Достони пайдоиши дирафши тоҷдорон

Парчами давлатӣ рамзи расмии соҳибихтиёрӣ, ҳувият ва достони кишвар аст. Ранг ва унсури матоъ арзиши асосӣ, фарҳанг, хусусияти ҷуғрофӣ ва аксар вақт хотираи мубориза барои истиқлолият, ё анъанаҳои мардумро инъикос мекунанд.

Дар ин гуфтори хеле ва хеле кутоҳи мирӯза, ба хонандаи муҳтарами ҳафтавори хеш андар пайдоиши парчам, ё дирафш сухан хоҳем кард, ки барои ҷавонони мо дарси ибрат асту сарфарозии хеле зиёд. Тоҷикон ягона мардуме ҳастанд, ки дар достони ҷаҳони гузашта, соҳибу асосгузори аввалин шоҳу вазоратдорӣ ва аз ҳама муҳим соҳиби парчами худ буданд, ки то кунун мисл надорад.

Достон (таърих)-и вожа (калима)-и дирафши порсӣ-тоҷикӣ (байрақи туркӣ, алам, ливо, парчами арабӣ) хеле дуру дароз буда, тахмин аз замони Коваи оҳангари қаҳрамони шоҳасари безаволи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсии бузург сарчашма гирифта, 4-5 ҳазор соли равон дар дилу дар гуфтори неки мардуми ҷаҳон то ба имрӯз болафшонӣ карда, ёдгор мондааст. Ба достони безаволи парчамдорони Тоҷистони азиз нигаред.

Дирафши ковиёнӣ

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондааш ковиёнӣ дирафш…

Дирафши дурафшон чу омад падид,

Сипоҳи Манучеҳр саф баркашид.

Фирдавсӣ

Дирафши ковиёнӣ, яъне парчами Коваи оҳангар аст. Ин Коваи оҳангар 18 писар дошт, ки 17-и онро Заҳҳок кушта, магзи сарашонро ба морони сари китфаш медод. Навбат ба писари охир мерасад. Кова тоқат накарда, мардумро ҷамъ сохта, пешдомони чармини оҳангарии худро сари чӯб баста, мардумро ба шӯр оварда, Заҳҳокро аз байн бурда, Фаридунро шоҳ мекунад. Шоҳ Фаридун ин парчамро хеле муқаддас шуморида, бо зару ҷавоҳирот низ ороста карда будааст. Наздики 2 ҳазор сол Дирафши Ковиёнӣ дар дасти шоҳони порсҳо болашон буд. Аз соли 720-722-и мелодӣ араб, сарзамини биҳиштосои порсҳоро забту ғорат карда, оқибат ин парчами хеле нодири ниёгонро ба ғорат бурда, нест карданд. Дар ин бора Фирдавсии Бузург чунин гуфта, ки:

Биафтод аз дасти эрониён,

Дирафши фурӯзандаи ковиён…

Тахаллуси Сталин Кова буд

Чизи дигари хеле муҳимро ёдовар шуданӣ ҳастам, ки бинобар сабаби далериву инқилобчӣ будан, Иосиф Сталин, аз соли 1913 ба худ тахаллуси ҳизбии Кобаро гирифта буд, ки пайравӣ ва этирофи бузург ба ана ҳамин яке аз бузургони достони Тоҷдорон Коваи оҳангар мебошад. Дар ин бора ҳам достон хеле ҷолиб аст, ки замони дигаре ривоят хоҳем кард.

Парчами Нусратуллоҳи Махсум

Ҳар он парчаме, ки порсиёну Тоҷдорон то соли 1924 доштанд, ягон замони дигаре ривояти алоҳидаро талаб мекунад. Акнун дар саҳнаи давлатдории замони нави оғози асри XX давлатмардони шарафманд ба мисли Нусратуллоҳи Махсум дар майдони набард пайдо мешаванд, ки парчами эшон аз Дирафши Ковиёнӣ кам нест. Ҳини роҳбарии ин давлатмарди Тоҷикони аввали асри ХХ  4 парчами нав, то соли 1936 расман қабул карда шудааст.

Рӯзи 27 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ана ҳамин парчамро қабул карданд, ки то соли 1928 арзи вуҷуд дошт.

Парчами РСС Тоҷикистон аз соли 1924 то 1928

Агар ба навишта (катаба)-и он нигарем сухани: “Ҳамаи пролетарҳои ҷаҳон як шавед!”, “Ҷумҳурии иҷтимоии мухтори Тоҷикистон”-ро бо хати арабӣ, лотинӣ ва сирилик мебинем.

Акнун достони яке аз парчамҳоеро мебинем, ки дар ҳаёти тоҷикони асри XX нақши баланд дошт, ки 6-7 рӯз пеш аз олам чашм пӯшидани Иосиф Сталин, рӯзи 26-уми феврали соли 1953, аз ҷониби аъзои Кумитаи марказии КПСС дастина (имзо) шуд. Ин парчами нави Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон мебошад. Наздики 1 моҳ баъди таҳрири нав, рӯзи 20 марти соли 1953, яъне баъди 15 рӯзи фавти Сталин парчами нав қабул ва то соли 1991, яъне то пош додани СССР арзи вуҷуд дошт.

Парчами давлатии РСС Тоҷикистон, аз матои росткунҷае иборат буда, аз 4 хату ранги уфуқӣ сурх, сафед, сабз ва сурх иборат аст. Дар кунҷи болои он ситораи панҷгонаи тиллоӣ ҷойгир шудааст. Санаи расмии пош додани СССР рӯзи 26 декабри соли 1991 ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз Шӯрои Олии Ҷумҳуриҳои СССР эъломияро дар бораи қатъ кардани мавҷудияти Иттиҳоди ССР ҳамчун давлат ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ қабул кард.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикис­тон озодии сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва соҳиби ин Парчами нозанин шуд. Ин аст парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки тирамоҳи имсол ҷашни мубораки 35 солагӣ дорад. Достони эъҷоди ин парчами нави зебо низ хеле ҷолиб буда, он барои пеш аз солгарди бузург ривоят кардан аст. Мо Метавонем!

Шамсиддини Муқим,

СССР, Москва

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube