Рости гап, пеш аз пайгирии мавзуъи пешин, яъне мақолаи “Кӯдаконро аз театр маҳрум накунед!”, худи мо низ чандон бовар надоштем, ки тавваҷӯҳи мардум ба театр ба ин дараҷа баланд аст, бахусус дар ин замони мураккаби иқтисодӣ. Вале баъди чопи мақола ҳамовозии зиёди хонандагон моро бениҳоят хурсанд аз он кард, ки муҳаббати мардуми мо, арҷ гузоштан ба моҳияти театр дар тарбияву ташаккули насли ҷавони ҷомеа, дар сатҳи олӣ қарор дорад. Он дар интернет инқилоберо ба миён овард, ки низ натавонистем, нисбати вокунишу пешниҳодот дигар бетаҷваҷуҳ бошем. Воқеъан театр маконест, ки дар он зимни намоиш кӯдакон 1 дунёи дигарро мебинанд! Он ба дунёи кӯдакон мувофиқ аст.
Инак, чанде аз он шарҳоро пешкаш менамоем:
Театр оинаи зиндагист
Гурезалӣ Мирзоев: Навиштаҳои рӯзномаи мардумии СССР маро, ки айни ҳол корманди соҳаи фарҳанг мебошам, водор намуд, то ақидаи хешро бобати ба театр ҷалб намудани хонандагон баён намоям. Ёд дорам, соли 1975 вақте, ки мо хонандаи мактаби миёна дар Фархор будем, Театри Ҷавонон меҳмони ноҳия гардида, дар муассисаи фарҳангии деҳоти хочагии мо намоишномаи “Ғори аҷинаҳо” аз рӯи асари хонум Гулрухсорро пешкаши мо хонандагони деҳотӣ намуда буд. Ҳамин чиз то ҳоло дар хотири мо чун рӯзи фаромушнашавада боқӣ мондааст. Тавре, ки мегӯянд,”Театр оинаи зиндагист”
Муаллимро ба ин корҳо ҷалб накунанд!
Басгул Каримзода: Бигузор кормандони театр мактаб ба мактаб худашон гашта, тарғибу ташвиқот гузаронанд. Дар маҷлиси падару модарон дар мактаб иштирок намуда, баромад намоянд. Чиптаҳояшонро худашон фурӯшанд. Муаллимро ба ин корҳо ҷалб накунанд. Мардум донад, ки театр ҳам кормандон доштааст.
Театр инсон месозад
Сарвин Азизова: Падару модар дар он хаёлеанд, ки чизе ба онҳо лозим набошад, ба кӯдак низ лозим нест. Дунёи кӯдак ё наврасӣ тамонан дигар аст охир. Театр лозим. Чи тавре, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайёмҳояшон кайд мекунанд, “Фарҳанг — ҳастии миллат аст”. Фарҳанг дар ҷомеа имрӯз вазифаи бузурги маърифатӣ ва тарбиявиро низ иҷро менамояд. Метавон ҳатто гуфт, ки маҳз фарҳанг инсонро инсон месозад.
Кӯдакҳоро ба театр мебарем
Рухонова Ш: Театр ҳозир худаш ба боғчаву мактаб меравад. Лекин беҳтар он будӣ, ки кӯдаконро ба театр мебурдем.
Эмомова Арафагул: Бигузор, дар шаҳр ҳам кӯдаконро ба театр рафтан ҳавасманд гардонанду одат кунонанд. Бачаҳо ба театр, театр назди бачаҳо биояд. Камбудиро дар масъалаи ҷамъоварии пул ислоҳ намоянд. Волидон шикаму либосро таъмин карда, аз ғизои маънавии фарзандон фаромӯш мекунанд.
Кӯдаконро аз театр дур насозед!
Башорат Ҳайдарова: Пеш аз ҳама он падарону модаронеро тарбият бояд кард, ки ба рафтани кӯдакон ба театр монеъ мешаванд. Театр бо саҳначаҳои тарбиявӣ кӯдаконро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ, бо ҳамсолон меҳрубону дӯст будан, эҳтироми калонсолонро ба ҷо овардан тарбия менамояд. Ман ҳамчун волидайн мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ кӯдаконро аз театр дур насозед.
Нархи билети театр гарон нест
Шаҳноза Воҳидова: Ман тарафдорам, ки фарзандонам бо ҳамсабақонаш чӣ дар боғча, чӣ дар мактаб бошанд, ҳатман ба театру кино раванд. 1 рӯз чипсии бохимикат ё ин ки оби газдор нахӯранд ҳеч чиз намешавад, фоида мебинанду зарар не. Нархи театр қимат нест, театр раванд, мо 100% тарафдор!
Театр ҳам 1 навъи тарбия аст
Маҳбуба Ахмедова: Бале, театр ҳам тарбия аст, ба шарте, ки намоишномаҳо ба синну соли кӯдак мувофиқу ҷиҳати тарбиявӣ дошта бошанд. Театрҳои мо кӯшиш кунанд, саҳнаҳои ҷолиб таҳия кунанд, ки ҳатто падару модарон ҳам дасти фарзандашонро гирифта, мисли оне ки ба сирку боғҳои фароғатӣ мебаранд, гирифта худашон баранд.
Намоишҳои куҳнаи пешинро намоиш надиҳанд
Азизов Ҳасан: Мутаассифона, аз фарзандони мо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, аммо ягон намоиши хубу тарбиядиҳанда нест. Агар намоишҳои хубу тамошобобу ҷалбкунанда ва ба замони имрӯза мувофиқ бошад, наврасон худ мераванд. Бисёре аз мову шумо медонем, ки ба хонандагон намоишҳои куҳнашудаи солҳои пешинро намоиш медиҳанд.
Театро манъ накунед!
Эркин Ш: Вақте мо дар мактаб мехондем, театр, консерт, сирк ва лӯхтак меоварданд, хеле зӯр буд. Ҳамаи ин пешрафти фарҳанг аст, ҳозир бошад ҳамаи инро манъ кардаанд. Падару модароне, ки ба фарзандҳояшон пул медиҳанд, аз пушташон назорат кунанд, пулро ба куҷо сарф мекунанд, бисёри мактаббачаҳо, дар компютер, биллиярдбозӣ пулҳо ва вақташонро сарф мекунанд. Дар бало мондагӣ бечораи омӯзгорон.
Нақшҳои дилгиркунандаю такрорӣ
Нодир Неъматов: Мавзӯҳои театр аксаран пешинаю такрорианд. Бинобар ҳамин вақте ки бачаҳоро ба театр мебарем, онҳо мегӯянд, ки мо аллакай ин ҳамаро дидаем. Ман ҳар сол пеш аз Соли нав бачагонамро ба театри бачагона мебараму ҳамин эродро мешунавам. Мегӯянд, ки дар театр мавзӯҳои нав нест. О, мана телевизорҳои Ӯзбакистон намоишномаҳои беҳтарини театрҳоро мегузоранд, ки шавқовару диданибоб, аз мо бошад тамоман дилгиркунандаю такрорӣ.
Барои дарс вақт намемонад
Абдуманон Имомалӣ: Мо тарафдори фарҳангу маданият, аммо омӯзгор ва мактабро суистифода накунед. Дар ин кор шумо танҳо не, боз фирмаҳои либосфурӯш, обуна, китобфурушӣ ва ҳоказо, барои омӯзгор барои дарс вақт намемонад.
Нархи 1 чипта 40 сомонӣ
Умеда Кариобдиева: Фарзандони моро ба театр нею дар спортзалҳои хунук бурда мешинонанд. Театр рафтан хуб аст, лекин нархи 1 билет сари хонанда хонанда 40 сомонӣ аст, ки барои оилаҳои серфарзанди мо мушкилтар меафтад. Дар 1 моҳ 1 маротиба бошад, ба хайр аст. Аммо ҳар ҳафта талаби пули театр моро дилгир намудааст. Оилаҳое хаст, ки 5 хонанда доранд аз кучо пул меёбанд?
Нархномаи театрро Вазорати фарҳанг ва маориф муайян намояд!
Зиҳӣ Ҳ: Барои ин бояд Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанг бо қарори махсус ба зердастон, яъне ба директорону мудирони боғчаҳо хусусан ба намоишҳои бачагона, ки намоиш дода мешавад, 1 нархномаи бачагона ба ҳама тасдиқ ва муайян кунанд. Мутассадиёни театр ва сирки давлатӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо билет дода, чӣ тавр маслиҳат мекунанд, ки то мактабхону то ба боғча расидану супоришҳои болоӣ нархи билетҳои ҳанӯз наомада, ба 40 – 50 сомонӣ мерасад. Ҳатто ба кӯдак билетро намедиҳанд. Солҳои пештар ба ҳамаи муасиссаҳои мактабӣ бо иҷозату розигии мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо тариқи шартнома билет дода мешуд. Нархаш бо печат муҳри ба қайдмонии муассисаи намоиш медодагӣ зада мешуд. Агар падарону модарон бинанд, ки нархи билет 10 сомонӣ арзиш дорад, ҳеҷ вақт зидди ба тетр рафтани фарзандони худ намешаванд Чунки худи билет несту кӯдак арз мекунад, ки муаллимаҳо аз мо 30, 40 ҳатто 50 сомонӣ пули билети Сирк мепурсанд . Бинед ва хулоса бароред, ки барои 1 билети сирк ё театр аз театр то мактаб омада чи қадар нарх меафзояд?
Сифату мазмунро ба инобат гиред
Шавкат Каримзода: Барои ба театр ҷалб намудани кӯдакону наврасон корҳои тарғиботиро миёни падару модарон ва калонсолон бештар намудан лозим аст. Тамошои оилавии намоишномаҳои театрӣ ба роҳ монда шавад, боз ҳам беҳтар. Ҳамзамон сифат, мазмуну муҳтавои намоишномаҳои театрӣ барои тамошобини муосир бояд диққатҷалбкунанда бошад.
Таснифи Омиронаи Сайёф,
СССР
