Ба мусофирбар ҷавонзане нобинои модарзод, яъне ба таъбире, қорӣ бо нӯги асои дасташ роҳро санҷида, даромаду ба курсии пеши ман нишаст. 50 дирамаеро, ки шояд 5 сомонии фулузӣ гумон дошт, бароварда, аз ман арзишашро муайян кардан хост. Ба ӯ арзиши пулро фаҳмонда, гуфтам, ки ташвиш накашад, ман роҳкироро ба ҷои ӯ мепардозам. Аммо миннатдорона рад карда, ин дафъа бехато ду 1 сомонии танга ва як 50 дирама ба дастам дод, ки ронанда ҳам гирифтанашро бинобар оҷизии он бону, нахост ва ба соҳибаш баргардондам.
Қоризан бо телефони дастӣ бо касе бо садои паст хушҳолона дар гуфтугӯ буд ва кадом як шеъри писандидашро ба мусоҳибаш талқин мекард, ки ёфта хонад. Зеро хеле шеъри хуб будааст. То баромаданаш ҳар қадар гӯшу ҳуш шудам, аммо аз овози мошин шеърхонии бозавқашро шунида натавонистам.
Аз ин чанд лаҳза оламе таассуроти хубе боқиам монд;
– Ҳанӯз ҳам одамгарӣ, раҳму шафқат дар мисоли ронанда боқӣ монда будааст.
– Дар муқоиса бо одамони чор ишкелашон дурусту дар фарёду шикоят, болидахотирии инсоне нобино хеле руҳам бахшид.
– Бо чашмони бинои Худодод таваҷҷуҳ надоштани мутаассифона, кулламон ба осори беназири ниёгон аз ҳад зиёд ифротимафкура шудани аҳли ҷомеа ва бо лаззати шеъри ноби форсӣ – тоҷикӣ зистани ин духтари нобинои тоҷик. Ҳатто худамро бо ӯ муқоиса карда хиҷолат, шудам, ки шояд завқу эҳсосам дар нисбати каломе, ки ҳамарӯза ба забон меоранд, вале дар сурати шеър ҷозибаи малакутӣ мегирад, аз ӯ пасттар бошад.
Баъдтар аз ин манқуртҳое ҳам афзудан доранд, ки ҳама аз маънавиёт, аз ҷумла шеърро ҳам бо фатвоҳои хом ҳаром дониста, аз байн бурданӣ шуда, ҷои онҳоро бо сафсатаҳои бофтаю пӯчу бемаънии худ пур карданианд.
Ҳой, мардум! Агар шеър сафсатаю ҳеҷ мебуд, қавму миллатҳои ғайр шоирону мутаффакирони моро берӯёна азхуд карданӣ мешуданд? Шоире дасти олиму муҳандису ихтироъкореро надоштааст, ки дастгоҳу таҷҳизоти техникие насоз. Дар эътиқоду ибодат сидқан будан хуб аст, вале аз илму донишҳои дунёӣ дур гаштан, камоли ҷаҳолат аст. “Илм аз ибодат болост!” – ро зинҳор, фаромӯш насозед!
Бигузор, ҳамин дӯшизаи маҳрум аз қувваи биноӣ, вале бо дилу фаросату маърифати биною воло дар роҳи маърифатнок кардани фарзандон, насли нави тоҷик ба хотири ояндасозӣ ва бақои миллату Ватан барои ҳамаи мо ибрат ва манбаи илҳом гардад!
Байти зер ҳам ҳосили ҳамон мушоҳида мебошад:
Аҷаб, ки нобиное бо асо худ роҳ мепаймуд,
Вале бо чашми биноро гирифта дигаре мебурд!!!
Хуш монед!
Мирзо Рустамзода, СССР
