Хотираи журналистони терроршуда абадист

Мо агар дар хусуси қотилию табоҳкориҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар нависем, боз ҳам кам аст. Зеро ин ташкилоти хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтиҳо овард, ки халқи тоҷик дар тули таърих надида буд.

 Бояд таъкид кард, ки миллати тамаддунофар ва фарҳангии тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъият гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои сарварону аъзоёни ТТЭ ҲНИ набуд.

Аммо агар халқи тоҷик дар қарнҳои қаблӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони аҷнабӣ дучори ин гуна ҳолатҳо мегардид, дар замони аввали истиқлолият маҳз тавассути «ҷаҳд»-у «талош»-и нохудогоҳон, худбохтагон, аҷнабигароён ва девонамаобони наҳзатӣ, ки ҳамагӣ зодагони ин марзу бум буданд, ба гирдоби нооромию бадбахтӣ афтод. Чунин амалҳои разилонаи наҳзатиҳо дастур ва супориши хоҷагони онҳо буда, ба хотири задани теша ба решаи миллати мо ва аз байн бурдани давлате бо номи Тоҷикистон буд, на чизи дигар.

 Дар ин раванд, саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ ба хотири ба даст овардани давлату сарват манфиатҳои кӯчаки хешро пеш гузошта, манофеи умумимиллию умумидавлатиро сарфи назар ва поймол карданд. Онҳо мехостанд, ки ба кулли таъриху фарҳанг ва илму адаби гузаштаи дури халқи куҳанбунёди мо хати батлон зада, ин марзу бумро ба биёбони хушку холӣ ва беҳосил табдил диҳанд. 

Террористони наҳзатӣ пеш аз ҳама озодандешону равшанфикрон ва кулли ашхосеро, ки барои ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ камари ҳиммат баста буданд, бераҳмона ба қатл мерасониданд.

 Террори аҳли зиё

Ин ифротиён сараввал ба қатлу куштори олимону журналистон, ки аз тамоми сирру асрори хиёнаткориҳо, душманиҳо ва пиниҳонкориҳояшон ба пуррагӣ огоҳ буданду метавонистанд онҳоро ифшо кунанд, даст заданд.  Бо супориши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, ҷаллодони   ташкилоти террористии мазкур олимону рӯзноманигоронро ба қатл мерасониданд.

 Дар ин матлаб танҳо аз 1 рӯзноманигори маъруфи кишвар ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи ин ҷаллодон ба қатл расонида шудааст.

Ин рӯзноманигорони воқеъбин Ҷунайдулло Халифа – мухбири рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ»-и собиқ ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буд, ки моҳи феврали соли 1993 дар шаҳри Бохтар аз ҷониби террористони ТТЭ ҲНИ ваҳшиёна ба қатл расид.

Ҳамин тавр, куштори чандин журналисти маъруфи дигар, аз қабили Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби номвар Сайф Раҳимзод аз рӯйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва бо супориши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ созмон дода шудааст. Қотилони ҷинояткори наҳзатӣ зиёиёну журналистони ватандӯсту прогрессивиро мавриди таъқибу фишор қарор дода, аз байн мебурданд. Бо ин роҳ дар байни мардум даҳшату тарсро паҳн карда, ба ҷойи илму маърифат зулмоту торикиро ҷой медоданд.

 Дар таърихи Тоҷикистон аз журналист Ҷунайдулло Халифа номи нек боқӣ мондааст. Чунки рисолати касбӣ ва масъулияти ҳамешагии журналистон дар ҷомеа – инъикоси воқеият ва интишори иттилооти саҳеҳ мебошад. Журналист муваззаф аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву дидгоҳи шахсӣ ва аҳдофу манофеаш ҳақиқатро инъикос намояд. Ахбору матлабҳои интишоркардаи журналист бояд дар заминаи манбаъҳо ва маъхазҳои эътимодноки иттилоотӣ таҳия гардад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад масъулияти касбиашро дар назди ҷомеа ва халқ адо карда тавонад.

Аммо саркардагону аъзоёни бешарафи ТТЭ ҲНИ бо мақсади амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ғаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили миллату меҳани худ баромад менамоянд ва то имрӯз амалҳои таҳрикдиҳандаи муноқишаҳо ва моҷароҳоро роҳандозӣ мекунанд.

 Х. Раҷабалиев,

Пажуҳишгар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube