Робиаи Балхӣ – таҷассуми ҷасорату зебоӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ

Дар таърихи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ бо исми кам адибони зан вомехурем, ки мисли Робиаи Балхӣ ҷуръату ҷасорат карда, дар баробари беадолатиҳои замон аз ишқу муҳаббати поки хеш дифоъ намуда, алайҳи нобаробариҳои замонӣ қиём карда бошанд. Аз тарафи дигар, Робиаи Балхӣ, ки саргузашти талхаш дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ хеле кам бозтоб ёфтааст, таҷассумгари ишқи поки инсонӣ, зебоӣ ва ҷуръату ҷасорати бонуи миллӣ будааст.

Робиа бинти Каъби Қаздорӣ яке аз аввалин суханваронест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар тазкираҳо ёд шудааст.  Робиаи Балхӣ духтари ҳокими Балх Каъби Қаздорӣ буда, нимаи дуюми асри IX ба дунё омадааст. Вай бар асари таваҷҷуҳи падари фозилаш илмҳои маъмули замонаашро аз худ кард ва чун ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт, шуруъ ба сурудани ашъори ширин намуд. Мувофиқи ривояти Фариддудини Аттори Нишопурӣ, ишқе, ки Робиа нисбат ба яке аз ғуломони бародараш дошт, бар шӯру шавқ ва сӯзи ашъораш афзуда, шеърашро ба пояи такомул расонидааст.

Робиаи Балхӣ дар давраи ҳукмронии Сомониён зиндагӣ карда, бо шоири забардасти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Балх ба дидори ҳамдигар мушарраф мешаванд ва дар боби шеъру шоирӣ суҳбатҳои хосса меороянд. Қобили зикр аст, ки замони ҳукмронии Сомониён давраи ташаккул ва такомули адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ин давра забон, адабиёт ва илму фарҳанг рушду нумуъ мекунад ва ба авҷи аъло мерасад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Исмоили Сомонӣ минтақаҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон аз нигоҳи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба яке аз давлатҳои мутараққии он замон табдил меёбад. Пешрафти иқтисоди кишвар ба равнақи ҳаёти фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард ва дар маркази давлати Сомониён – Бухоро беҳтарин намояндагони илму маданият гирд омада, дар роҳи тараққиёти илм, санъат, фалсафа, адабиёт ва таърих корҳои бузурге анҷом доданд.

Воқеан, давлати Сомониён дар баробари таъмини ҳаёти осудаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мардум ба илму фарҳанг низ диққати махсус медод. Амирони хирадпарвари Сомонӣ, махсусан ба забон ва адабиёт, ки дар асри Х ба зинаи баланди инкишоф расида буд ва дар раъси он Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошт, таваҷҷуҳи зиёд мекарданд. Устод Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба унвони фахрии “Маликушшуаро” сазовор гардида, шоирони баъдӣ ӯро ба сифати “султони шоирон”, “сари шоирон”, “устоди шоирони ҷаҳон”, “одамушшуаро”, “соҳибқирони шоирӣ” ва ғайра зикр кардаанд. Қобили зикр аст, ки дар атрофи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва маҳфилҳои адабии ӯ суханварони маъруфе, монанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулмуайяди Балхӣ ва дигарон ҷамъ омада буданд ва базмҳои адабӣ меоростанд.

Фаридуддини Аттори Нишопурӣ дар асари худ “Илоҳинома” достони ишқи Робиаи Балхӣ ва Бектошро ба таври шӯрангез ва фоҷеавитарин қиссаҳои ишқӣ баён кардааст. Ба қавли Аттор, Робиа духтари Каъб, ҳокими Балх буд ва дар баробари ақлу заковати комил ва истеъдоди баланди шоирӣ доштан, дорои ҳусну ҷамоли беназир буд ва падараш бениҳоят ӯро дӯст медошт. Падараш ҳангоми марги худ писараш Ҳорисро насиҳат мекунад, ки аз хоҳараш ба хубӣ муроқибат кунад. Рӯзе Ҳорис базми шоҳона меорояд ва аз болои қаср Робиа базмро тамошо карда, чашмаш ба Бектош – ғуломи бародараш меафтад, ки бо ҳаракатҳои зебову дилнишини худ Робиаро мафтуни худ мекунад. Робиа аз шиддати ишқи сӯзоне, ки нисбат ба Бектош дошт, ба бистари беморӣ меафтад. Дояи Робиа, ки рамузфаҳм буд, аз ишқи ӯ бохабар гашта, миёни ошиқон номарасон шуд. Робиа тамоми ҳиссиёт ва сӯзи ишқашро ба Бектош дар шеърҳояш ифода мекунад.

Дар идомаи достон Аттор қайд мекунад, ки дар базми амири Сомонӣ Рӯдакӣ ашъори ошиқонаи Робиаро қироат мекунад, ки мавриди қабули ҳама алоқамандон мегардад. Ҳорис бародари Робиа низ дар он базм ҳузур дошт ва аз Рӯдакӣ мепурсад, ки ин шеър моли кист? Рӯдакӣ дар ҷавоб мегӯяд, ки аз хоҳарат – Робиа. Аз ин хабар Ҳорис ба ғазаб омада, пас аз анҷоми базм фавран супориш медиҳад, ки Бектошро зиндонӣ кунанд ва ба Робиа муҷозоти сахттарин таъйин намуда, рагҳои дасташро дар гармоба мебуранд ва дари онро маҳкам мекунанд.

Робиа дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти худ дар гармоба бо хуни дастонаш шеърҳои охиринашро, ки саршор аз ишқу вафодорист, иншо мекунад. Пас аз марги Робиа, Бектош аз зиндон фирор мекунад ва шабона ба хонаи Ҳорис омада, Ҳорисро ба қатл мерасонад ва сипас ба қабри Робиа рафта, худро низ ба ҳалокат мерасонад.

Аз шоири ширинсухан – Робиаи Балхӣ мероси адабии ниҳоят кам – тақрибан 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст. Вале Робиаи Балхӣ бо ин мероси андаки гузоштааш тавонист, ки дар дилу дидаи мардум ҷой гирад. Ҳатто баъзе аз тазкиранависон ба эҷодиёти Робиа баҳои баланд дода, ба ӯ унвони “модари шеъри форсӣ”-ро додаанд. Ҳамчунин, дар замони муосир дар нахустин конфронси илмии бузургдошти Робиаи Балхӣ зери унвони “Робиаи Балхӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар шеъру адаби форсӣ”, ки соли 2010 дар Тоҷикистон баргузор гардида буд, шоирону нависандагон ва олимону коршиносони Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон гирди ҳам ҷамъ омаданд. Нахустин шуда шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки: “Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст”.

Дар конфронси илмии мазкур намояндаи онвақтаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ иштирок ва суханронӣ карда, ишора намудааст, ки: “Бо вуҷуди он ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле кам боқӣ мондааст, аммо ӯ дар замони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст”.

Тавре дар боло зикр гардид, аз ашъори Робиаи Балхӣ то замони мо мероси кам омада расидааст. Тахмин меравад, ки боқимонда осори ӯ ё ба дасти бародараш Ҳорис ва ё бо гузашти замон аз байн рафтааст. Бо вуҷуди ин, он чизе ки дар дастрас мебошад, ба зарофат ва лаёқати волои суханварии Робиа далолат мекунад ва собит месозад, ки он чи Аттори Нишопурӣ ва дигар тазкиранависон доир ба шеъри ӯ тавсифу тамҷид кардаанд, муболиға нест. Масалан, ба шеъри зерини Робиаи Балхӣ таваҷҷуҳ мекунем:

Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Баски бипсандид бояд нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.

Имрӯз аз Робиаи Балхӣ на танҳо ба унвони як шоираи чирадаст, балки ба унвони зане озодаву озодихоҳ ва равшанфикр ёд мешавад. Ба хотири пос доштани бузургдошти Робиа то ба ҳол якчанд достонҳои ишқии шӯрангез иншо шудааст.

Достони ишқу зиндагии фоҷеаомези Робиаи Балхӣ нахустин бор аз ҷониби Фаридуддини Аттор дар китоби “Илоҳинома” бо забони ширину дилпазир баён гардидааст. Ин қиссаи пурғусса баъдан аз ҷониби Ризоқулихони Ҳидоят бо номи “Гулистони Ирам” дубора ба шеър дароварда шуд. Ин иқдоми наҷиб то ҳол идома ёфта истодааст. Шоири хушсалиқаи Афғонистон Носир Таҳурӣ ин достони шӯрангезро бо сӯзу гудози зиёд зери унвони “Шуълаи Балх” ба назм кашида, онро дар Кобул нашр кардааст. Инчунин, аз ҷониби шоири муосири тоҷик Гулрухсори Сафӣ дар мавзуи ишқи нокоми Робиа достоне иншо гардидааст.

Ба ин тартиб, ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ ҳамчун намунаи барҷастаи шоири озодандеш дар таърихи адабиёти форсу тоҷик хеле баланд аст. Робиаи Балхӣ аз ҷумлаи аввалин занҳоест, ки садои занро дар адабиёти форсу тоҷик ба таври ошкор ва боҷуръат ифода кардааст. Ӯ на танҳо як шоир, балки рамзи ҷасорат, ишқ ва худшиносӣ дар фарҳанги классикии тоҷик аст. Гарчанде ки умри кутоҳ дид, вале дар ин муддат тавонист номашро дар таърихи адабиёт ҷовидона боқӣ гузорад.

 Абдухолиқ Зуҳурӣ,

адабиётшинос

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube