Дар газетаи мардумии СССР, №44 аз 30.10.2025 мақолаи Абдулло Холмаҳмади Чархӣ аз ноҳияи Рудакӣ, зери сарлавҳаи “Ман иштибоҳ кардам ё иштибоҳ рафта?” дар барои 3580 адад байт кам будани “Шоҳнома”- и Абулқосими Фирдавсӣ дар нусхаи туҳфавии Пешвои Миллат сухан мерафт. Дар шумораи №45 аз 06.11.2025 ҳамин муаллиф аз кам будани 6609 адад байт ишора менамояд. Дар шумораи №49 аз 04.12.2025 зери сарлавҳаи “Шоҳнома”- чаро касе камбудро шарҳ намедиҳад?” Саймурод Носиров аз шаҳри Кӯлоб масъала бардошта буд, ки дар он аз кам будани 6609 адад байт сухан мерафт ва талаб намудааст, ки муаллифон ва масъулини нашри ин китоб ба мардум ин норасоиҳоро шарҳ диҳанд. Ин аз масъулияти баланди муаллифон нисбати фарҳанги миллат дарак медиҳад. Мутаассифона, шарҳи ин масъала то ҳанӯз дар ҳафтанома инъикоси худро наёфтааст.
Аз муаллифони зикршуда хоҳиш менамоям, ки аз китоби “Шоҳнома”- ҷилди як, соли 1987 (“Шоҳнома”- и нуҳҷилдаи институти шарқшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон), пешгуфтори Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрориро аз 15.01.1986 “Дар бораи “Шоҳнома”, нусхаҳои асосӣ ва нашрҳои комили он” саҳифаҳои аз 5 то 14 ва “Пешгуфтори нахустин нашри комили “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ дар Тоҷикистон”, ки онро олими намоёни тоҷик Абдуғанӣ Мирзоев навиштааст (ҳамин китоб саҳифаҳои аз 15 то 20) мутолиа намоянд.
“Шоҳнома”, туҳфаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон моҳи январи соли 2026 ба мардуми ноҳияи Мастчоҳ дастрас гардид, ки ман ҳам соҳиби ин туҳфа гардидам. Хушбахтона, дар китобхонаи шахсии ман, китоби нуҳҷилдаи “Шоҳнома” ва фарҳанги мухтасари он мавҷуд буд. Худи ман ҳам эътимод надоштам, ки байтҳои дар китоби нуҳҷилда ҷойдошта дар 2 ҷилд ғунҷоиш ёбад. Бинобар ин ман тасмим гирифтам, ки ҳарду китобро муқоиса намоям. Баъди таҳлилу бозҳисоб муайян гардид, ки миқдори байтҳо дар китоби туҳфаи Пешвои Миллат нисбати китоби нуҳҷилда наздик ба 600 адад байт зиёд аст. Ҳамаи достонҳо, сарлавҳаҳо ва мавзуъҳо дар ҳарду китоб инъикоси худро ёфтаанд.
Китоби туҳфаи Пешвои Миллат аз тарафи Мубашшир Акбарзод тасҳеҳу такмил шудааст ва ба ин олими пуркору ҳамкоронаш изҳори ташаккур менамоям.
Ба КВД КТН “Шарқи озод” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва колективашон барои бо сифати баланд чоп намудани ин шоҳасар ва вожаномаи мухтасар дар ду ҷилд миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Аз руи бозҳисобии камина миқдори байтҳои “Шоҳнома” дар ҷадвал оварда шудаанд, ки чунин аст (нигаред ба ҷадвали зер):
Баъзе омор оиди миқдори байтҳои “Шоҳнома” – и А. Фирдавсӣ
| Рақами китобҳо ва соли барориш | Миқдори байтҳои “Шоҳнома” | Миқдори сарлавҳаҳо ва мавзӯъҳо | ||
| Аз пушгуфтори Абдуғанӣ Мирзоев, соли 1987 | Аз туҳфаи Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 | Бозҳисобии китоби нуҳҷилда аз ҷониби тартибдиҳанда | ||
| Рақами №1 соли 1987 | 5279 | 5269 | 5280 | 111 |
| Рақами №2 соли 1987 | 3475 | 3478 | 3475 | 59 |
| Рақами №3 соли 1988 | 5926 | 5946 | 5910 | 132 |
| Рақами №4 соли 1988 | 4660 | 4780 | 4662 | 95 |
| Рақами №5 соли 1989 | 5833 | 5970 | 5843 | 115 |
| Рақами №6 соли 1989 | 6386 | 6470 | 6381 | 130 |
| Рақами №7 соли 1989 | 7684 | 7706 | 7656 | 173 |
| Рақами №8 соли 1990 | 7225 | 7215 | 7132 | 120 |
| Рақами №9 соли 1991 | 5674 | 5885 | 5756 | 107 |
| Ҷамъ | 52142 | 52719 | 52095 | 1042 |
Эзоҳ: 1) Эҳтимоли хатоиҳои бозҳисобӣ аз 0,01% зиёд нест.
2) Дар шумораи байтҳои китобҳои нуҳҷилда овардашуда – байтҳои иловагии дар поварақаҳои ин китобҳо чоп шуда дохил нестанд.
3) “Шоҳнома” аз 50 подшоҳи Аҷам – (аз Қаюмарс то Яздгирд) маълумот медиҳад. Муддати подшоҳии Заҳҳок – 1000 сол, Ҷамшед – 700 сол, Фаридун – 500 сол, Кайковус – 150 сол, Манучеҳру Луҳроспу Гуштосп – 120 солӣ, Кайкубод 100 сол аст. Инчунин Фаррухзод 1 моҳ, Фароини Гуроз 50 рӯз подшоҳӣ кардаанд.
Давлатбег Тутиев,
тартибдиҳандаи ҷадвал ва бозҳисобӣ,
нафақахӯри 80 сола аз ноҳияи Мастчоҳ
Тел: 92 750 8582
