Ҳабиб Юсуфӣ – шоири ҷанговар

Эй бахт, аҷаб маро Ватан додӣ ту,

Гулҳои умедам ба чаман додӣ ту.

Бовар бинамо, ба сад ҷаҳон нафрӯшам,

Ишқе, ки Ватан, барои ман додӣ ту.

Ҳабиб Юсуфӣ

Бисту дуюми июни соли 1941 фашизми гитлерӣ аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум кард. Халқи советӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ба мудофиаи Ватан бархостанд ва дар ин роҳ корнамоиҳои беназир нишон доданд. Алексей Максимович Горкий қабл аз ҷанг (соли 1929) гуфта буд: «Агар ба муқобили синфи ман, ки бо қувваи ӯ зиндагӣ ва кор мекунам, ҷанг даргирад, ман ҳам ба армияи ӯ сарбози қаторӣ шуда меравам. На барои он меравам, ки вай, албатта, ғолиб меояд, балки барои он меравам, ки ин кори одилонаи бузурги синфи коргари Иттифоқи Советӣ аст, ин кори қонунӣ ва вазифаи ман аст». Ин васиятро нависандагони советӣ сармашқи кори худ қарор дода, на танҳо барои офаридани асарҳои баландмазмун, дорои ғояи ватандӯстона камари ҳиммат бастанд, балки бо силоҳ бар зидди фашизм ба набард бархостанд. Онҳо тибқи талаботи замони ҷанг мавзӯи мудофиаи ватан, эҳсоси нафрат нисбат ба фашистонро дар маркази осори худ қарор дода, бад-ин тартиб, ба тарғиби рӯҳи ватандӯстӣ пардохтанд. Албатта, «адибони тоҷик ҳам дар солҳои ҷанг на танҳо асарҳои баландмазмуни ватанпарварӣ офаридаанд, балки як қисми онҳо, ба монанди Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон, ба фронт сафарбар гардиданд».

Ҳабиб Юсуфӣ яке аз ҳамин адибоне буд, ки ҳангоми озод кардани Полша, дар майдони ҷанг кушта гардид. Ӯ соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаб аввал дар техникум, баъд шӯъбаи шабони Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил менамояд. Муддате омӯзгорӣ ҳам кардааст. Аз соли 1940 то соли 1942 дар Институти забон ва адабиёту таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР ходими илмӣ шуда кор кардааст. Аввали соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи Артиши Сурх дохил шуда, ибтидо дар Омӯзишгоҳи ҳарбии Пенза таҳсил карда, баъд ба фронт фиристода мешавад. Дар озод кардани Ленинград ва ҷумҳуриҳои назди Балтик ва Лаҳистон (Полша) иштироки фаъолона карда, тавре ки гуфтем, ҳангоми озод кардани Варшава ҳалок мегардад.

Мусаллам аст, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар фронт ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам бо фашистон меҷангид, яъне ӯ акнун танҳо шоир набуд, балки ҷанговар ҳам буд. Бо душман нафрат дошт, аз онҳо интиқом мегирифт. Дар шеъри «Интиқом» ин гуна эҳсоси интиқомҷӯёнаи ӯ бармало зоҳир мешавад. Вай ҷанговари ҷасур дар сафи пеши набард буд. Ба ғалаба боварии қавӣ дошт. Аз ин рӯ, дар яке аз мактубҳояш, ки ба Абдусалом Деҳотӣ навиштааст, чунин мегӯяд: «Аҳволи ман нағз, дар зери барфу борон ва хунуки шимол, дар ҷангҳои барои озодии ватани сотсиалистӣ закалида истодам. Дар наздикӣ аз Мирзозода мактуб гирифтам, вай дар ҳаққи ман он қадар мадҳу ситоиш хондааст, ки ба ҳеҷ ҷои худ ғунҷонида наметавонам. Ман бисёр хурсандам, ки дӯстонам дар ин рӯзҳо чунин бо некӣ ёдоварӣ мекунанд. Умедворам Ҷанги Ватаниро бо ғалаба тамом карда, саломат ба хизмати адабиёти тоҷик бармегардам». Ӯ дар мактуби дигараш, ки онро ҳам ба Деҳотӣ навиштааст, нақши озодкунанда доштани Армияи Сурхро боифтихор ёдовар мешавад ва мегӯяд: «Ман пас аз тамом кардани ҷангҳои фронти Ленинград ва атрофи Балтик ба Лаҳистон омадам ва моҳи октябр дар ҷангҳои ин ҷо иштирок доштам.

Бо халқи ин ҷо муносибати мо хеле нағз аст, бештарин қисми аҳолӣ моро озодкунандаи худ медонанд».

Зимнан бояд гуфт, ки Ҳабиб Юсуфӣ, ки табиатан аҳли мутолиа буд, дар фронт, дар шароити вазнини ҷанг низ ин одати неки худ, яъне китобхониро идома медод. Асарҳои адибони тоҷику русро мехонд ва ба омӯхтани забон машғул мешуд. Мо инро аз мактубҳои ӯ, ки боифтихор дар ин боб сухан мегӯяд, равшан дида метавонем. Масалан, дар поёни ҳамин мактубе, ки ба Деҳотӣ фиристодааст (10 ноябри с. 1944), аз ӯ хоҳиш мекунад, ки суроғаи Фотеҳ Ниёзӣ ва маводи мехондагӣ равон кунад: «Агар мавҷуд бошад, адреси Фотеҳ ва баъзе материалҳои мехондагӣ фиристонед, дар шароити дамгирии мо, ки аз ҷанг дида пурташвиштар аст, мехонем». Ӯ дар мактубе, ки соли 1943 аз фронт ба устод Лоҳутӣ навиштааст, чунин мегӯяд: «Ман як сол боз дар фронт буда, хидмати мамлакатро ба ҷо оварда истодаам. Ба сабаби дурии роҳу набудани газетаҳои тоҷикӣ аз хондани асарҳои пурмазмун ва ҷанговари Шумо маҳрумам. Аз ин ҷиҳат, бисёр таассуф мекунам. Хоҳиш мекунам, агар имконият бошад, аз шеърҳои охирини худ фиристонед, бисёр мамнун мешавам, чунки дер боз асари тоҷикӣ нахондаам. Хусусан, муштоқи хондани шеърҳои тозаи Шумо ҳастам (барои ин илтимоси бетакаллуфона узр мехоҳам)… Устоди азиз! Аз саломатиатон пурсам? Дар байни ин ҳама ҷангу ҷидоли пурдаҳшат саломатии Шумо барин устодони азиз-обрӯи адабиёти советии тоҷик барои ман, инчунин барои халқу Ватан хело чизи пурқиммат аст. Шумо ҳеҷ гоҳ аз ёди ман фаромӯш намешавед, чунки рӯзе нест байтҳои Шуморо нахонам. Албатта, Шуморо фаромӯш кардан ва ё накардани ман он қадар аҳамияти бузург надорад. Аммо ман инро нагуфта наметавонам, Шуморо таърих-халқ фаромӯш нахоҳад кард. Шумо барои халқи советӣ, хусусан барои халқи форсизабон, зиндаи абадӣ хоҳед монд, ки вай юбилеи садсола ва ҳазорсолаи эҷодиёти Шуморо хоҳад гузаронид. Ман ин сатрҳоро дар зери снаряду тири душман нишаста менависам. Хоҳиш мекунам, ба самимияти онҳо бовар намоед. Мунтазири мактубатон, шогирди содиқи Шумо Юсуфӣ.

Ба ту, устоди номдори сухан,

Шарафи шеъру эътибори сухан,

Ба ту, эй қаҳрамони ишқу суруд,

Дар сухан сарвари замонаи худ.

Аз фронти азими шаҳри он,

Ки нишонаш ба синааш рахшон,

Ба ту, пири каломи ҷанговар,

Мерасонам саломи ҷанговар.

Чанд вақтест, ки ба амри Ватан

Тир ҷои қалам гирифта ман,

Дар сафи лашкари далери сурх

Мекунам хасми мулкро нобуд,

Ҳамчунон ваъда карда будам худ.

Дар чунин рӯзҳои пуркорӣ

Ту, ба ман ёвару мададгорӣ.

Шеъри ҷанговарат шиори ман аст,

Зафарат теғи обдори ман аст.

Аз ҳамин рӯ туро шуморам ман,

Қаҳрамон, қаҳрамони ҷанги Ватан».

Гузашта аз ин, ӯ «нуқтаи бозгашти худро фақат бо роҳи сарҳадҳои ғарбии СССР ва ба воситаи Берлин муайян карда, «…агар саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқанд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст…» гуфта навишта буд. Аммо дили пурҷӯшу хурӯш, диле, ки пур аз меҳру муҳаббати Ватани сотсиалистӣ буд, он диле, ки «қурбони роҳи Ватан шудан мехоҳад», мегуфт, 2-юми феврали соли 1945 аз тири фашистони манҳус абадӣ аз кор монд. Вале номи неки шоири ҷанговар ва оташини ватандӯст дар дили хонандагонаш абадӣ гашт».

Ҳабиб Юсуфӣ, ки ба масобаи шоири ҷанговар дар адабиёти мо шинохта шудааст, қабл аз ҷанг низ бо шеърҳои ватандӯстонааш машҳур буд. Аммо асарҳое, ки дар замони ҷанг аз қаламаш таровидаанд, дорои мазмун ва ғояи баланд буда, дар таърихи адабиёти мо ҷойгоҳи хос доранд. Шеъри нахустини ӯ, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод кардааст, «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ном дошта, то имрӯз ҳамчун гимни ватандӯстона садо медиҳад. Адиб дар ин шеър ба қаламаш руҷӯъ менамояд ва онро ба мудофиаи ватан фаро мехонад:

Вақти он аст,

Эй қалам,

Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст,

Эй сухан,

Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам,

Решааш буррӣ зи бех,

То расӣ,

Манҳус-анчарро кунӣ бешоху барг!

Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад, дили халқи азим,

То Ватанро дӯст дорад,   

Дӯст дорад то абад-

Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,

То фашистонро кунад,

Бо нафраташ гӯр оқибат!..

Шоир дар ин ҳангом як силсила шеърҳое навиштааст, ки, аз як сӯ, қаҳрамонию далерӣ, аз сӯи дигар, нафрати халқро нисбат ба фашистон ба таври барҷаста нишон медиҳанд.

Ӯ қудрату бузургии халқро дар шеъри «Таърих дидааст» ин гуна ба намоиш мегузорад:

Шамшери фатҳ ҷилва намуд аз ниёми халқ,

Афтад ҳар саре, ки накард эҳтироми халқ!..

Таърих дидааст ҳазорон ҳазор бор:

Барқ аст,

Оташ аст,

Бад аст интиқоми халқ.

Ҷаллоди халқ!

Бар-абас ин изтироби ту:

Мирад ҳазор чун туву монад мароми халқ.

Интиқом аз мавзӯъҳои асосӣ ва муҳимми ашъори шоирон дар замони ҷанг буд, зеро ҳамагон ташнаи интиқом буданд, ба душман нафрат меварзиданд, кинаву адоват доштанд. Шоирони тоҷик – М. Турсунзода, М.Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон ба ҳамин мавзӯъ шеърҳои махсус бахшидаанд. Шеъри «Интиқом»-и Ҳабиб Юсуфӣ яке аз беҳтарин шеърҳо дар ин мавзӯъ маҳсуб мешавад. Он ҷанбаи сафарбаркунандагӣ дошта, ҳамчун марши интиқом пеши чашм ҷилвагар мешавад. Ба қавли шоир:

Оре, ҳаёт, ишқ,

Садоқат, бародарӣ-

Чун модар,

Ин ҳама суханони муқаддасанд!

Лек, интиқом,

Ту ба ман ин дам зи ҳар сухан

-Қиматтару азиз,

Муқаддастару баланд!..

Дил ташнаи ҳарис бувад интиқомро

Бар интиқоми бошараф,

Бо интиқоми тез!..

Тавре ки гуфтем, мавзӯи асосии эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ на танҳо дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки пеш аз он низ ватан ва ватандӯстӣ буд. Агар мо ашъореро, ки дар ин мавзӯъ эҷод шудаанд, дар ин ҷо ҷамъ оварем ва мавриди таҳлил қарор бидиҳем, як рисола мешавад. Бинобар ин, мо бо овардани намунаҳо иктифо менамоем:

Офарин, сад офарин, эй номдорони ватан,

К-аз зафарҳои шумо гул кард даврони ватан.

«Ба қаҳрамони қутб»

 

Ҳон, душмани манфур!

Бидон, ин ватани мост!

Ин ҳастии мо, қуввату ҷон дар бадани мост!

«Ба душмани ватан-ҷосусони Тротскичӣ»

Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,

Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон.

«Ба ватан»

Бубин имрӯз он бехонумон дилро, ватан дорад

Чунон зебо ватан дорад, ки рашки сад чаман дорад.

«Ватани дил»

Бошад Ватани мо чамани донишу ирфон,

З-ӯ гашта муаттар чӣ? Димоғи маданийат.

«Чароғи маданият»

Бикаш даст аз домани ин ватан!

В-агарна ҷудо гардӣ аз ҷону тан…

«Туфу бар ту, эй гурги малъун, туфу!»

Фақат ин ҷост хуррамӣ, шодӣ,

Фақат ин ҷост шаъну озодӣ,

Фақат ин ҷост зиндагӣ озод,

Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод!

«Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод!»

Ҷудо шудам зи туву омадам ба кори Ватан,

Зи як диёри Ватан бар дигар диёри Ватан…

Ту дилбари ватанию ман аскари Ватанам,

Ба бозуи ману ту қувваи мадори Ватан.

«Мактуб аз Шарқи дур»

 

Чу ишқи ёру муҳаббат ба кору меҳри ватан,

Дигар матои гаронмоя нест дар бари дил.

«Раҳбарии ҷонон»

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд.

«Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд»

Бо лашкари сурх аст Ватан зуру тавоно,

Вай такягаҳу қувваи халқи Ватани мо.

«Таронаи лашкари сурх»

 

Чун шавад ҷанг-зидди ҷанг эълон

Ман кашам наъра, ки: Бизан акнун!

Ман-мубориз

Чунон занам ҷавлон,

Он замон ту маро тамошо кун!

«Он замон ту маро тамошо кун»

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи шеърҳое, ки Ҳабиб Юсуфӣ, пеш аз ҷанг ва замони ҷанг, навиштааст, дар маҷмӯъ, як ватанномаи мукаммалро ташкил медиҳанд. Онҳо бо забони содаву равон ва басо самимӣ иншо шудаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳоро бояд ба таври алоҳида гулчину баррасӣ карда, дар китоби ҷудогона нашр намуд. Аз онҳо ҷавонони имрӯз метавонанд дарси ватандорӣ, бедорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ биёмӯзанд. Хусусан, аз рубоиҳои ӯ, ки ба мавзӯи ватан ихтисос дода шудаанд. Аммо, ба фикри мо, шеъри «Ишқи Ватан»-и шоирро чун шеъри «Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем»-и Фирдавсӣ бояд ҳамагон аз ёд донанд ва чун гимни ватандӯстона ҳамвора ва дар ҳама ҷо хонанд. Воқеан, он аз шоҳкориҳои на танҳо Ҳабиб Юсуфӣ, балки адабиёти дирӯз ва имрӯзи тоҷик маҳсуб мешавад. Лиҳозо, донистани он барои ҳамагон ҳам қарз асту ҳам фарз:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам,

Ватанро бинозам, маро дар канор

Чу модар гирифту намуд бахтёр.

Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,

Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст…

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Агар хасми мо қасд бар мо кунад,

Дари шӯришу фитнаро во кунад,

Биҷангем чандон барои Ватан,

Ки душман шавад зери пои Ватан…

          Ҷамолиддин  Саидзода,

Адабиётшинос

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube