад? Ва ё бо мӯътадил нигоҳ доштани нарху наво савдогарон аз савобу аз баракот канор меистанд? Ин мавзуест, ки борҳо атрофаш мегӯему оянда ҳам хоҳем гуфт. Вале вазъ ҳиҷ не, ки тағйир хӯрад.

Дар ин шабу рӯз гаронии нархи қаламфури булғорӣ сабаб шуду супориш гирифтем, ки атрофи боло рафтани нарху навои маҳсулоти бозор дар арафаи Рамазони бузург бо хонанда иртибот дошта бошем.

Хонандаи газетаи мардумии СССР бо ин мавзӯъ борҳо ошно гаштааст. Вале аз муқоисаи нархҳо барояш ҳоло сухане чанд дорем. Бо мо бош, ки мо метавонем!!!

Нарх дар бозорҳои Хатлон

1 кило гӯшти гов -100 сомонӣ,

Гӯшти гӯсфанд – 110 сомонӣ,  

пиёз – 4 сомонӣ,

картошка – 7 сомонӣ,

тухм – 1,8 дирам 

помидор – 25 сомонӣ,

бодиринг – 17 сомонӣ,

себ аз 25 то – 45 сомонӣ,

орд (1 халта) – 250 сомонӣ,

сабзӣ – 4 сомонӣ,

қаламфури булғорӣ – 45 сомонӣ!!!

анор – 35-45 сомонӣ,

лимон – 30 сомонӣ,

шакар – 10 сомонӣ,

афлесун – 20 сомонӣ,

ангур – 15-20 сомонӣ…

Дар бораи растаи мағзу мавиз ҳатто ҷойи сухан нест!  Аз нархҳои миёншикани бозорҳо то эълони мораторий савдогар бо кадом назорат фаъолият доранд? Дар ин давраи эълони ташаббус савол бармехезад, ки чаро маҳсулоти ватанӣ ҳам мисли воридотӣ ба парвоз омадааст?  Барои мисол себи маҳаллӣ то 45 сомонӣ арзиш дорад, ки саволҳоро меангезад.

Ҳамасола садҳо гектар боғҳои интенсивӣ ва маъмулӣ бунёд мекунему нархи меваҷот чаро паст нест?  Ин суолҳо боиси он шудаанд, ки бо афзудани шумораи аҳолӣ ва бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳрҳо ҳатман дар ошёнаи якум мағозаҳои хӯрока ва либоса падид омаданд, ки он ҷо ҳам аз нархҳои миёншикан мегӯянд.

Моҳи саховат ё гаронӣ?

Аз ҳушдори муфтӣ то ҳабси гӯштфурӯшон

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ба яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеа табдил меёбад. Дар бозорҳои кишвар нархи гӯшт, орд, равған, шакар, картошка ва дигар маводи ниёзи аввал боло меравад. Ин раванд барои қисми зиёди аҳолӣ, бахусус оилаҳои камдаромад мушкилоти ҷиддӣ пеш меорад. Оё ин ҳолат қонуни бозор аст ё беинсофӣ ва сӯистифода аз моҳи мубораки Рамазон?

 Талабот ва пешниҳоди бозор

Аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳар гоҳе, ки талабот ба мол зиёд гардад, нарх низ боло меравад. Дар арафаи моҳи Рамазон аксари оилаҳо барои рӯза ва ифтор маҳсулоти бештар харидорӣ мекунанд. Ин афзоиши талабот метавонад ба болоравии нарх оварда расонад.

Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки агар бозор рақобати солим дошта ва захираи маҳсулот кофӣ бошад, болоравӣ набояд аз ҳад зиёд шавад. Дар шароите, ки анборҳо пуранд, болоравии шадиди нарх бештар ба омилҳои дигар вобаста аст.

Чорводорон ва кишоварзон мегӯянд, ки хароҷоти онҳо солҳои охир зиёд шудааст. Нархи хӯроки чорво, сӯзишворӣ, нуриҳо ва хизматрасониҳои нақлиёт боло рафтааст. Ин омилҳо ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонанд. Ҳамчунин, будани миёнаравҳои зиёд дар занҷираи таъминот боис мегардад, ки ҳар зина фоидаи худро ба нарх илова кунад. Дар натиҷа маҳсулот бо нархи баланд ба дасти харидор мерасаду шикоят бештар мешавад. Дар моҳи шарифи Рамазон, ки талабот ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ бештар мегардад, баъзе тоҷирон талош менамоянд аз вазъият истифода бурда, нархҳоро сунъӣ боло баранд. Ба гуфтаи мақомот, чунин амалҳо ғайриқонунӣ буда, нисбати қонуншиканҳо тадбирҳои маъмурӣ андешида мешавад. Агар дар ҳама гӯшаи Тоҷикистон танзиму назорат пурзӯр ва савдогарони худпараст муҷозот шаванд, заррае ҳам бошад, таъсири худро мегузорад, то болоравии нарх пешгирӣ шавад. Аммо, мутаассифона, чунин нест.

Назорати мунтазам мебояд!

Сокинони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар моҳи Рамазон нархи гӯшт дар баъзе бозорҳо то 100-125 сомонӣ мерасад. Ба гуфтаи онҳо, баъзан нархномаи расмӣ бо нархи воқеӣ мувофиқат намекунад. Ва дуруст ҳам ҳаст, ки дар овезаҳое, ки бо навиштаҷоти нархи паст мондааст, фурӯшанда болояш зам карда, ба харидор пешкаш мекунад. Саволе ба андеша мекашад, ки барои кӣ ва ё чӣ ин худнамоиҳо?  Ва ё бо нархи расмӣ гӯшти омехтаи зиёди равғану чарбу ва устухон пешниҳоди харидор мегардад, ки аз инсофу виҷдон асаре нест. Дар натиҷа ин ҳолат боис ба нороҳатӣ ва шикваи мардуму коҳиши боварӣ ба мақомоти танзиму назорат мешавад. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки назорат бояд мунтазам ва фарогир бошад. На танҳо фурӯшандаҳо, балки роҳбарияти бозорҳо низ бояд барои риояи тартибот масъулият дошта бошанд. Нагузоранд, ки аз нархи муайяншуда бештар маҳсулот ба фурӯш равад. Дар чунин ҳолат, аз ҳама зиёд оилаҳои камдаромад зарар мебинанд. Зеро қисми зиёди даромади онҳо барои хариди маводи ғизоӣ сарф мешавад.

Рамазон – моҳи имтиҳон

Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо суистифода аз моҳи Рамазон ва гуноҳи азим аст.

“Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, – иброз дошт ӯ.

Ба андешаи Саидмукаррам Абдуқодирзода, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол аст.

“Дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (ҳаннотӣ-муаллиф) даст мезананд. Дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд. Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”, – таъкид медорад муфтӣ.

Ба гуфтаи ӯ, нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд ва аз ин маблағ ба даст меоранд, ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

“Аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд”, – гуфт раиси Шурои уламо.

Роҳи ҳал чист?

Иқтисоддонҳо пешниҳод мекунанд, ки барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо шаффофият дар бозор бояд тақвият дода шавад. Рӯйхати воқеии нархи маҳсулот ва назорати масъулини бозор ба суботи бозор мусоидат мекунад.

 Ташкили ярмаркаҳое, ки бидуни миёнарав истеҳсолкунандаҳо тавонанд ба харидорон маҳсулот пешниҳод кунанд, бар манфиат аст. Коҳиши миёнаравҳо низ метавонад нархҳоро паст намояд. Аз ин лиҳоз, Рамазон бояд моҳи сабукӣ ва некӣ бошад, на моҳи фишори иқтисодӣ барои мардум.

Дар ин шабу рӯз ба тоҷирон инсофу имон мехоҳем, чизе, ки онҳо кайҳо ба фурӯш задаанд…

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube