Интизоред, дар бораи ғавғои сагон, ки дар интернет чанд сакалтуе, сари газетаи мардумии СССР роҳандозӣ кардаанд, баҳс мекунам? Неъ! Ман бо Инсонҳо баҳс мекунам:
-Гирад садои ин сагон, лек ман ҳамон шерам!!!
Баргардем сари газетаи мардумии СССР, ки дар тӯли 1 кам 900 шумора, яъне 899 нусха, ба хонандаи хеш чӣ доду чӣ гирифт. Яъне додуситадамон бо дӯстон, ҳаводорон, хонандагон, муаллифон, аъзои Ихвон ал СССР чӣ буду чӣ шуд ва чӣ мешавад?
№899
– Дар ин муддат, 218 моҳ, 1526 ҳафта, 10682 рӯз, 256368 соат, 15 млну 382.080 дақиқа, 922 млну 924.800 сония/таппиши дил бо ҳам будем.
– Дар ин муддат мо 899 шумора, пайваста, бе истиҳола ва танаффус нашр кардем.
-Дар ин муддат банда 885 сармақола, ё ба таъбири Убайд Раҷабови маъруфу машҳур «передовица» навиштам. Дигар бачаҳо низ, ба вежа Ҷамилаи Ҳусейн беш аз 500 матлаб нигоштаанд, ки ҳалолашон бод.
– Дар ин маҳдудаи таърихӣ танҳо дар саҳифаи 15, дар гӯшаи Газетаи Мардумӣ, муаллифони доимӣ ва Хабарнигорони Мардумии СССР 6720 мақола навишта, камбудиҳоро фош, норасоиҳоро ошкор ва пирӯзиҳоро таблиғ карданд.
– СССР 899 сармақола (агар вақту бахт даст дод, 900 мешавад, вале ба гумон), дар мавзуъҳои калидӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, дипломосӣ ва публитсистӣ навишта, аз манофеи Ҳукумати марказӣ ва Давлати Тоҷикон пуштигирӣ кард.
– Ҷои зикр аст, ки танҳо дар саҳифаи 4, саҳифаи таърихи РСС Тоҷикистон, мо 2668 очерки таърихӣ, мақола дар бораи қаҳрамониву ҷонбозиҳои мардуми шӯравӣ, ба вежа фарзандони сарсупурдаи РСС Тоҷикистон дар 70 соли овони советӣ, ки давлати имрӯзаи моро бунёд гузоштааст, навишт.
– Бузургтарин ва беҳтарин журналистони муосири Тоҷик, ки бархе аз мо бибрида, бар олами руҳ печидаанд, бо СССР ҳамкор буданд, ки аз ишон ёд овардан, айни савоб аст:
-Ҷамила Ҳусейнова, Умари Шерхон, Мирзо Рустамзод, А. Собир, И. Маҳмудҷонов, Н. Қосимзода, О. Достиева, Сафват Бурҳонов, Раҷаби Мирзо, Хуршед Фозилов, Зиннатулоҳ Исмоилзода, Аҳмади Иброҳим, Хуршеди Атовулло, С. Фаррухшоев, Ш. Амин, Акрами Санг, Сайёд Ғаффор, Шоираи Раҳимҷон, Шералӣ Давлатов, Ситораву Исмоилу Нурулло, Ориф Ёдгорӣ, Аброри Аҳрор, Саймурод Носиров, Алии Беҳудуд … Раҳими Ашроф, Аслиддин Достиев, Одинашо Муродов, Бахтиёр Сафаров, Шарифи Мисайзод, Акбари Саттор, Меҳрубон Салимшоев, Иқбол Тешаев, Меҳрӯзиддин Болтаев, Гулчеҳра Фозилова, Гули Зард (Худо ҳамашонро биомурзад) ва 30 хабарнигори мардумии СССР, 160 муаллифи доимӣ ва 3333 муаллифи лаҳзавӣ дар хидмати хонанда буданд, ки зиндагонӣ ҳалолашон бод. Мо Метавонем!
– Дар ин муддат «дӯстон» аз мо суол мекарданд, ки чаро сафи кормандони фавтидаи СССР зиёд аст? Посух медиҳем: Зеро дар СССР сарсупурдагон фаъолият доранд ва то соати марг бо мо ҳамкорӣ мекунанд, чу медонанд, ки баъд аз маргашон низ мо ишонро фаромӯш НА-МЕ-КУ-НЕМ!!!
Фарзи мисол, Гули Зарди нозанин, ки чанде пеш даргузашт, дар бисёр газетаҳо кору фаъолият кардааст, вале ҷуз СССР касе аз ӯ ёд кард? Гуфти худи раҳматӣ «То-та!!!». Слабо!
Баъди марг низ СССР то ҳадди дастрас ба хонаводаи ҳамкорон ва атфоли ятиммондаи онҳо дасти кумак дароз мекунад. Мисле, ки дар саҳифаи 8-9, дар винеткаи маъмулии СССР, акси ҳама муаллифону хонандагон ва дӯстони СССР барои ҳамешагӣ нашр мешавад, ҳамаи онҳо абадан дар хотираи мо зиндаанд. Шиори мост:
-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!
– Дар ин 899 шумора 3631 нафар меҳмони редаксия шуда, дар бораи мушкили иҷтимоиву ҷамъиятӣ изҳори назар карданду мо нашр сохтем.
– Дар ин 899 шумора тавассути телефони мобилӣ ба редаксияи мо беш аз 20110 нафар занг заду мо арзу дод ва дархости 6786 хонандаро нашр кардем. Зеро мо танҳо мушкили мардумиро чоп мекунем, на индивидуалиро.
– Дар ин 899 шумора 11787 СМС-паёмаки хонанда тариқи мобил ва интернету сайтҳои иҷтимоӣ ба мо расид, ки аккурат чоп шуданд.
– Дар ин 899 шумора газетаи мардумӣ дар гӯшаи «Носталжи» 2256 акси нодири дарвони шӯравӣ, ки хуморшикананд ва ҳамзамон 855 аниқ…дот, латифа аз рӯзгори шахсони воқеии фарҳангиро ба дасти нашр дод.
– Дар ин 899 шумора дар саҳифаи «ҷанҷолӣ»-и «Мо ба ваҳси Мо», 3104 матлаби бахшида ба ҳодисоти авоили солҳои 20-уми асри ХХ нашр гардид. Дар ин гӯша чӣ қадар мардум баҳс кардаву сипас дӯсту бародар гардида, шомили гурӯҳи хаёлии «Ихвон ал СССР» шудаанд, худамон медонему худашон. Мо Метавонем!
Аспи ҷавмаст
Соли 2026 Соли ман аст, яъне Соли асп. Ба гуфтаи Алии Беҳудуд «панҷмурчала» мешавем. Яъне 60 сол. Дар ин 60 сол агар аз ман пурсанд, ки чи коре назаррастаре кардаӣ, ҳатман аз муаллифину хонандагон, хабарнигорони мардумиву коллективи кори редаксия ва аъзои Ихвон ал СССР ёд хоҳам кард. Зеро воқеан ҳам бузургтарин проекти ман дар ин 60 сол маҳз ҳамин 899 шумораи СССР ва кор бо мардум будӣ.
Ман аз якояки шумо сипосугзорам. Чӣ рӯзу рӯзгоронеро паси сар накардем. Нафаре ақаллан 1 бор 1 дона газета ба дасти чоп додааст, медонад, ки чӣ заҳмати миёншикане дорад ин кор. Ба вежа дар шабу рӯзе, ки мардум аз газета дилсар шудаву думболаи телефону интернетанд. Хеле кори сахту сангин аст, газета чоп кардану ба фурӯш баровардану бетанаффус 899 шумора нашр карданҳо…
Мо дар ин 899 шумора ақаллан 1 грант нагирифтем. Зеро таври маълум хориҷиён ба газетаҳои патриотӣ пулу мол намедиҳанд. Вале маҳз дастгирии шумо хонандагон, ки СССР мехаридед, моро то имрӯз оварду Худо хоҳад ба оянда низ мебарад. Мо бо шумо Метавонем!
Сутун бар Боми Миллат қомати мост,
Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!!!
Маҳз барои ана ҳамин ибтикори шумо мо Газетаи Мардумием! Статус ё худ мавзеъе, ки доиман холӣ буд. Ва касе ҷои онро натавонад гирифт…
