Гӯшт, гӯштфурӯш, гӯштхар ва гӯштхӯр

Ҳафтаи дуюм аст, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо садри он – милисаи №1-и пойтахт Шоҳрух Саидзода бар зидди гӯштфурӯшоне, ки ба таври сунъӣ нархи гӯшти маҳаллиро дар бозорҳои шаҳри Душанбе боло бардоштаанду боз ҳам бардошта истодаанд, муборизаи беамон эълон кардааст.

Тавре дар шумораҳои гузашта хабар дода будем, рейдҳо бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан маҳсулоти гуштӣ, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Прокуратура дар бозорҳои «Меҳргон», «Фаровон», «Саховат», «Ховарон» ва тамоми дукону марказҳои савдои хурду бузург, гузаронида шуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар рӯзи аввали рейдҳои мазкур беш аз 40-далели аз меъёри муқарраргардида, гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуштӣ ошкор карда шуд.

Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон нисбати нафароне, ки дидаву дониста, маҳсулотро аз меъёри муайяншуда, гарон мефурӯшанд, барои фиреби истеъмолкунандагон бо моддаи 627 ва барои худсарона баланд бардоштани нархи маҳсулот бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бархе аз савдогарони гӯштфурӯше, ки новобаста аз протокол шудан боз даст ба қиматфурӯшӣ заданд, дубора ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мо тасмим гирифтем ин ҳафта ба бозорҳои пойтахт баромада, сабаби аслии камчин шудани гӯшти гови маҳаллӣ, таъминоти бозор бо гӯшти воридотӣ ва нархи аслии гӯшт аз қассобон ва масъулин пурсон шавем.

1 кг гӯшти гов – 65-75 сомонӣ

12.12.2025. Соат бо вақти Душанбе 09:25 дақиқа. Тамомии дӯконҳои гӯштфурӯшии КВД «Бозори «Деҳқон» кушода ва гӯшт фаровонист. Нархи 1 кило гӯшти гов 75 сомонӣ аст. Дар ҳамаи дӯконҳои гӯштфурӯшии на танҳо ин бозор, балки бозорҳои дигар низ имрӯз гӯшти истеҳсоли Беларус воридшударо мефурӯшанд. Гӯшти қазоқӣ низ ҳаст, аммо кам ба чашм мерасад.

Нархи 1 кг гӯшти аз Беларус воридшуда дар дӯконҳои КВД «Оид ба ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» 65 сомонӣ аст ва навбати бештари харидоронро маҳз дар ин дӯконҳо мебинем.

Роҳбарияти бозор ва масъулон дар назди ҳар як дӯкон ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, то ин ки савдогарон нархро аз ин боло набаранд. Ҳамарӯза ба КВД «Бозори «Деҳқон» аз 7 то 11 тонна гӯшти Беларус ворид мешавад ва ҳамаи он ба фурӯш меравад.

Воридоти 3400 тонна гӯшт дар 11 моҳ

Тавре дар суҳбат бо мухбири мо Фарҳод Расулзода, директори КВД «Оид ба ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» иттилоъ дод, дар 11 моҳи соли 2025 тавассути ин корхона ба пойтахт 3400 тонна гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон ворид карда шудааст. Танҳо дар моҳи ноябр 380 тонна гӯшт ворид гардида, ба тамомии бозорҳои пойтахт тақсим карда мешавад. Тавре дар боло зикр намудем, нархи 1 кг гӯшт дар дӯконҳои ин корхона 65 сомониро ташкил медиҳад.

Чанд моҳ пеш мо дар ин бора матлаб навишта будем. Бояд гуфт, ки гӯшти гов аз Беларус тавассути мошинҳои гаронвазни яхдондор аз комбинатҳои истеҳсоли гӯшти шаҳрҳои Слутск ва Пински Ҷумҳурии Беларус ворид карда мешаванд. Ҳар як мошин то 18 тонна гӯшт бор мекунад.

Ин амал дар асоси дастуру супоришҳои раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, ҳадаф танзими нархи гӯшт ва бо ин роҳ пешгирӣ намудан аз гароншавии сунъии нархи маҳсулоти номбурда дар бозор аст.

Андар боби стандарту ҳалол

Дар мавриди гӯшти воридоти аз Беларус байни мардум ҳар гуна назару андеша ҳасту бархе ҳалол будани онро зери суол мебаранд. Ҳар як пораи гӯште, ки ворид мешавад тамғаи «Халял» – «Ҳалол» ва Сертификати стандарти Ҷумҳурии Беларусро дорад. 

Бояд гуфт, ки айни замон тамомии тарабхонаву ошхона, самбӯсахонаву мантухонаҳои пойтахт низ ба гӯшти воридоти гузаштаанду шашлику самбӯса ва ҳар хӯроки гӯштие, ки мо дар берун мехӯрем, аз гӯшти воридотӣ омода мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки қассобоне, ки тариқи қарордод ба забҳи чорвои ба Тоҷикистон содирот мешуда машғуланд, ҳамагӣ мусалмон ва зодаи кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонанд, ки солҳои зиёд дар Беларус кору зиндагӣ мекунанд.

Сокинон ва харидорони пойтахт бояд ба ҳар гуна овозаҳо, ки маҳз худи даллолон ва гоҳо қассобони маҳаллӣ дар мавриди забҳи гӯшти воридотӣ паҳн мекунад, дода нашаванд. Ва бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ шаҳрдории Душанбе намегузорад, ки ба пойтахт маҳсулоти ғайристандартӣ ворид шавад!

1 сирри дигарро бояд ба сокинон ва харидорони гӯшт ошкор кунам: гӯшти воридоти аз Беларус танҳо гӯшти буқачаи то 2 сола аст, на модагов! Аз ин лиҳоз гӯшти буқача мулоим, камравған ва хушхӯр аст. Алалхусус, хушхӯр барои он, ки ин буқачаҳо мисли говҳои маҳаллии мо ин сӯву онсӯ намегарданд, дар якҷо парвариш меёбанд ва танҳо хӯроки серғизо – витаминдор мехӯранд. Ва муҳимтарин аз ин он аст, ки чунин мол ва чунин гӯштро бо дастури раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи мазкур барои мо сокинони пойтахт мехарад!

Кунҷора арзону модагов қир шуд…

Аз қассобону савдогарони гӯшт дар бозори «Меҳргон» сабаб мепурсам: чаро нархи гӯшти маҳаллӣ якбора то ба 105 сомонӣ хест, ҳол он, ки нархи хӯроки чорво, аз ҷумла кунҷора аз соли гузашта гарон нашудааст. Боз ҳам бояд бигӯям, ки дигар қассобе, ки худаш молро забҳ кардаву ба бозор барорад, қариб, ки имрӯз намондааст, аксарияти гӯштфурӯшҳо молро пас аз забҳ мехаранду мефурӯшанд, яъне дасти дуюм аллакай ба болои нархи асли фоизи худро мемонад. Ва нархи моли зинда низ гаронтар шудааст – аз сари тарозу гӯштро 95-97 сомонӣ сари ҳар кило мехаранд ва маҷбуранд харҷи иҷораву андозро ба болои ин нарх зам кунанд.

Сабаби дигари камчин шудани гӯшти маҳаллиро савдогарон дар кам шудани чорво мебинанд – модаговҳоро қассобон ва мардум хеле зиёд кушта истодаанд ва ин боиси коҳиш ёфтани зоиш ва кам шудани буқачаҳо мегардад. Шунидани ин хабар барои ман хеле аҷиб буд, шояд инро хонандагони мо, ки ба парвариши чорво машғуланд, хубтар шарҳ диҳанд, аммо барои гӯштфурӯшон ин раванд, ки соли охир ба маротиб афзудааст, боиси нигаронист.

Пойтахт ҷумҳуриро мехӯронад?

1 омили дигари камчин шудани гӯшти маҳаллиро гӯштфурӯшон дар кам шудани воридоти он аз вилоятҳо мебинанд. Агар солҳои пеш аз Суғду Хатлон гӯшт бештар ворид мешуд, имсол қариб, ки воридот нест. Ҳатто воридоти гӯшт аз вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти агросаноатӣ ба шумор меравад, коҳиш ёфтааст. Ва ҳоло баръакс фурӯшандагони гӯшт аз тамомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба Душанбе омада, аз бозорҳои пойтахт гӯшт харидорӣ карда мебаранд. Ба қавли савдогарони гӯшт, агар 5 сол пеш ҷумҳурӣ пойтахтро таъмин менамуд, ҳоло пойтахт мамлакатро…

Чарогоҳҳои хусусӣ ва фермаҳои чорводорӣ

Газетаи СССР бори аввал нест, ки масъалаи чарогоҳҳо ва эҳёи колхозу фермаҳои агросаноатиро ба миён мегузорад. Муттаассуф, дигар он колхозу совхозу фермаҳои даврони шуравӣ барнамегарданд, вале бояд як механизми махсуси фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат ва дигар идораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шавад. Инро барои чӣ мегӯям – масъалаи чарогоҳҳо ва фермаҳои чорвопарварӣ ин ҳафта бори дигар доғ шуд.

Савдогарон мегӯянд, ки соҳибони мол низ мушкил зиёд доранд ва гоҳо аз ноилоҷӣ моли майдаро мекушанд. Пеш аз ҳама ин набудани чарогоҳ барои нигоҳубини чорвои мардум, аксарияти чарогоҳҳои кишварро харида, хусусӣ кардаанд ва моли мардуми одӣ ҷойи чаридан надорад. Ё хоҷагиҳои деҳқонӣ бар ивази маблағи муайан – аз 50 то 100 сомонӣ иҷозат медиҳанд, ки чорворо дар чарогоҳ нигоҳ дорӣ. Ин ҳам таъсири хешро ба нархи мол мерасонад. Агар чарогоҳҳо давлатӣ ва нарх арзонтар мешуд, деҳқон имкон дошт моли худро хуб чаронад. 

Инсон ва инсоф

Мушкил албатта зиёд аст, ки мо дар боло танҳо дар бораи бархе аз онҳо суҳбат кардем. Сарфу харҷи чорводор агар як тараф бошад, сарфу харҷи савдогар дигар тараф – иҷора, хизмати коммуналӣ, андоз ва даҳҳо боҷҳои давлатӣ, ки зимни пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бояд пардохт кард.

Аммо боз ҳам муҳимтарин омил ин инсоф аст, ки муттаассуф на ҳамаи савдогарони бозор доранд. Қиматшавии нархи бозор дар арафаи иду ҷашнҳо, алалхусус идҳои Рамазону Қурбон далели ин гуфтаҳост. Амсоли ба таври сунъӣ болобурдани нархи гӯшт ва ё бо даҳҳо қасам фиреб додани харидор: бархе гӯшти гови Беларусро, ки 75 сомонӣ арзиш дошта, аз рангу намуд аз гӯшти маҳаллӣ фарқ мекунад (камравған аст), гӯшти маҳаллӣ гуфта, 105 сомонӣ мефурӯшанд…

 Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube