Сохтмони гӯшти уштурхӯрда

1 сол пас, аз ваъда

Оғози соли 2020- ум мо аз биносоз  дар шахси Иҷрокунандаи вазифаи директор БОЙГЕНОВ ПАРВИЗ НАЗАРМАМАДОВИЧ, ки дар асоси Онинномаи «Тибби Суҳайб» фаъолият дорад, тариқи шартномавӣ  хона харидорӣ кардем. Тибқи қарордод бино бояд то соли 2024 бо тамоми шароит сохта мешуд.

Факт: Қарор дод!

«ҶДММ «ТИББИ СУҲАЙБ» «ТАРАФИ 1» номида мешавад, аз як тараф ба ДОСТИЕВА ОМИРОНА САЙФУДИНОВНА, дорандаи шиносномаи А 04561620, ки аз тарафи ШВКД -1 дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, 09.11.2022 сол дода шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ, 366, дар оянда  «ТАРАФИ 2» номида, мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ »ТАРАФҲО» номида, мешаванд, шартномаи мазкурро дар он хусус бастаанд, ки «ТАРАФИ 1» пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани бино уҳдадор мешавад, ки ба «ТАРАФИ 2» квартираи дар банди 12 нишондодашударо ба «ТАРАФИ 2» бо таъмири миёна бо иҷрои ҳамаи марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ ва рангу бори даруни хуҷраҳо, бо иҷрои васли дарҳои даромад, дарҳои байни ҳуҷраҳо, тирезаҳои беруна, часпонидани фаршҳои  хуҷраҳои истиқоматӣ ва даҳлез бо ламинат часпонидани миёнадеворҳои байни ҳуҷраҳо, андоваи деворҳо, часпонидани сафолакҳо (кафел) – ҳо зарфаҳо ва деворҳои ҳочатхонаҳо ва ҳаммомҳо, васли ташноб (унитаз) гузаронидани хатти қубурҳои оби нӯшоки, қубурҳои гармидиҳанда ва ноқилҳои барқӣ, супорад.

    Мутаасифона, бино то ҳол нотамом мондааст. Тариқи шартонома бино бояд соли 2024 пурра сохта, ба харидорон супорида мешуд. Аммо тавре мо аз беруни бино дидем, на дар дошту на тирезаву на соҳибдарак. Лаҷоми биносозони фиребгарро кашидан як сӯ истад, хонаҳои мардумро кӣ мебардораду кӣ ҷуброн мекунад?   Як  сол қабл мо ба бинои мазкур рафта, онро дар ҳолати нотамом дарёфтем. Ваъдаи қатъию бардурӯғи биносозон то ҳол дар гӯшам садо медиҳад, ки як соли дигар фурсат диҳед ва мо хонаҳои шуморо  месупоремммм….

Як бому ду ҳаво

20.12.2025. Соат бо вақти Душанбе 11:44 дақиқа. Вақте мо ба мавзеи бинои мазкур, рафтем. Чун мақоли “Як бому ду ҳаво” гуфятагӣ ворӣ, ба ғайр аз онҳо чанд ширкати дигар сохтани биноҳои истиқоматиро ба уҳда доштанд, ки пурра анҷом дода, ба соҳибманзилон супурда буданд ва онҳо кайҳо боз дар он ҷо роҳат зиндагӣ менамуданд. Дар ҳоле ки биноҳои ширкати мансуб ба мо ҳанӯз дар хами пайроҳаанд, яъне анҷомёбии онҳоро касе аниқ гуфта наметавонад, ба ҷуз аз ваъдаҳои хушку холӣ. Ҳатто зинаҳои бетонӣ ҳанӯз пурра сохта нашуда, аз лифт дараке нест. Дар натиҷа одамони бечора овораю сарсон шуда гаштаанд. Махсус аз самти ба назарҳо намоён тирезаҳои бино, он ҳам то ошёнаи 5 насб шудаанду халос. Ақаллан нафаре пайдо мешуд, ки кори ба субут расонидани поймонак ва лифтҳоро анҷом медоданд. Албатта ин ҳам орзуи ширине беш буда наметавонад, чунки маблағро масъулони бино гирифтаанд ва бояд ҷавоб гӯянд. Касе ба ғайр аз онҳо ин амалро иҷро нахоҳад кард. Аз онҳо пурсида шавад, ки маблағи мардумро гирифта, куҷо карданд?

“Қочмаган номард!”

 Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Идиев Ҷурабек, сокини 35-солаи ш. Душанберо, ки ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карданд. Номбурда шумораи зиёди шаҳрвандонро бо ваъдаҳои гуногун фиреб дода, маблағҳои онҳоро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст. Айни замон зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Аз он шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби Идиев Ҷ., афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Кормандони Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 32-солаи пойтахт Содиқ Ҳикматуллоевич Одинаевро низ барои содир намудани қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи тафтишот, Одинаев ба ҳайси роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» беш аз 160 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, маблағи калонеро, ки барои бо манзил таъмин намудани онҳо буд, аз худ кардааст. Гумонбаршуда як манзилро аз се то ҳафт маротиба ба харидорони гуногун фурӯхта, дар ҳаҷми махсусан калон қаллобӣ кардааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки зарари умумии ба шаҳрвандон расонидашуда ҳудуди 50 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати Одинаев чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабси пешакӣ таъин карда шуда, бо моддаи 247, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот давом дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми анҷом додани муомилоти амволи ғайриманқул эҳтиёткор бошанд ва қонунӣ будани фаъолияти ташкилотҳои сохтмонро ҳаматарафа санҷида бароянд. 

Хатари биноҳои нотамому валангор…

Бо муққоиса аз даврони шӯравӣ, ба ҳама маълум аст, ки дар давраи ҳозира ҳангоми сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ қариб, ки ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карда намешавад. Дар як сӯ дар бинои бузурге одамон зиндагӣ доранд, дар шафати он бошад, кранҳои борбардори азим фаъолият мекунанд. Хурду калон бошанд, бепарво аз шафати биноҳои сохташаванда равуо менамоянд. Инаш ҳамро як тараф мегузорему ба ҳолати блиноҳои гӯшти уштурхӯрда ва масъулони бемасъулияти ширкатҳои ҳатулкор таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки хатари биноҳои нимкола ба ҳаёти одамон, бахусус кӯдакон, ноболиғони ҳанӯз дур аз дарки пурраи ҳама пешомад, дар ҳоли таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Ҳар лаҳзае имкон дорад, ки оҳане, хиште,  санге, тахтае аз боло ба поён сарозер шаваду касеро маҷрӯҳ кунад ва чунин ҳодисаҳо на як бору ду бо рух додаанд. Бинобарин ин, бо истифода аз фурсати пешомада аз ҳама падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати бехатарии ҳаёти худу фарзандонашон боэҳтиёт бошанд.

Хоҳед, ки ба доми фиребгарҳо наафтед!

Қонун дар ҳама давру замону сохт вуҷуд ва таъсир дорад, ба шарте ки онро донистаю риоя намоем. “Эҳтиёт – ними ҳаёт” ном мақоле ҳаст. Пеш аз ҳама дар сурати зарурияти пеш омадани аз байн бардоштани хонаи истиқоматии шахсӣ, аз роҳбарияти ширкати хонасоз талаби муаяйн намудани арзиши хона ва тариқи идораҳои дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ мушаххас ва дар Идораи нотариалӣ тариқи шартнома қонунӣ кунеду 1 нусхаи он дар дасти соҳибмулк бошад! Дар шартнома бояд тамоми паҳлуҳои таркибу сохти дохилии хонаҳо нишон дода шуда бошанд. Яъне ҳамаи иҷрои нуқтаҳои ишорашударо биносоз бояд бо имзо ва муҳр ба уҳда гирад. Чунончӣ:

– блок;

– айвон (балкон) аз ошхона ё аз ҳуҷра;

— ҷойгиршавй: масофа аз шахтаи лифт ва зинапояҳо, тарафи сояафкан ё офтобии бино, тирезаҳо ба саҳни ҳавлй ё ба тарафи роҳрав, дар мобайн, канор ё кунҷи бино;

– масоҳат ё метри мураббаъ;

ҳаммом дар шафати ванна ё алоҳида;

– бо таъмир ё бе таъмир;

– бо ва ё бе қисматҳои байни деворҳо (нақшаи кушода);

— ки пас аз гузаштан аз комиссияи давлатй пули ичрои ин шартнома ва шартномаро медиҳад.

Дар шартнома  кайд кардан зарур аст, ки дар давраи сохтмон «шахси дуюм» (ширкати сохтмон) хукук надорад, ки бе розигии хаттии «шахси якум» барои бегона кардан ё додани ҳуқуқи даъво ягон амал анҷом диҳад.

 Чӣ тавр иштироки саҳҳомии худро дар сохтмони бинои нав таъмин кардан мумкин аст?

Шумо ҳуқуқ доред, ки аз ширкати сохтмонӣ дар бораи шартҳои иштироки саҳмӣ дар сохтмони бинои нав маълумот гиред. Пеш аз бастани шартнома фармоиш дар бораи додани ҳуқуқи сохтмонро дархост кунед, матни чопи шартномаро гиред ва бо ҳуқуқшинос дар соҳаи сохтмони манзил машварат кунед. Ба нуқтаҳое диққат додан лозим аст, ки ташкилоти бинокориро вазифадор мекунад,  уҳдадориҳои худро аз рӯи шартҳои шартнома пурра иҷро намояд ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳоро муқаррар. Барои гирифтани тасдиқи ба баланси ташкилоти бинокорӣ барои сохтмони бинои нав дохил шудани пул, тартиби пардохтро муайян кардан низ муҳим аст. Тавсия медиҳем, ки пардохтро ба суратҳисоби бонкии ширкати сохтмонӣ гузаронед, на нақдӣ супоред. Сохтмони бинои нав ба охир расид, бинокор тибқи кадом ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи моликияти манзилро ба иштирокчиёни сохтмони муштарак медиҳад? Шартнома дар бораи гузаштани ҳуқуқи моликият дар Идораи нотариалии ҳудуди давлатӣ тартиб дода, ба қайд гирифта мешавад, ки баъд аз он ҳуқуқи моликият ба бинои истиқоматӣ ё бинои истиқоматии сохташуда ба вуҷуд меояд. Барои ба расмият даровардани шартнома роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ ба нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатҳои мазкурро медиҳад:

– Шиносномаи техникии манзил;

– Маълумотномаи мақомоти андоз дар бораи набудани қарздорӣ;

– Шаҳодатномаи бақайдгирии амволи ғайриманқул.

Роҳбарияти ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст, ки санади қабул ва супоридани манзилро ба иштирокчии сохтмони саҳмӣ тартиб диҳад. Дар ҳолати мувофиқ  наомадани шартҳои шартнома бо санад , роҳбари ширкати бинокорй вазифадор аст аз ҳисоби худ камбудиҳоро бартараф намуда, квартираро ба шартҳои шартнома мувофиқ гардонад.

 Омиронаи Сайёф,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube